Главная / Илм / ЗАХРОЛУДи АЗ ВАСОИТИ ХИМИЯВИИ РуЗГОР

ЗАХРОЛУДи АЗ ВАСОИТИ ХИМИЯВИИ РуЗГОР

zahroludi-az-vasoiti-himiyavii-ruzgorЗАХРОЛУДи АЗ ВАСОИТИ ХИМИЯВИИ РуЗГОР. Хар як сохибхона анвои гуногуни маводи химиявиро дорад. Истифодаи нодурусти маводи мазкур ё истеъмоли онхо бо максади масти метавонад сабаби захролудии вазнин гардад.
Воситахои химиявии рузгор мувофики таъиноташон ба чанд гурух таксим мешаванд: косметики, догбар, инсектисидхо, васоити шустушу, локу ранг ва г.
Гурухи асосиро воситахои косметики – лосёнхо, атриёт, маводи муи сар ва г. ташкил медиханд. Дар таркиби онхо спирти этил, амил ва бутил мавчуданд, ки ба системаи асаб таъсири ногувор мерасонанд. Дар сурати ба организм рох ёфтани моддахои мазкур мумкин аст холати вазнини захролуди бо ихтилоли нафаскаши ва кори дил ба вукуъ ояд. Хатто дар холатхои сабуки он низ дарди сар, сарчархзани, дилбехузури, ихтилоли кори меъдаю руда (исхол, дарди шикам) ба назар мерасанд.
Инсектисидхоро дар рузгор барои нест кардани хашарот (ниг. Тахтакана, Нонхуракхо) истифода мебаранд. Хлорофос ва карбофос бештар маъмуланд. Онхо ба пайвастхои органикии фосфор мансуб буда, боиси захролудии шадид ва музмин мегарданд.
Воситахое, ки ба мукобили хашароти зараррасони паррандагон кор мефармоянд («Тайга», «Ангара» ва г.), дар таркиб диметилфталат доранд. Диметилфталат дар организм ба спирти метил табдил меёбад. Спирти метил ба махсули багоят захрнок – кислотаи мурча ва формалдегид тачзия мешавад, ки сабаби халал ёфтани фаъолияти асабхои маркази мегарданд. Хангоми тасодуфан нушидани ин моддахо (зиёда аз 50 мл) мадхуши ва буги шудан рух медихад. Одатан, дар ин сурат асаби босира зарар ёфта, ба нобиноии пурра оварда мерасонад.
Кислотахое, ки дар рузгор фаровон истифода мешаванд, захролудии вазнинро ба вучуд меоранд. Мас., махлули 80-фоизаи кислотаи сирко ва кислотаи хлорид ба таркиби моеъ барои шустани ванна дохил мешаванд; кислотаи карболат ва оксалат чузъи таркибии маводи зангбар аст. Аз ишкорхо содаи каустики, спирти навшодир (махлули обии аммиак), ишкори калий бештар хавфнок мебошанд. Гайр аз ин, махлули ишкорхо ба таркиби васоити мухими рузгор – нитхинол, персол ва г. дохил мешаванд. Аксарияти онхо беранг буда, баъзеашон буй хам надоранд. Аз ин сабаб онхоро набояд бо хурокворихо якчоя нигох дошт. Хусусан бисёр вакт кудакон курбони чунин беэхтиёти мегарданд.
Баъди ба организм афтодани кислота ё ишкори кави дар дахону гулу ва рохи нафас дарди сахт пайдо мешавад. Сухтани пардаи луоби боиси варам ва ихрочи барзиёди оби дахон гашта, дарди сахт кобилияти фуру бурданро нест мекунад. Имкон дорад, ки оби дахон ба рохи нафас гузарад ва одам буги шавад.
Дар ин холат фавран ёрии таъчилии тиббиро даъват кардан лозим аст. То омадани духтур ба кошукча дока печонида, дахони шахси осебдидаро тоза мекунанд. Агар нишонахои нафастанги падид оянд, нафаси сунъи (бехтараш бо усули дахон ба бини) медихад, чунки сухтани луобпардаи дахон истифодаи дигар усулхоро аз имкон берун месозад.
Дар одамоне, ки аз кислота ва ишкорхо захролуд гаштаанд, кай бо омехтаи хун, гох-гох хунравии зиёд мушохида мешавад. Дар ин сурат шустани меъда катъиян манъ аст, зеро он метавонад боиси афзудани кай ва ба рохи нафас афтодани кислотаю ишкорхо гардад. Бо ёрии найчаи махсус шустани меъдаро, ки дар ин маврид тавсия шудааст, факат метавонад корманди тиб ичро намояд. Ба осебдида 2 – 3 истакон об (бехтараш бо ях) менушонанд. Бо ин рох моддаи ба организм афтодаро ракик ва таъсири сузони онро кам кардан мумкин аст. Ба хеч вачх кушиши аз байн бурдани таъсири моддаи захрнок, яъне додани сода ва ё чизи дигар чоиз нест. Зеро дар натичаи таъсири мутакобилаи онхо гази карбонат бисёр чудо шуда, меъдаро васеъ ва дарду хунравиро меафзояд.
Баъзе кислотахо, аз чумла кислотаи сирко, ба хун гузашта, хучайрахои сурхи он – эритроситхоро вайрон мекунанд; организм аз нокили асосии оксиген – гемоглобин махрум мегардад; фаъолияти узвхои хаётан мухим халал меёбад (мас., нукси шадиди гурда сар мезанад). Дар ашхоси гирифтори сухтагии вазнин мумкин аст холати шок ба миён ояд; дар баъзе мавридхо нафастанги ба вукуъ мепайвандад. Ин гуна беморонро, бо кадом наклиёте набошад, фавран ба бемористон фиристодан зарур аст.
Кислота ё ишкореро, ки ба пуст, луобпардаи чашм ё лабхо рехтааст бо оби бисёр (1 – 2 л) мешуянд. Кислотаи оксалат (ба таркиби баъзе васоити шуянда дохил аст) баъди ба организм рох ёфтан, боиси иллати шадиди гурда мешавад. Дар ин сурат дар чуякчахои гурда намакхо тахшин гашта, онхоро руст мекунанд.
Таркиби маводе, ки барои тоза кардани доги равган истифода мешаванд, аз карбогидридхои хлорнок (трихлорэтилен, чорхлориди карбон) иборат аст. Агар онхо ба организм рох ёбанд,ба чигару гурдахо зарар мерасонанд. Хусусан таъсири ин захрхо ба одамони маст зиёд аст.
Хангоми захролуди аз рангхои анилини хун вайрон шуда, аз ухдаи интиколи оксиген намебарояд. Дар натича пусту пардахои луоби кабуди хокистари, хун бошад, кахваранг мешавад.
Дар сурати захролуди аз васоити химиявии рузгор даъват намудани духтури ёрии таъчили хатмист. То омадани духтур, агар бемор бахуш бошад, уро ба кай водор бояд кард (ба истиснои захролуди аз кислота ва ишкорхо). Беморони бехушро пару хобонда (бе болишт), руи онхоро ба тарафе бармегардонанд (маводи кай ба рохи нафас намеафтад).
Хангоми фуру рафтани забон агар чогхои болою поён ба якдигар чафс шуда, ба нафаскаши монеъ шаванд, сари беморро боэхтиёт ба акиб бурда, чоги поёнро ба пеш ва боло мекашанд то ки осебдида бо бини нафас кашида тавонад.
Воситахои химиявии рузгор барои зиндаги нихоят зарур мебошанд, вале онхоро эхтиёткорона истифода бояд бурд. Хар моддаи химиявие, ки барои истеъмол тавсия мешавад, дорои тамгакогаз ва дастур буда, дар он тарзи истифода ва нигохдошт навишта шудааст. Дастурро бояд бодиккат омухт ва нишондоди онро катъиян риоя намуд. Воситаи мазкурро дар зарфхои дигар, махсусан дар зарфхои аз машрубот, дору ва озукавори холишуда, инчунин дар чойхои ба кудакон дастрас нигох доштан манъ аст. Моддахои захрнокро дар зарфхои хурок ё ошпази хал кардан мумкин нест. Инчунин захираи зиёди моддахои химиявии рузгорро дар хона набояд нигох дошт. Махсусан ин ба пайвастхои органикии фосфор ва моддахое мансубанд, ки дар таркиб чорхлориди карбон ва трихлорэтилен доранд (аз ин сабаб зудбухор мебошанд). Дар хона захира кардани моддахои химияви боиси афзудани буги захрнок гардида, эхтимоли захролудиро дучанд менамояд.
Зарфе, ки дар он васоити химиявии рузгорро нигох медоранд, бояд хавоногузар бошад. Дар хона истифода бурдани маводе, ки муассисахои хифзи тандурусти барои рузгор тавсия накардаанд, чоиз нест. Ба хавфи истифодаи воситахои хашароткуш, ки дорои ичозатнома (патент) нестанд, хамчунин ба халкунандахои гуногуне, ки дар таркибашон дихлорэтан доранд, диккати махсус бояд дод, зеро хатто нафас кашидани онхо боиси оризахои ногувор мегардад.
Ад.: Бобков Ю.Г. (ва диг.), Первая доврачебная помощь при лекарственных и бытовых отравлениях, Л., 1982; Петров В.Н., Первая медицинская помощь при поражении сильнодействующими ядовитыми веществами, М., 1986.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …