Моддаи 259-и Кодекси Андоз. Меъёри андоз
- Меъёри андоз аз фурӯш барои алюминийи аввалия нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 258 Кодекси мазкур ба андозаи 3 фоиз муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
- Меъёри андоз барои фурўш нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисми 4 моддаи 258 Кодекси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.