Главная / Илм / ГЕМОТОРАКС

ГЕМОТОРАКС

gemotoraksГЕМОТОРАКС (Haemothorax; аз гемо… ва юн. thorax – сандуқи сина), дар ҷавфи плевра (пардаи шуш) ғун шудани хун. Бисёр вақт дар натиҷаи хуншории дохилӣ ҳангоми осеби пӯшида ё кушодаи сина, баъди ҷарроҳии узвҳои сандуқи сина, гоҳо дар мавриди омосҳои саратонии шушпарда, шуш, сили аъзои нафас ва диг. бемориҳо пайдо мешавад. Г. дар аксар ҳолатҳо бо пневмоторакс ҳамроҳӣ мекунад.
Оқибати беморӣ ба миқдори хуни ҷамъшуда вобаста аст. Дар сурати кам будани хун сандуқи сина каме дард карда, мариз месурфад. Вобаста ба афзудани хуншорӣ сианоз, дамкутоҳӣ, тахикардия, паст шудани фишори артерия, кандани ранги рӯ ба мушоҳида мерасад; ӯ маҷбур мешавад дар ҳолати нимнишаст қарор гирад. Бардавом будани хуншорӣ ва афзоиши Г. метавонад бо фавти мариз анҷомад.
Дар мавриди гумон бурдан аз Г. маризро бетаъхир дар шӯъбаи ҷарроҳӣ бистарӣ кардан лозим аст. ӯро дар ҳолати нимнишаст ба беморхона меоранд. Табобати Г. аз пунксияи шушпарда бо сӯзани ғафс, аспиратсияи хун, хунгузаронӣ иборат аст. Дар сурати идома ёфтани хуншорӣ ва афзудани Г., мариз оҷилан ҷарроҳӣ карда мешавад. Агар ҷараёни беморӣ сабук бошад, онро метавон бо дору табобат кард.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …