Главная / Илм / ГИПОГАЛАКТИЯ

ГИПОГАЛАКТИЯ

ГИПОГАЛАКТИЯ (Hypogalactia; аз гипо … ва юн. gala, galaktos – шир), кам шир ҳосил кардани ғадуди шир. Ғ. дар натиҷаи ихтилоли фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ (махсусан суст гаштани тарашшӯҳи пролактин – гормони қисми пеши гипофиз) инкишоф меёбад. Заҳролудии бардавоми организми зан бо алкогол, тамоку (никотин), бемориҳои давомнок (сил, камвитаминӣ), камхунӣ, зарбаи рӯҳӣ, хунравии зиёд ҳангоми таваллуд ва ғ. ба пайдоиши Г. мусоидат мекунанд. Г.-е, ки фавран баъди таваллуд зоҳир мегардад, Г.-и якумин ва Г.-е, ки дар натиҷаи риоя накардани тартиби истеъмоли ғизо, хоб ва макондани кӯдак, инчунин истифодаи антибиотикҳо ва доруҳои гормонӣ (экстрогенҳо) авҷ мегирад, Г.-и дуюмин номида мешавад.
Бо мақсади муолиҷаи Г. аз ангезандаҳои ширафзо, витаминҳо ва доруҳои қувватбахш истифода мекунанд.
Баҳри пешгирии Г. пистонҳоро рӯзе 4 – 5 маротиба масҳ кардан лозим аст; баъди таваллуд пас аз 6 – 12 соат кӯдакро сина мемаконанд. Синаро дар вақтҳои муайян бояд маконд (кӯдак дар 15 – 20 дақ. аз шир сер мешавад). Баъди ҳар дафъаи сер гаштани кӯдак шири боқимондаро дӯшидан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …