Моддаи 45-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Рад кардани коршинос
- Коршинос дар холатхои зерин наметавонад дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури иштирок кунад:
– хангоми мавчуд будани асосхои дар кисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида;
– агар у тахти вобастагии хизмати ё дигар вобастагии макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) ё прокурор, судя, шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, химоятгар ё чабрдида ё намояндагони онхо карор дошт ё карор дошта бошад;
– агар у оид ба хамин парванда санчиш (ревизия) анчом дода бошад;
– дар холати ошкор гардидани бесалохиятии у.
- Иштироки каблии коршинос дар парванда ба сифати мутахассис ва ё ба сифати коршинос барои рад кардани у асос шуда наметавонад.
- Масъалаи рад кардани коршинос бо тартиби пешбининамудаи кисми 5 моддаи 44 Кодекси мазкур хал карда мешавад.