Моддаи 22-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Нигох доштани минтакахои хифзи об дар холати мусоид
Дар холати мусоид нигох доштани минтакахои хифзи об бо риояи низоми истифодаи худуди онхо ба зиммаи рохбарони иттиходияхо, ташкилоту хочагихо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, инчунин ба шахрвандоне, ки заминхои корами дар худуди минтакахои хифзи об чойгирифта дар истифодаи онхо карор доранд, гузошта мешавад. Дар минтакахои хифзи об истифодаи моддахои кимиёви, ичрои корхо ва чойгир кардани объектхое, ки ба холати об таъсири зараровар мерасонанд, манъ карда мешавад.