Главная / Илм / ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ШАРОБ

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ ШАРОБ

zahroludi-az-sharobЗАҲРОЛУДӣ АЗ ШАРОБ. Дар зиндагӣ аз шароб гирифтори заҳролудӣ шудан ҳодисаи муқаррарист. Шароб заҳри таъсираш наркозӣ буда, одамро нафақат маст, балки заҳролуд низ мекунад. Ин, одатан, пас аз истеъмоли миқдори зиёди шароб (бештар аз 500 мл) ба амал меояд. Вале дар ашхосе, ки аз сабаби беморӣ заиф ва хеле хаста гаштаанд, махсусан дар кӯдакон, меъёри андаки он метавонад сабаби заҳролудӣ гардад.
Дар ҳолатҳои сабуки заҳролудӣ аз спирти этил ихтилоли фаъолияти рӯҳӣ, тез задани дил, баланд шудани фишори хун, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ ва қай мушоҳида мешаванд. Ҳангоми заҳролудии вазнин бошад, ихтилоли амиқи системаи асабҳои марказӣ (то дараҷаи беҳушӣ) рух медиҳад.
Дар ҳолати беҳуш гаштан, нафаскашӣ ва фаъолияти дил халал ёфта, ҳисси дард аз байн меравад. Одам арақ мекунад, рухсора суп-сурх ва хунрагҳои сафедии чашм намоён мешаванд. Луоби даҳону бинӣ зиёд ва баъзан кафнок мегардад; ғайриихтиёр дарун меравад. Аз сабаби ба роҳи нафас афтодани луоб ва моддаи қай ё дарун рафтани забон, нафаскашӣ мушкил ва хирросӣ хоҳад шуд. Дар баъзе ҳолатҳо, агар миқдори истеъмоли шароб хеле зиёд бошад, маркази нафас (дар майнаи сар) хароб гашта, нафаскашӣ рӯякӣ, набз тез ва фишори хун паст мешавад. З. баъзан боиси оризаҳои ногувор ҳам мегардад. Мас., дар шахсе, ки гирифтори бемории қанд аст, заҳролудии вазнин аз шароб мумкин аст боиси иғмои диабетӣ шавад (ниг. Диабети қандӣ). Меъёри зиёди шароб баъзан дар ашхоси гирифтори бемории гипертония ва атеросклероз муҷиби ихтилоли гардиши хун дар мағзи сар, сактаи мағзи сар ё сактаи дил мегардад. Дар рӯзи дигари баъди истеъмоли шароб қобилияти корӣ суст ва фаъолияти фикрӣ халалдор мешавад, мумкин аст зарбу лати истеҳсолӣ рух намояд.
Ба алкуҳули сунъӣ воситаҳои химиявие мансубанд, ки онҳоро баъзан ба ҷои спирти этил истеъмол мекунанд. Нӯшокиҳое, ки ҷои алкуҳулро мегиранд, қалбакӣ ва ҳақиқӣ мешаванд. Гурӯҳи аввал маҳлулҳои техникие мебошанд, ки дар таркибашон на спирти этил, балки этиленгликол, атсетон, спирти метил, дихлорэтан доранд. Гурӯҳи дуввум дар таркиби худ спирти этил доранд; ба онҳо маҳлули доруҳо ва атриёти косметикӣ мансубанд. Этиленгликол дар организми одам ба маводи хеле заҳрогин – кислотаи гликол ва оксалат таҷзия мешавад. Дар натиҷа системаи асабҳои марказӣ иллат ёфта, ҳаяҷон, ташаннуҷ ва дертар беҳушӣ, ихтилоли нафас ва фаъолияти дил ба миён меояд. Аз сабаби ҳосил шудани намакҳои кислотаи оксалат, ки ҷӯякчаҳои гурдаро мебанданд, нуқси шадиди гурда ба вуқӯъ мепайвандад.
Дар амалияи тиб бисёр ҳодисаҳои заҳролудии оммавӣ аз этиленгликол ва спирти метил маълуманд, ки бо фоҷиа анҷом ёфтанд (онҳоро саҳван ба ҷои спирти этил нӯшидаанд).
Дар сурати нӯшидани атсетон роҳи ҳозима ба ангезиш омада, илтиҳоби музмини пардаи луобии меъда – гастрит пайдо мешавад.
Иллати аз ҳама вазнин заҳролудӣ аз дихлорэтан аст. Онро ҳамчун ҳалкунанда, барои тоза намудани либос, ширеш кардани навори магнитофон ва ғ. истифода мебаранд. Дихлорэтан ба ҳамаи узвҳо, дар навбати аввал ба силсилаи дилу рагҳо, ҷигар ва гурда зарар мерасонад. Иллати дилу рагҳо хеле зуд инкишоф меёбад, ки табобати он душвор аст; ҳолати беҳушӣ бо ихтилоҷоти баръало намоён рух медиҳад. Дихлорэтан заҳри қотил аст. Фақат муолиҷаи фаврии комплексӣ бо истифодаи дастгоҳи «гурдаи сунъӣ» метавонад осебдидаро аз марг раҳонад.
Доруҳое, ки дар таркибашон спирти этил доранд, ба миқдори зиёд ба фурӯш бароварда мешаванд. Аз ин сабаб онҳо ба аҳолӣ комилан дастрас мебошанд.
Дар таркиби баъзе марҳамҳо анестезин мавҷуд аст, ки меъёри заҳрноки он сабаби иллати хун мегардад. Дар ин ҳолат хун қобилияти интиқоли оксигенро ба узву бофтаҳо гум мекунад. Дар натиҷа пӯст ва пардаҳои луобӣ кабуд гашта, хун чун ҳангоми заҳролудӣ аз анилин ё селитра қаҳваранг мешавад.
Воситаҳои атторӣ ва косметикӣ дар таркибашон спирти этил доранд. Аз ҳамин сабаб ҳангоми нӯшидани онҳо алоими заҳролудӣ аз шароб мушоҳида мешавад. Илова бар ин онҳо пардаи луобии меъда ва ҷигарро ба ангезиш оварда, боиси гастрити шадид ва гепатит мегарданд.
Шахсони гирифтори майзадагӣ ҳатто ишҳобаоби спиртиро, ки барои дасткорӣ кардани мебел таъин шудааст, истеъмол мекунанд. Дар таркиби он, ғайр аз спирти этил, инчунин моддаи рангбахш – нигрозин вуҷуд дорад. Ҳангоми нӯшидани ишҳобаоб, ба ғайр аз заҳролудии баръало, пӯсти бадан ва пардаҳои луобӣ кабудранг мешаванд (ин ҳолат чанд моҳ боқӣ мемонад).
Арақи дастӣ ба организм зарар дорад. Ҳангоми тайёр кардани он миқдори зиёди равғани сивуха ҳосил мешавад, ки ба кори меъда ва ҷигар таъсири манфӣ мерасонад.
Тадбирҳои ёрии аввалин дар мавриди заҳролудӣ аз ҳама гуна шароб асосан монанд мебошанд. Ба бемор фавран 3 – 4 истакон об нӯшонида, меъдаашро мешӯянд (беҳтараш ба ҳар истакон об як қошуқча содаи хӯрокӣ ҳамроҳ мекунанд); бо қошуқ бехи забонро зер карда (инро эҳтиёткорона иҷро кардан лозим, то ки ба пардаи луобии гулӯ зарар нарасад), ӯро ба қай намудан водор месозанд. Сипас чои талх ё қаҳва додан лозим аст. Меъдаи бемори беҳушро метавонад фақат корманди тиб, одатан, гурӯҳи ёрии таъҷилӣ бишӯяд. То омадани ёрии таъҷилӣ зарардидаро беҳтараш парӯ хобонда (бе болишт) сарро ба тарафи рост ё чап мегардонанд, то ки ҳангоми қай роҳи нафас банд нашавад; инчунин ба ӯ спирти навшодирро бӯй мекунонанд.
Ёрии аввалин ҳангоми заҳролудӣ аз спирти метил ва этиленгликол махсус аст. Агар зарардида беҳуш набошад, ба ӯ 100 – 150 мл спирти этил (арақ) менӯшонанд. Вазнинии ҳолати саломатӣ ба маҳсули таҷзияи спирти метил ва этиленгликол дар организм вобаста аст. Спирти этил позаҳри фаъол буда, ин таҷзияро ба таъхир меандозад. Барои пешгирии заҳролудии шадид нӯшидани ҳар навъи арақҳои дастӣ, спиртҳои номаълум ва доруҳое, ки онро ашхоси аз тиб бехабар тавсия кардаанд, қатъиян манъ аст. Аз рӯи рангу бӯй навъи моддаи химиявиро муайян кардан имконнопазир мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …