Моддаи 304-и Кодекси Меҳнат. Амали созишнома
- Созишнома аз рўзи имзо шудани он аз ҷониби тарафҳо ва ё аз рўзи дар созишнома муқарраршуда эътибор пайдо мекунад. Давраи амал ва муҳлати бастани созишномаро тарафҳо муайян мекунанд.
- Созишнома доираи кормандонеро, ки дар созишнома муайян карда шудааст, фаро мегирад.