Моддаи 45-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Рад кардани коршинос
- Коршинос дар ҳолатҳои зерин наметавонад дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок кунад:
– ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар қисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида;
– агар ӯ таҳти вобастагии хизматӣ ё дигар вобастагии мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ё прокурор, судя, шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ҳимоятгар ё ҷабрдида ё намояндагони онҳо қарор дошт ё қарор дошта бошад;
– агар ӯ оид ба ҳамин парванда санҷиш (ревизия) анҷом дода бошад;
– дар ҳолати ошкор гардидани бесалоҳиятии ӯ.
- Иштироки қаблии коршинос дар парванда ба сифати мутахассис ва ё ба сифати коршинос барои рад кардани ӯ асос шуда наметавонад.
- Масъалаи рад кардани коршинос бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 44 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.