Главная / Илм / ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ВАСОИТИ ХИМИЯВИИ РӯЗГОР

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ВАСОИТИ ХИМИЯВИИ РӯЗГОР

zahroludi-az-vasoiti-himiyavii-ruzgorЗАҲРОЛУДӣ АЗ ВАСОИТИ ХИМИЯВИИ РӯЗГОР. Ҳар як соҳибхона анвои гуногуни маводи химиявиро дорад. Истифодаи нодурусти маводи мазкур ё истеъмоли онҳо бо мақсади мастӣ метавонад сабаби заҳролудии вазнин гардад.
Воситаҳои химиявии рӯзгор мувофиқи таъиноташон ба чанд гурӯҳ тақсим мешаванд: косметикӣ, доғбар, инсектисидҳо, васоити шустушӯ, локу ранг ва ғ.
Гурӯҳи асосиро воситаҳои косметикӣ – лосёнҳо, атриёт, маводи мӯи сар ва ғ. ташкил медиҳанд. Дар таркиби онҳо спирти этил, амил ва бутил мавҷуданд, ки ба системаи асаб таъсири ногувор мерасонанд. Дар сурати ба организм роҳ ёфтани моддаҳои мазкур мумкин аст ҳолати вазнини заҳролудӣ бо ихтилоли нафаскашӣ ва кори дил ба вуқӯъ ояд. Ҳатто дар ҳолатҳои сабуки он низ дарди сар, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, ихтилоли кори меъдаю рӯда (исҳол, дарди шикам) ба назар мерасанд.
Инсектисидҳоро дар рӯзгор барои нест кардани ҳашарот (ниг. Тахтакана, Нонхӯракҳо) истифода мебаранд. Хлорофос ва карбофос бештар маъмуланд. Онҳо ба пайвастҳои органикии фосфор мансуб буда, боиси заҳролудии шадид ва музмин мегарданд.
Воситаҳое, ки ба муқобили ҳашароти зараррасони паррандагон кор мефармоянд («Тайга», «Ангара» ва ғ.), дар таркиб диметилфталат доранд. Диметилфталат дар организм ба спирти метил табдил меёбад. Спирти метил ба маҳсули бағоят заҳрнок – кислотаи мӯрча ва формалдегид таҷзия мешавад, ки сабаби халал ёфтани фаъолияти асабҳои марказӣ мегарданд. Ҳангоми тасодуфан нӯшидани ин моддаҳо (зиёда аз 50 мл) мадҳушӣ ва буғӣ шудан рух медиҳад. Одатан, дар ин сурат асаби босира зарар ёфта, ба нобиноии пурра оварда мерасонад.
Кислотаҳое, ки дар рӯзгор фаровон истифода мешаванд, заҳролудии вазнинро ба вуҷуд меоранд. Мас., маҳлули 80-фоизаи кислотаи сирко ва кислотаи хлорид ба таркиби моеъ барои шустани ванна дохил мешаванд; кислотаи карболат ва оксалат ҷузъи таркибии маводи зангбар аст. Аз ишқорҳо содаи каустикӣ, спирти навшодир (маҳлули обии аммиак), ишқори калий бештар хавфнок мебошанд. Ғайр аз ин, маҳлули ишқорҳо ба таркиби васоити муҳими рӯзгор – нитхинол, персол ва ғ. дохил мешаванд. Аксарияти онҳо беранг буда, баъзеашон бӯй ҳам надоранд. Аз ин сабаб онҳоро набояд бо хӯроквориҳо якҷоя нигоҳ дошт. Хусусан бисёр вақт кӯдакон қурбони чунин беэҳтиётӣ мегарданд.
Баъди ба организм афтодани кислота ё ишқори қавӣ дар даҳону гулӯ ва роҳи нафас дарди сахт пайдо мешавад. Сӯхтани пардаи луобӣ боиси варам ва ихроҷи барзиёди оби даҳон гашта, дарди сахт қобилияти фурӯ бурданро нест мекунад. Имкон дорад, ки оби даҳон ба роҳи нафас гузарад ва одам буғӣ шавад.
Дар ин ҳолат фавран ёрии таъҷилии тиббиро даъват кардан лозим аст. То омадани духтур ба қошуқча дока печонида, даҳони шахси осебдидаро тоза мекунанд. Агар нишонаҳои нафастангӣ падид оянд, нафаси сунъӣ (беҳтараш бо усули даҳон ба бинӣ) медиҳад, чунки сӯхтани луобпардаи даҳон истифодаи дигар усулҳоро аз имкон берун месозад.
Дар одамоне, ки аз кислота ва ишқорҳо заҳролуд гаштаанд, қай бо омехтаи хун, гоҳ-гоҳ хунравии зиёд мушоҳида мешавад. Дар ин сурат шустани меъда қатъиян манъ аст, зеро он метавонад боиси афзудани қай ва ба роҳи нафас афтодани кислотаю ишқорҳо гардад. Бо ёрии найчаи махсус шустани меъдаро, ки дар ин маврид тавсия шудааст, фақат метавонад корманди тиб иҷро намояд. Ба осебдида 2 – 3 истакон об (беҳтараш бо ях) менӯшонанд. Бо ин роҳ моддаи ба организм афтодаро рақиқ ва таъсири сӯзони онро кам кардан мумкин аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ кӯшиши аз байн бурдани таъсири моддаи заҳрнок, яъне додани сода ва ё чизи дигар ҷоиз нест. Зеро дар натиҷаи таъсири мутақобилаи онҳо гази карбонат бисёр ҷудо шуда, меъдаро васеъ ва дарду хунравиро меафзояд.
Баъзе кислотаҳо, аз ҷумла кислотаи сирко, ба хун гузашта, ҳуҷайраҳои сурхи он – эритроситҳоро вайрон мекунанд; организм аз ноқили асосии оксиген – гемоглобин маҳрум мегардад; фаъолияти узвҳои ҳаётан муҳим халал меёбад (мас., нуқси шадиди гурда сар мезанад). Дар ашхоси гирифтори сӯхтагии вазнин мумкин аст ҳолати шок ба миён ояд; дар баъзе мавридҳо нафастангӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Ин гуна беморонро, бо кадом нақлиёте набошад, фавран ба бемористон фиристодан зарур аст.
Кислота ё ишқореро, ки ба пӯст, луобпардаи чашм ё лабҳо рехтааст бо оби бисёр (1 – 2 л) мешӯянд. Кислотаи оксалат (ба таркиби баъзе васоити шӯянда дохил аст) баъди ба организм роҳ ёфтан, боиси иллати шадиди гурда мешавад. Дар ин сурат дар ҷӯякчаҳои гурда намакҳо таҳшин гашта, онҳоро руст мекунанд.
Таркиби маводе, ки барои тоза кардани доғи равған истифода мешаванд, аз карбогидридҳои хлорнок (трихлорэтилен, чорхлориди карбон) иборат аст. Агар онҳо ба организм роҳ ёбанд,ба ҷигару гурдаҳо зарар мерасонанд. Хусусан таъсири ин заҳрҳо ба одамони маст зиёд аст.
Ҳангоми заҳролудӣ аз рангҳои анилинӣ хун вайрон шуда, аз ӯҳдаи интиқоли оксиген намебарояд. Дар натиҷа пӯсту пардаҳои луобӣ кабуди хокистарӣ, хун бошад, қаҳваранг мешавад.
Дар сурати заҳролудӣ аз васоити химиявии рӯзгор даъват намудани духтури ёрии таъҷилӣ ҳатмист. То омадани духтур, агар бемор баҳуш бошад, ӯро ба қай водор бояд кард (ба истиснои заҳролудӣ аз кислота ва ишқорҳо). Беморони беҳушро парӯ хобонда (бе болишт), рӯи онҳоро ба тарафе бармегардонанд (маводи қай ба роҳи нафас намеафтад).
Ҳангоми фурӯ рафтани забон агар ҷоғҳои болою поён ба якдигар ҷафс шуда, ба нафаскашӣ монеъ шаванд, сари беморро боэҳтиёт ба ақиб бурда, ҷоғи поёнро ба пеш ва боло мекашанд то ки осебдида бо бинӣ нафас кашида тавонад.
Воситаҳои химиявии рӯзгор барои зиндагӣ ниҳоят зарур мебошанд, вале онҳоро эҳтиёткорона истифода бояд бурд. Ҳар моддаи химиявие, ки барои истеъмол тавсия мешавад, дорои тамғакоғаз ва дастур буда, дар он тарзи истифода ва нигоҳдошт навишта шудааст. Дастурро бояд бодиққат омӯхт ва нишондоди онро қатъиян риоя намуд. Воситаи мазкурро дар зарфҳои дигар, махсусан дар зарфҳои аз машрубот, дору ва озуқаворӣ холишуда, инчунин дар ҷойҳои ба кӯдакон дастрас нигоҳ доштан манъ аст. Моддаҳои заҳрнокро дар зарфҳои хӯрок ё ошпазӣ ҳал кардан мумкин нест. Инчунин захираи зиёди моддаҳои химиявии рӯзгорро дар хона набояд нигоҳ дошт. Махсусан ин ба пайвастҳои органикии фосфор ва моддаҳое мансубанд, ки дар таркиб чорхлориди карбон ва трихлорэтилен доранд (аз ин сабаб зудбухор мебошанд). Дар хона захира кардани моддаҳои химиявӣ боиси афзудани буғи заҳрнок гардида, эҳтимоли заҳролудиро дучанд менамояд.
Зарфе, ки дар он васоити химиявии рӯзгорро нигоҳ медоранд, бояд ҳавоногузар бошад. Дар хона истифода бурдани маводе, ки муассисаҳои ҳифзи тандурустӣ барои рӯзгор тавсия накардаанд, ҷоиз нест. Ба хавфи истифодаи воситаҳои ҳашароткуш, ки дорои иҷозатнома (патент) нестанд, ҳамчунин ба ҳалкунандаҳои гуногуне, ки дар таркибашон дихлорэтан доранд, диққати махсус бояд дод, зеро ҳатто нафас кашидани онҳо боиси оризаҳои ногувор мегардад.
Ад.: Бобков Ю.Г. (ва диг.), Первая доврачебная помощь при лекарственных и бытовых отравлениях, Л., 1982; Петров В.Н., Первая медицинская помощь при поражении сильнодействующими ядовитыми веществами, М., 1986.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …