Главная / Илм / ГуЗАХОР

ГуЗАХОР

cnicus-benedictusГуЗАХОР (Cnicus benedictus), хори гургак, як навъ гиёх. Аз 5 то 70 см кад мекашад. Пояаш рост, 5 – кирра, сершох, часпак. Баргаш дарозруя (то 20 см), паррадор, серпат ва хорнок. Гулаш майдаи найчашакл, зардтоб. Хушагулаш «сабадак». Тухмаш дорчинии зардча, байзашакл ё махрутшакл. Апр. – июн гул карда тухмаш июл – авг. мерасад. Г. бештар дар заминхои партов, лалми, назди икоматгох, канори рох, баъзан киштзор меруяд.
Баргу поя ва сабадаки Г.-ро дар давраи гулшукуфт мегундоранд. Дар чои соя хушконда мешавад. Накеъ ва киёми он барои таквияти кори узвхои хозима, чун доруи мушаххи ва бодрон нафъ дорад. Накеъи Г.-ро хангоми заъфи узвхои хозима (боди шикам, кабзият, заъфи руда, захми меъдаву руда), беморихои чигар, заъфарма, хафакон, камхуни, обхура, зики нафас ва г. тавсия медиханд. Табибони халки бо чушоби Г. илтихоби шуш, сурфаи хушк, гулузиндонак, никрис ва г.-ро табобат мекунанд. Талкони Г. барои муоличаи саратон, хусусан саратони гадудхои олоти таносул, нофеъ аст. 1,5 кошук алафи онро дар 2 истакон оби чуш андохта, дар муддати як шаборуз кам-кам меошоманд. Духтурони гомеопат Г.-ро хангоми амрози чигар, зардпарвин, истиско (обварам) кор мефармоянд.
Тадкики хосиятхои фармакологии книтсин, ки аз баргу пояи Г. чудо карда шудааст, давои иштихоовар будани онро исбот намуд; вояи зиёди он боиси сузиш, кай, хала ва исхол мешавад. Дар тиб дорухои Г.-ро чун давои иштихоовар ва хазми хурок истифода мебаранд. Дар барги Г. 26 мг% витамини С ёфт шудааст.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями., М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …