Моддаи 50-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об
1.Ҳуқуқи истифодаи об бо усусли зайл қатъ мегардад:
-бекор кардан ё боздоштани амали иҷозати истифодаи махсуси об;
-кашида гирифтани иншооти об, ки барои истифодаи ҷудогона дода шудааст.
2.Истифодаи баъдинаи об имкон дорад бо қарори истифодабарандаи аввалаи об ва бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, ки барои истифодаи махсуси об иҷозат додааст, қатъ карда шавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)