ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2017
(Фармони Президенти ҶТ аз 3.09.2016 № 750)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон медиҳам (Фармони Президенти ҶТ аз 3.09.2016 № 750):
- Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Иҷрои Барномаи мазкур ба зиммаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ гузошта шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 3.09.2016 № 750).
- Назорати иҷрои Барномаи мазкур ба зиммаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
5 январи соли 2015 № 327