Главная / Илм / ҒӯЗАХОР

ҒӯЗАХОР

cnicus-benedictusҒӯЗАХОР (Cnicus benedictus), хори гургак, як навъ гиёҳ. Аз 5 то 70 см қад мекашад. Пояаш рост, 5 – қирра, сершох, часпак. Баргаш дарозрӯя (то 20 см), паррадор, серпат ва хорнок. Гулаш майдаи найчашакл, зардтоб. Хӯшагулаш «сабадак». Тухмаш дорчинии зардча, байзашакл ё махрутшакл. Апр. – июн гул карда тухмаш июл – авг. мерасад. Ғ. бештар дар заминҳои партов, лалмӣ, назди иқоматгоҳ, канори роҳ, баъзан киштзор мерӯяд.
Баргу поя ва сабадаки Ғ.-ро дар давраи гулшукуфт меғундоранд. Дар ҷои соя хушконда мешавад. Нақеъ ва қиёми он барои тақвияти кори узвҳои ҳозима, чун доруи мушаҳҳӣ ва бодрон нафъ дорад. Нақеъи Ғ.-ро ҳангоми заъфи узвҳои ҳозима (боди шикам, қабзият, заъфи рӯда, захми меъдаву рӯда), бемориҳои ҷигар, заъфарма, хафақон, камхунӣ, обхӯра, зиқи нафас ва ғ. тавсия медиҳанд. Табибони халқӣ бо ҷӯшоби Ғ. илтиҳоби шуш, сурфаи хушк, гулӯзиндонак, ниқрис ва ғ.-ро табобат мекунанд. Талқони Ғ. барои муолиҷаи саратон, хусусан саратони ғадудҳои олоти таносул, нофеъ аст. 1,5 қошуқ алафи онро дар 2 истакон оби ҷӯш андохта, дар муддати як шаборӯз кам-кам меошоманд. Духтурони гомеопат Ғ.-ро ҳангоми амрози ҷигар, зардпарвин, истисқо (обварам) кор мефармоянд.
Тадқиқи хосиятҳои фармакологии книтсин, ки аз баргу пояи Ғ. ҷудо карда шудааст, давои иштиҳоовар будани онро исбот намуд; вояи зиёди он боиси сӯзиш, қай, хала ва исҳол мешавад. Дар тиб доруҳои Ғ.-ро чун давои иштиҳоовар ва ҳазми хӯрок истифода мебаранд. Дар барги Ғ. 26 мг% витамини С ёфт шудааст.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями., М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …