Моддаи 12-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мақомоти назорати давлатии танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об
1.Назорати давлатии истифода ва ҳифзи об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об амалӣ гардонида мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)
2.Мақомоти мазкур ва ваколатҳои он аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.