Главная / Илм / ДАВРАИ ИНКУБАТСИЯ

ДАВРАИ ИНКУБАТСИЯ

davrai-inkubatsioniДАВРАИ ИНКУБАТСИЯ (Periodus incubationis), давраи ниҳонӣ, фосилаи вақтест аз лаҳзаи сироят ёфтани одам (аз бемориҳои сироятӣ) то зоҳир шудани аломатҳои аёни беморӣ. Д. и.-ро марҳалаи ниҳонии беморӣ низ меноманд, чунки одам дар ин маврид зоҳиран солим аст.
Давомоти Д. и. ҳангоми бемориҳои гуногун як хел нест (аз чанд соат то чанд моҳ ва ҳатто чанд сол), мас., барои домана аз 3 то 25 рӯз, барои грипп аз чанд соат то 3 рӯз, барои сурфакабутак аз 2 то 15 рӯз. Давомоти Д. и. ба миқдори микробҳои ба организм дохилшуда, дараҷаи бемориоварии онҳо ва чигунагии муқобилати организм вобаста аст.
Донистани хусусияти Д. и.-и беморӣ аҳамияти калони амалӣ дорад. Мӯҳлати муқаррар кардани карантин, ҷудо нигоҳ доштани одамоне, ки бо бемор тамос доштанд, инчунин андешидани диг. тадбирҳои зарурӣ ба давомоти Д. и. вобаста аст. Ҳангоми баъзе бемориҳо одам ангезандаи бемориро дар охири Д. и. паҳн карда, боиси сирояти атрофиён мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …