ЗАХРОЛУДи АЗ ШАРОБ. Дар зиндаги аз шароб гирифтори захролуди шудан ходисаи мукаррарист. Шароб захри таъсираш наркози буда, одамро нафакат маст, балки захролуд низ мекунад. Ин, одатан, пас аз истеъмоли микдори зиёди шароб (бештар аз 500 мл) ба амал меояд. Вале дар ашхосе, ки аз сабаби бемори заиф ва хеле хаста гаштаанд, махсусан дар кудакон, меъёри андаки он метавонад сабаби захролуди гардад.
Дар холатхои сабуки захролуди аз спирти этил ихтилоли фаъолияти рухи, тез задани дил, баланд шудани фишори хун, сарчархзани, дилбехузури ва кай мушохида мешаванд. Хангоми захролудии вазнин бошад, ихтилоли амики системаи асабхои маркази (то дарачаи бехуши) рух медихад.
Дар холати бехуш гаштан, нафаскаши ва фаъолияти дил халал ёфта, хисси дард аз байн меравад. Одам арак мекунад, рухсора суп-сурх ва хунрагхои сафедии чашм намоён мешаванд. Луоби дахону бини зиёд ва баъзан кафнок мегардад; гайриихтиёр дарун меравад. Аз сабаби ба рохи нафас афтодани луоб ва моддаи кай ё дарун рафтани забон, нафаскаши мушкил ва хирроси хохад шуд. Дар баъзе холатхо, агар микдори истеъмоли шароб хеле зиёд бошад, маркази нафас (дар майнаи сар) хароб гашта, нафаскаши руяки, набз тез ва фишори хун паст мешавад. З. баъзан боиси оризахои ногувор хам мегардад. Мас., дар шахсе, ки гирифтори бемории канд аст, захролудии вазнин аз шароб мумкин аст боиси игмои диабети шавад (ниг. Диабети канди). Меъёри зиёди шароб баъзан дар ашхоси гирифтори бемории гипертония ва атеросклероз мучиби ихтилоли гардиши хун дар магзи сар, сактаи магзи сар ё сактаи дил мегардад. Дар рузи дигари баъди истеъмоли шароб кобилияти кори суст ва фаъолияти фикри халалдор мешавад, мумкин аст зарбу лати истехсоли рух намояд.
Ба алкухули сунъи воситахои химиявие мансубанд, ки онхоро баъзан ба чои спирти этил истеъмол мекунанд. Нушокихое, ки чои алкухулро мегиранд, калбаки ва хакики мешаванд. Гурухи аввал махлулхои техникие мебошанд, ки дар таркибашон на спирти этил, балки этиленгликол, атсетон, спирти метил, дихлорэтан доранд. Гурухи дуввум дар таркиби худ спирти этил доранд; ба онхо махлули дорухо ва атриёти косметики мансубанд. Этиленгликол дар организми одам ба маводи хеле захрогин – кислотаи гликол ва оксалат тачзия мешавад. Дар натича системаи асабхои маркази иллат ёфта, хаячон, ташаннуч ва дертар бехуши, ихтилоли нафас ва фаъолияти дил ба миён меояд. Аз сабаби хосил шудани намакхои кислотаи оксалат, ки чуякчахои гурдаро мебанданд, нукси шадиди гурда ба вукуъ мепайвандад.
Дар амалияи тиб бисёр ходисахои захролудии оммави аз этиленгликол ва спирти метил маълуманд, ки бо фочиа анчом ёфтанд (онхоро сахван ба чои спирти этил нушидаанд).
Дар сурати нушидани атсетон рохи хозима ба ангезиш омада, илтихоби музмини пардаи луобии меъда – гастрит пайдо мешавад.
Иллати аз хама вазнин захролуди аз дихлорэтан аст. Онро хамчун халкунанда, барои тоза намудани либос, ширеш кардани навори магнитофон ва г. истифода мебаранд. Дихлорэтан ба хамаи узвхо, дар навбати аввал ба силсилаи дилу рагхо, чигар ва гурда зарар мерасонад. Иллати дилу рагхо хеле зуд инкишоф меёбад, ки табобати он душвор аст; холати бехуши бо ихтилочоти баръало намоён рух медихад. Дихлорэтан захри котил аст. Факат муоличаи фаврии комплекси бо истифодаи дастгохи «гурдаи сунъи» метавонад осебдидаро аз марг рахонад.
Дорухое, ки дар таркибашон спирти этил доранд, ба микдори зиёд ба фуруш бароварда мешаванд. Аз ин сабаб онхо ба ахоли комилан дастрас мебошанд.
Дар таркиби баъзе мархамхо анестезин мавчуд аст, ки меъёри захрноки он сабаби иллати хун мегардад. Дар ин холат хун кобилияти интиколи оксигенро ба узву бофтахо гум мекунад. Дар натича пуст ва пардахои луоби кабуд гашта, хун чун хангоми захролуди аз анилин ё селитра кахваранг мешавад.
Воситахои аттори ва косметики дар таркибашон спирти этил доранд. Аз хамин сабаб хангоми нушидани онхо алоими захролуди аз шароб мушохида мешавад. Илова бар ин онхо пардаи луобии меъда ва чигарро ба ангезиш оварда, боиси гастрити шадид ва гепатит мегарданд.
Шахсони гирифтори майзадаги хатто ишхобаоби спиртиро, ки барои дасткори кардани мебел таъин шудааст, истеъмол мекунанд. Дар таркиби он, гайр аз спирти этил, инчунин моддаи рангбахш – нигрозин вучуд дорад. Хангоми нушидани ишхобаоб, ба гайр аз захролудии баръало, пусти бадан ва пардахои луоби кабудранг мешаванд (ин холат чанд мох боки мемонад).
Араки дасти ба организм зарар дорад. Хангоми тайёр кардани он микдори зиёди равгани сивуха хосил мешавад, ки ба кори меъда ва чигар таъсири манфи мерасонад.
Тадбирхои ёрии аввалин дар мавриди захролуди аз хама гуна шароб асосан монанд мебошанд. Ба бемор фавран 3 – 4 истакон об нушонида, меъдаашро мешуянд (бехтараш ба хар истакон об як кошукча содаи хуроки хамрох мекунанд); бо кошук бехи забонро зер карда (инро эхтиёткорона ичро кардан лозим, то ки ба пардаи луобии гулу зарар нарасад), уро ба кай намудан водор месозанд. Сипас чои талх ё кахва додан лозим аст. Меъдаи бемори бехушро метавонад факат корманди тиб, одатан, гурухи ёрии таъчили бишуяд. То омадани ёрии таъчили зарардидаро бехтараш пару хобонда (бе болишт) сарро ба тарафи рост ё чап мегардонанд, то ки хангоми кай рохи нафас банд нашавад; инчунин ба у спирти навшодирро буй мекунонанд.
Ёрии аввалин хангоми захролуди аз спирти метил ва этиленгликол махсус аст. Агар зарардида бехуш набошад, ба у 100 – 150 мл спирти этил (арак) менушонанд. Вазнинии холати саломати ба махсули тачзияи спирти метил ва этиленгликол дар организм вобаста аст. Спирти этил позахри фаъол буда, ин тачзияро ба таъхир меандозад. Барои пешгирии захролудии шадид нушидани хар навъи аракхои дасти, спиртхои номаълум ва дорухое, ки онро ашхоси аз тиб бехабар тавсия кардаанд, катъиян манъ аст. Аз руи рангу буй навъи моддаи химиявиро муайян кардан имконнопазир мебошад.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …