Главная / Илм / ДАВРАИ ИНКУБАТСИЯ

ДАВРАИ ИНКУБАТСИЯ

davrai-inkubatsioniДАВРАИ ИНКУБАТСИЯ (Periodus incubationis), давраи нихони, фосилаи вактест аз лахзаи сироят ёфтани одам (аз беморихои сирояти) то зохир шудани аломатхои аёни бемори. Д. и.-ро мархалаи нихонии бемори низ меноманд, чунки одам дар ин маврид зохиран солим аст.
Давомоти Д. и. хангоми беморихои гуногун як хел нест (аз чанд соат то чанд мох ва хатто чанд сол), мас., барои домана аз 3 то 25 руз, барои грипп аз чанд соат то 3 руз, барои сурфакабутак аз 2 то 15 руз. Давомоти Д. и. ба микдори микробхои ба организм дохилшуда, дарачаи бемориоварии онхо ва чигунагии мукобилати организм вобаста аст.
Донистани хусусияти Д. и.-и бемори ахамияти калони амали дорад. Мухлати мукаррар кардани карантин, чудо нигох доштани одамоне, ки бо бемор тамос доштанд, инчунин андешидани диг. тадбирхои зарури ба давомоти Д. и. вобаста аст. Хангоми баъзе беморихо одам ангезандаи бемориро дар охири Д. и. пахн карда, боиси сирояти атрофиён мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …