Моддаи 98-и Кодекси оила. Ухдадории писарандар ва духтарандар оиди таъминоти падарандар ва модарандар
- Падарандар ва модарандари корношоями мухточе, ки писарандар ва духтарандари худро тарбия ва нигохубин кардаанд, агар онхо аз фарзандони болиги кобили мехнат ё хамсари (хамсари собики) худ таъминот гирифта натавонанд, хукук доранд аз писарандар ё духтарандари болиги кобили мехнат, ки маблаги зарури доранд, ба тартиби суди таъминот талаб намоянд.
- Суд хукук дорад писарандар ва духтарандарро аз вазифаи таъмин кардани падарандар ё модарандар озод кунад, агар падарандар ё модарандар онхоро на камтар аз се сол тарбия ва таъмин карда бошанд, инчунин агар онхо ухдадорихои худро вобаста ба тарбияи писарандар ва духтарандар номатлуб анчом дода бошанд.