Моддаи 184-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тартиби пешниҳоди эътироз ё шикояти назоратӣ
- Эътироз ё шикояти назоратӣ бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ, ки ҳуқуқи аз нав баррасӣ кардани қарорҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаро дорад, пешниҳод карда мешавад.
- Эътироз ё шикояти назоратӣ ба қарорҳои судии зерин пешниҳод мегарданд:
– оид ба таъиноти суди марҳилаи кассатсионии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе оид ба таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳр ва ноҳия – мутаносибан ба Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе;
– оид ба таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, оид ба таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе, агар ин таъинот ё қарор дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии кассатсионӣ қарор нагирифта бошад, оид ба қарори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе, оид ба таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар онҳо ба тариқи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифта бошанд – ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– нисбати таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.