Главная / Гуногун / Ҳукмронии Дониёл атолиқ

Ҳукмронии Дониёл атолиқ

Баъд аз марги Муҳаммадраҳимхон, соли 1758 дар Бухоро шӯриш cap зад. Шӯришчиён чизу чораи сарватмандонро гирифта, хонаҳои онҳоро оташ заданд. Сабаби шӯриш ҷорӣ намудани андозҳои нави вазнин буд. Аммо шӯриш ба хун оғушта гардид. Дар чунин як шароити вазнин Дониёлбӣ атолиқ хукуматро ба дасти худ гирифт. Лекин вай тахти хониро қабул накарда, расман Абулғозӣ ном набераи Абдулфайзхонро ба тахти Бухоро нишонд ва худаш маъмури вазифаи атолиқӣ гардид.

Дар солҳои ҳукмронии атолиқи мазкур (1758-1785) парокандагии феодалӣ ва тангшавии ҳудуди хонигарии Бухоро зоҳир гардид. Мулки Ӯротеппа истиқлолияти худро нигоҳ медошт. Балх истиқлолият ба даст овард. Ташаккули хонии Хуқанд дар нимаи дуюми асри XVIII ба анҷом мерасид.

220px-a_heavily_armed_uzbek-_safavid_iran-_mid_16th_century

Баъди аз Ҳисор ба Бухоро баргаштани Атолиқбий ин мулк боз мустақил гашт. Қаротегин ва Дарвоз мулкҳои мустақил буданд. Мулкҳои хурди дигар – Рушон, Шуғнон, Вахон танхо ҳудуди як ё ду водиро ишғол мекарданд. Дар байни ҳокимони Ҳисор, Кӯлоб, Қаротегин ва Дарвоз аксар вақт муборизаи дохилии феодалон давом мекард. Масалан, яке аз задухурдҳои хунин байни Дарвоз ва Қаротегин соли 1790 дар деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нурободи имрӯза ба амал омад. Дар чунин шароити вазнин хони Хева ва подшоҳи Афғонистон ба Бухоро ҳуҷум оварданд. Ба Атолиқбий ва писари ӯ Шоҳмурод (1785-1800) лозим омад, ки таҳдидҳои ба сари хонигарӣ омадаро бартараф намоянд. Онҳо бояд ҳокимияти худро аз болои бекигариҳои саркаш барқарор намуда, тадриҷан хонигарии Бухороро аз вазъияти вазнини бӯҳрони сиёсӣ мебароварданд.

Соли 1770 ба Дониёл атолиқ муаяссар гашт, ки Қаршӣ, Шаҳрисабз ва ҳатто Ҳисорро ба худ тобеъ кунад. Вале ин муваффақияти муваққатӣ буд. Баъди вафоти Дониёл атолиқ дар ҳамаи қисмҳои хонигарии Бухоро муборизаи ҳокимони хурди феодалӣ барои баромадан аз ҳайати хонигарӣ cap шуд. Ин мубориза бо муборизаи оммаи васеи аҳолӣ ба муқобили худсариҳо ва фишори феодалон дар як вақт давом дошт. Махсусан, дар маркази хонигарӣ – шаҳри Бухоро шӯриши калон ба амал омад. Норозигии оммаи халқ тамоми аморати Бухороро фаро гирифт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …