Моддаи 258-и Кодекси Мехнат. Амали намудани хукуки маъюбон ба мехнат
- Маъюбон дар сурати доштани тавсияхои мехнати, ки аз чониби макомоти ваколатдори давлати дода шудаанд, хукуки бо корфармо бастани шартномаи мехнатиро бо шартхои оддии мехнат ё дар ташкилотхои махсусгардонидашуда, ки мехнати маъюбонро истифода мекунанд, доранд.
- Даст кашидан аз бастани шартномаи мехнати, гузаронидани маъюб ба кори дигар, тагйир додани шароити мехнат бо сабаби маъюб будан рох дода намешавад, ба истиснои холатхое, ки мутобики хулосаи тибби холати саломатии у барои ичрои ухдадорихои мехнати монеаги мекунад ё ки ба саломатии у ва ё бехатарии мехнати дигар шахсон тахдид мекунад.