Главная / Чамъият / Тартиби пешниходи эътироз ё шикояти назорати

Тартиби пешниходи эътироз ё шикояти назорати

Моддаи 184-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Тартиби пешниходи эътироз ё шикояти назорати 

  1. Эътироз ё шикояти назорати бевосита ба суди мархилаи назорати, ки хукуки аз нав барраси кардани карорхои судии эътибори конуни пайдокардаро дорад, пешниход карда мешавад.
  2. Эътироз ё шикояти назорати ба карорхои судии зерин пешниход мегарданд:

– оид ба таъиноти суди мархилаи кассатсионии Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе оид ба таъинот ва карори эътибори конуни пайдокардаи судхои шахр ва нохия – мутаносибан ба Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти ва шахри Душанбе;

– оид ба таъинот ва ё карори эътибори конуни пайдокардаи судхои шахру нохияхои тобеи чумхури, оид ба таъинот ва ё карори эътибори конуни пайдокардаи Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти ва шахри Душанбе, агар ин таъинот ё карор дар Суди Олии Чумхурии Точикистон мавриди баррасии кассатсиони карор нагирифта бошад, оид ба карори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти ва шахри Душанбе, оид ба таъинот ва ё карори эътибори конуни пайдокардаи Суди Олии Чумхурии Точикистон, агар онхо ба тарики кассатсиони мавриди барраси карор нагирифта бошанд – ба коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон;

– нисбати таъиноти коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон – ба Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …