Моддаи 109-и Кодекси оила. Мувакаттан ситонидани алимент
- Аз руи парвандахо дар бораи ситонидани алимент суд хукук дорад, ки то эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд дар бораи ситонидани алимент ва дар сурати барои кудакони ноболиг ситонидани алимент – то кабул гардидани халнома дар бораи ситонидани алимент оиди мувакаттан ситонидани алимент карор барорад.
- Андозаи алименти муваккатан ситонидашавандаро суд бо назардошти вазъи модди ё оилавии тарафхо муайян менамояд. Андозаи алименти муваккатан барои таъминоти кудакони ноболиг ситонидашаванда мутобики моддаи 81 хамин Кодекс муайян карда мешавад.