Главная / Гуногун / Барги сабз (ҳикоя)

Барги сабз (ҳикоя)

– Барги сабз, барги сабз!..

Як оҳи сард аз дили пурдард кашиду идома дод:

– Барги сабз нашуда, бало шуд-ку?! Дар тамоми дунё ҳукмрон, соҳиби обрў, зеби киса!.. Бало занад! Нури дида, тоҷи сар! Аз кўдаки ҳафтсола то пири ҳафтодсола бо барги сабз чақ-чақ мекунанд?! Ё тавба?! Гапи Ризо рост: “Асрори долларро на ту донӣ на ман!..” Шоир ҳам чӣ хуб гуфтааст:

Бархе на хаёли дину дилбар доранд,

Не ёди худову на паямбар доранд.

Бутҳои қадимиён ҳама рафт зи ёд,

Мардум бути нав ба номи Доллар доранд.

Боз як оҳи сард аз дили пурдард кашид.

– Эҳ , пулҳои Лениндор мешуд, барги сабз ҳад дошт, ки сар бардорад!.. Ҳафтод сол ҳеҷ кас рангу раҳматашро надида буд. Ҳоло ҳама барги сабзшинос. Дар кўчаву корхона ҳам барги сабз, дар боғчаву мактаб ҳам барги сабз, дар хона ҳам… Э, сўмҳои Лениндоре…

Ориф бо ҳасрату афсўс оҳи чуқуре кашид.

hikoyaДар осмони нилгун офтоб чеҳраи кушод дошт, табассум мекард, Ориф бошад хиратабъ, чин бар ҷабин кашида. Иштиҳояш баста, аз гулўяш чизе намегузарад. Ошхона серғавғо бошад ҳам, рабту низом дошт. Касеро ба касе коре набуд, ҳама ба тановул банд буданд. Андешаҳои мухолиф тазйиқаш медоданд. Кошкӣ, ба маслиҳатошии тағояш намерафт. Як тика оши хўрдааш акнун заҳри баданаш. Беҳуда нагуфтаанд, ки: “Сайдро аҷал ояд, сўи сайёд равад”. “Ҳай-ҳай, шарм намедорӣ, – гуфт овози дарунӣ. – О, худат ба кундаи сина задӣ. Ҳофизи оши наҳор аз ман гуфтӣ”.

Ў шарм дошт, чун лола суп-сурх шуд, ба обу арақ ғутид.

“Худоё, бубахш маро”.

Не, ба ваъда вафо бояд кард. Охир тағо ба ҷои падар аст. Лекин чӣ хел? Пеши кадом ҳофизе, ки нарафт, барги сабз талабиданд. То тўй панҷ рўз мондааст. Вале ноумедӣ ба дилаш пардаи сиёҳ пушондааст.

Ё ба ягон ноҳия ба сафари хидматӣ равад? Мегўяд, ки аз боло равон карданд. Сабаби узрнок! На сих месўзаду на кабоб. Ҳам ёр намеранҷаду ҳам лаъл ба даст меояд. Не, не, ба ин пастӣ роҳ додан мумкин нест. Чашмонашро пўшид, то як лаҳза биосояд, таскин ёбад.

Чашмонашро пўшида буд, ки садои мусиқӣ ба гўшаш расид. Ба назари Ориф гўё торҳои асабаш менавозанд. Ё тавба?! Тақдир ба ҳоли ў тамасхур мезанад. Баданаш тафсид. Дилаш танг шуд. Гўшҳояш қулф заданд, дасту пояш суст гашт. Нафасе пас чашмонашро кушод ва дид, ки дар гўшаи рости ошхона ду кас ба ҳофизӣ омода мешаванд. Ҳа, ҳоло дар бисёр ошхонаҳо ҳофизии зинда расм шудааст.

Ҳофиз ба ў шинос намуд. Ба ҳофиз дурусттар зеҳн монд. Ўро шинохт. Ҳамдеҳааш Сангин. Ҳа, худи худаш! Чӣ тасодуфи аҷиб!

Дар чеҳрааш табассуми гарму моломол аз меҳр шукуфт. Дар чашмонаш шўълаи умед дурахшид. Ва беихтиёр аз забонаш ҷорӣ гашт:

– Инро бинед-а, ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем!

Сангин ба ҳофизӣ шурўъ намуд. Аввал оҳанги мусиқӣ садои паст дошт. Оҳиста-оҳиста садои оҳанг мураттаб гашт. Зоҳиран ҳама оҳанги мусиқӣ гўш мекарданд.

– Худо хоҳад, ба ваъда вафо мекунам, – худ ба худ хурсандӣ мекард Ориф.

Ногаҳ вуҷуди ўро ким-чӣ хел эҳсоси аҷибе фаро мегирад.

– Худоро шукр! – гўён, бо иштиёқ гўш ба савту навои Сангин фаро медиҳад.

Аз савту навои диловезу андешапарвар дилаш ба шўр меояд, рўҳаш меболад.

– Худоё! Мусиқӣ чизи оддӣ нест! Мўъҷиза аст, мўъҷиза!

Ва аз зўрии ҳаяҷон дилаш сахт-сахт ба тапиш медарояд.

Баъд…

Оҳиста-оҳиста чун садои оҳанг тапиши дилаш мураттаб мегардад.

Сар то ба по гўшу ҳуш мешавад.

Садои оҳанги форам мисли насими рўҳафзои баҳорӣ ўро навозиш мекунад…

Ўро ба олами хаёлот мебарад…

Ёдаш меояд…

Ҳамон сол ў муовини директори заводи калонеро бар дўш дошт. Аз субҳ то шом дари ў қарор надошт. Дардошно, дастгиру ғамбарор буд ў. Мўҳтоҷон дарашро бо меҳр мекушоданд, бо умед медаромадан. То ҷое буд ба онҳо кўмак мерасонд, дасташон мегирифт, бо ду даҳон сухани нарму гарм дилашонро мебардошт.

Як пагоҳӣ ҷавони лоғарандоми қадпасте дари утоқашро боз карда, пурсид:

– Мумкин?

Бо чеҳраи кушоду овози нарму чашмони пурмеҳр гуфт:

– Набошад-чӣ, марҳамат, марҳамат!

Ҷавон қариб, ки тозон наздаш омад. Қиёфаи ў маҳзун ва чашмонаш пур аз ғаму андўҳ. Рўи ў ба вай шинос намуд, вале дар хотир надошт, ки вай кисту кай ва дар куҷо дида буд.

– Ако… Ако… – гўён, гирён шуд.

– Худатро даст гир, – бо ҳаяҷон гуфт Ориф. – Ором шав, ором шав.

Сипас саросема ба ў як пиёла чой дод.

Ҷавон пиёлаи чойро аз дасти ў гирифт. Аммо онро дошта натавонист. Пиёла афтида шикаст.

– Ман навашро харида меорам, – гуфт ў саросема. – Навашро…

– Не-не, ту чиҳо мегўӣ, – ўро ором карданӣ шуда, гуфт Ориф. – Таъбираш нек аст. Ин ба бахти ту.

Сипас ў ба пиёлаи дигар чой рехта, ба ў дод. Ҷавон чойро нўшида, каме ором гашт. Сар поин фиканд. Лабҳояшро газид. Гўиё аз рафтори худ шарм дошт.

Ориф бо забони ширин гуфт:

– Биё акнун шинос шавем: номи ман Ориф. Ту кӣ?

– Ман Сангин, аз деҳаи шумо, – сар набардошта, посух дод ҷавон. – Набераи момои Оҷар.

Момои Оҷар дояи Ориф буд. Ўро хурду калони деҳа эҳтиром мекарданд.

– Ҳоло писари Ҳокимам гўй?

Ҷавон ба тасдиқ сар такон дод ва боз гирён шуд. Ориф хавотиромез пурсид:

– Чӣ гап, чӣ шуд?

Вай як оҳи сарде кашид.

– Падарамро…

Дили Ориф дардолуд таҳ кашид.

Сангин як лаҳза забон хоид ва ғамангез суханашро ба охир расонд.

– Падарамро қама карда, чизу чораамонро мусодира намуданд.

Дар чеҳраи Ориф осори ғам падид омад: “Худоё, ин чӣ қисмат аст?!” – Оҳи чуқуре кашиду гуфт:

– Аз тақдир ҷои гурез нест, ба ҳамааш шукр кардан даркор.

Сангинро гиря гулўгир кард. Дигар ҳарф зада натавонист. Танҳо оби бинӣ ва ашкҳояшро пок мекард.

Ориф боз ба пиёла чой рехта, ба ў дод.

– Ту мард ҳастӣ, – ўро тасалло дод Ориф. – Мард ҳеҷ гоҳ назди мушкилиҳои зиндагӣ сар фурўд намеорад.

Сар такон дод ва бо нигоҳи имдодталабона ба ў нигарист. Сипас забонаш гирифта-гирифта гуфт:

– Бекорам, зиндагӣ сахт, – нолид Сангин ва зорӣ кард, ки ягон кор барояш ёбад.

“Ризои набераи момодояам фарз аст” – гуфт дар дил Ориф ва ба ў рўй оварда, меҳрубонона пурсид:

– Ягон касб дорӣ?

– Касб? – гўиё як қад парид ў. – Не-е, аз куҷо?

Бо овози нарм боз пурсид:

– Ягон кор аз дастат меояд?

Ҳарфе назад, танҳо китф бар ҳам кашид.

– Наход ки ягон кор аз дастат наояд?

Вай оҳи чуқур кашид. Сипас сар поин фиканд.

Рўяш нашуд, ки ўро ронад. Рўи хотири момои Оҷар баландӣ кард.

– Ҳмм! – гўён, сукут ихтиёр карду ба андеша рафт. Лаҳзае пас рўй бар ў оварда, андешаманд гуфт:

– Ҳеҷ гап не, диққат нашав, ғам махўр, бароят коре меёбам.

– Чӣ? Дурўғ намегўӣ? Оҳ, чӣ хуб аст! Охир, касе ба ман ёрӣ додан нахост.

Ин суханҳо Орифро ба изтироб андохтанд, аммо акнун азмаш қавӣ буд, ки ба ў ёрӣ хоҳад дод.

– Не, дурўғ намегўям.

Дар чашмони Сангин шўълаи умед дурахшид.

– Хона ҳам медиҳӣ? – аз ҷо бархоста, пурсид ў.

– Хобгоҳ медиҳем, – ҷиддӣ гуфт ў. – Зиста меистӣ, он тарафашро боз мебинем.

– Ако… Ако… – гўён, Орифро ба оғўш гирифт. – Некии шуморо ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунам.

Дар бригадаи харротон ба ў касби харротиро омўзонданд. Аммо сараму дилам, аз рўи шиори: “Шавад обӣ, нашавад лалмӣ” – кор мекард. Боре ўро усто дар хонаи истироҳат дида, сабаб пурсид.

– Дигар наметавонам, монда шудам!

– Ана халос! – ба хашм омад усто.

Вай марде буд тануманд, овози ғафси хиррӣ дошт.

– Чӣ халос?

Усто хашмашро фурў бурда, ўро насиҳат кард. Вале рўзи дигар ў боз ғайб зад. Усто Мирзоро ба ҷустуӣўи ў фиристод. Мирзо лаҳзае пас ўро ёфта овард.

– Дар куҷо будӣ?

Сангин бо қавоқи гирифта ба рўи усто менигарист.

– Дар майдон футбол мезад, – ба ҷои ў ҷавоб дод Мирзо.

– Чӣ, магар футбол бозидан мумкин не?

– Э, бас кун-е! – танзимгар ба паси сари ў якто фуровард. – Ба ҷои узр боз забондарозӣ ҳам мекунӣ!

– Назанед! – гуфт усто ва боз ўро падарвор насиҳат кард.

Аммо боз ғайб зад. Ин дафъа ўро накофтанд. Усто оҳе кашида гуфт:

– “Пода бе гови рихин намешавад” – мегуфтаанд, рост будааст.

Се соат пас худаш омад.

– Дар клуб будам, – гуфт ў.

Боз ўро насиҳат карданд. Аммо боз ғайб зад. Боз дар клуб будам гуфт.

Қисса кўтоҳ, бузбозӣ ба дили ҳамкорон зад.

– Кифоя! – гуфт усто. – Рав, дар клуб кор кун!

– Меравам!

Саросема аз дар даромада, бо қаҳру ғазаб ба Ориф гуфт:

– Хапу дам шиштӣ!

Ориф аз гапи ў чизе нафаҳмид.

– Хапу дам нашишта, доду фарёд кунам?

Сангин нишаста, домани гиряро сар дод. Ориф бо як азоб оромаш намуда, пурсид, ки чӣ гап?

– Ронданд, – бо алам бинӣ кашид ў. – Аз китфам тела дода-тела дода, беруни дар карданд. “Рав ба пеши хешат” – гуфтанд.

– Наход? – нобоварона ба ў нигарист Ориф.

Тарзи кори усто, алалхусус сахтгириаш, ба ў маълум буд. Аз ин рў пешона молида, ба фикр фурў рафт.

– Маро мудири клуб мон, – ногаҳон талаб кард Сангин.

– Ҳмм! – қаҳромез зери лаб ғурунгос зад Ориф.

Аммо боз рўи хотири момои Оҷар баландӣ кард.

Бо дастгирии ў Сангинро мудири клуб таин карданд. Вай аз боварии Ориф сўистеъмол намуд. Мақоли “гург аз хонаи худ шикор мекунад” – ро сармашқи кори худ қарор дод. Чизу чораи клубро фурўхта, ба киса зад. Ба даст афтод. Бо кафшашро пеши по мондан халос намешуд. Маҳбас интизораш буд. Сангин пеши пои Ориф сар монд: “Наҷотам деҳ!” Ориф ҳайрон монд, чӣ тадбир андешад? Чеҳраи момои Оҷар пеши рўяш омад. Чеҳраи пурожанг. Ҳар ожанг ҳазор илтиҷо. Ночор назди директор даромад. Вай марди соҳибдилу соҳибназар. Ба Ориф эҳтиром дошт. Ориф гардан каҷ кард. Дуди хонаро равзани хона донад, бас. Чӣ ҳоҷати ба боло фаҳмондан. Вай одами худӣ. Сар кафад, зери тоқӣ. Худам ислоҳ мекунам.

– Ту чӣ мехоҳӣ? – пурсид директор.

– Ўро ба ҳимояи худ гирем, – илтиҷоомез гуфт Ориф.

– Ба ту кӣ мешавад? – боз пурсид директор.

Ориф хомўш монд, баъд канда-канда гуфт:

– Бародар.

Директор бо ҳасрат оҳе кашид. Лаҳзае сукут варзид. Баъд ба Сангин рў оварда гуфт:

– Писарам, дар урфият “дузд бош, баинсоф бош” мегўянд.

Осори андўҳ аз чеҳраи ў нопадид гардид. Миннатдорона ба директор чашм дўхт.

Ва оҳи сабуке кашид.

Савти дилнавоз пардаи сиёҳи ноумедиро пор-пора кард. Якбора рўҳи Ориф болида гашт. Чеҳраашро табассум зеб дод. Ба хаёлаш ҳамаи одамон ба сўи ў бо ҳавас менигаристанд. Гўё Сангин ҳам ба ў мегуфт: “Дар ин ҳофизии ман ҳиссаи шумо бузург аст, устод!”

Сармасти хаёлҳои ширин ба охир расидани ҳофизиро нафаҳмид. Сангин асбобу анҷомашро меғундошт. Ориф қарор дод, ки ба наздаш меравад, арзи муддао мекунад. Пиндошт, ки Сангин ўро хушнудона истиқбол менамояд. “Нури дида, тоҷи сар, як тўй чӣ сад тўятонро мегузаронам!” – мегўяд. Не, хато кард. Сангин ба ў эътиборе ҳам надод. Ба саломаш аранге сар ҷунбонд. Чунин вонамуд кард, ки гўё ўро намешиносад. Бегона аст барояш. Савлати аҷибе дошт ў. Ориф дасту по хўрд. Вай чунин носипосиро ҳеҷ чашмдор набуд. Бехудона рў ба Сангин рост меистод.

– Ҳм, ҳм, – ғур-ғур кард Сангин ва кадом як оҳангеро тақлид намуда, ба ҳуштаккашӣ даромад.

Бо тааҷҷуб чашм сўи ў дўхт. Менигаристу ба чашмонаш бовар намекард. Наход ки ин ҳамон Сангин бошад? Ҳа, худди худаш. Охир, пўсти ўро ба қавле аз чармгарӣ мешиносад. Тавба! Тамоман одами дигар.

Торҳои асаби Ориф таранг шуданд. Дарде ба дилаш панҷа зад. Чашмонаш бо кароҳат ба ў дўхта шуданд. Сангин бо кибру виқор ба ў чашм ало кард. Ориф хост ягон гапи сахт занад, вале забонаш кўтаҳӣ кард. Сангин ба ў як нигоҳи нописандона андохту пурсид:

– Чӣ гап?

– Сангин, як вохурӣ кунем, – гуфт, даст сўяш бурда.

– Э, э, ин ту-мӣ? Ту ҳам ин ҷо будӣ? Саломатии аҳли байт, ҳама нағз-мӣ?

– Шукри Худо, ҳама сиҳату саломат. Худат чӣ ҳол дорӣ?

Ба ҷои ҷавоб:

– Ҳм, ҳм, – гўён, ғур-ғур кард.

Ориф саъй менамуд, ки изтиробашро махфӣ дорад. Сангин бошад чашмашро сўи ў ало карда, дағалона гуфт:

– Чӣ, ходачўби гўр барин рост истодаӣ?

Ориф гўиё нақши девор шуд. Тайёр буд, ки замин кафаду ба қаъраш фурў равад. Офтоб гўё шарм дошт. Худро паси пораи абр гирифт. Ҳаво чун табъи Ориф хира гашт. Ба вай чунин намуд, ки дару девор ба ҳоли ў механданд. Ин чӣ беинсофӣ, беадолатӣ?! Барои чӣ ман ин қадар хотирбин? Ва дар ниҳодаш хоҳише ҷўш зад, ки ба бари рўи Сангин се-чор шаппотӣ занад. Не, не, лозим не. Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?

– Чӣ рост истодаӣ? – бо иллату тамасхур гуфт Сангин. – Гуфтам-ку: шин!

Ориф аз ў сахт ранҷид, оташи ғазабаш аланга зад. Вале бо қувваи ирода худро ба даст гирифт.

– Шин, шин! Дар по ҳақиқат нест! Шин!

Сир бой надода, оҳиста ба курсӣ нишаст. Ва бо ҳайрату ҳаяҷон ба ў нигарист. Худоё, шарм ҳам намедорад! Чӣ одам аст ин? Гўё вай он Сангине набуд, ки чанд сол пеш бо даҳони пурханда ўро “устод” мегуфт. “Ман ҳеҷ гоҳ хубиҳои шуморо фаромўш намекунам” мегуфт.

Не, бозам ў набуд!

Дар зоҳир ў буду дар рафтору кирдор не.

Ё ин ҳама ба назараш метобад?

Ё вай хоб аст?

Ва ё… кӣ медонад?

Боз чашми ҳайрат сўяш дўхт. Ку он ҳама лутф?! Ку он ҳама ваъдаҳо?!

Лоақал одамгарӣ ку?!

Ба ў чӣ гўяд? Суханҳои пасту баланд, таънаомез гўяд? Наметавонад. Забонаш намегардад. Не, сухани сахту талх гуфтан осон. Пас чӣ фарқе байни онҳо мемонад?..

Овози Сангин хаёли ўро гурезонд.

– Хуш, чӣ гап?

Ба худ омад ва лаб ба сухан кушод:

– Тўй дорем…

– Э, ҳоло чӣ бисёр, тўй, – писханд зада, сухани Орифро бурид ў. – Ҳама тўй доранд.

Сипас рў ба қибла гардонда, изофа намуд:

– Хайр, Худо тўй диҳад. Хурсандӣ диҳад. Илоҳо ҳама бандаи муминро ба муроду мақсадаш бирасонад.

Ва ба касе нигоҳ накарда, даст ба рў кашиду бо кибру виқор гуфт:

– Хуб, бисёр хуб.

Ориф чизе гуфтанӣ буд, вале аз чӣ бошад, ҷуръат накард.

– Гап зан, – абрў боло кашид Сангин.

Ориф ҷуръат намуда, ба гап сар кард.

– Сангин, – забон хоида гуфт ў, – дар оши наҳор хизмат мекардӣ.

– Хизмат? – пурсид ў. – Гап нест, лекин хизмат хизматона дорад.

– Ҳа, ҳа, албатта, – саросема гуфт Ориф. – Гап нест.

Ва лаб фурў баста, интизор истод. То ки Сангин ҳаққи хизматашро гўяд. Аммо ў гўиё ба даҳонаш ҷурғот хобонда бошад, ҳарфе намезад. Ба фикр фурў рафта ва хеле ҷиддӣ менамуд.

Ниҳоят даҳон кушода:

– Хизматона чанд? – гўён, пурсид.

Гўиё як қад парида, пурсид:

– Чӣ гуфтӣ?

Суолашро такрор кард.

– Ҳа-а, ҳеҷ қиммат не, – гуфт ў. – Ҳамагӣ як барги сабз.

Ориф як қад парида монд. Сипас дасту пояш ларзид. Аз “барги сабз” қимоб шуда буд. Гўшаш як садо доду баъд ҷеғ зад. Баданаш тафсид. Асабаш ҷўшид. Дилаш танг шуд. Дасту пояш суст гашт.

– Ориф, – ўро ном гирифт Сангин, – чӣ дам ба дарун задӣ?

– Чӣ? Ҳа, ҳозир, – ў ба худ омад, сар боло кард ва пас аз каме таҳаммул афзуд: – Ҳафтод сомонӣ медиҳам, мешавад?

– Чӣ?! Ҳафтод сомонӣ? – чашмонаш калон кушода шуданд. – Чӣ маро масхара мекунӣ?! Як барги сабз! Як тин кам не!

Ориф чашм ба рўи ў дўхт. Намуди Сангин тамоман ҷиддӣ буд.

– Ҳа-а, – мад кашид ў. – Ин тавр гўй. Охир ҳафтод сомонӣ ҳам пули кам не-ку?

– Шояд барои ту кам набошад. Барои ман кам, – вай ҳеҷ аз аспи ғурур намефуромад. – Ҳар кас бояд қадру қимати худро донад. Дигар ҳофизон панҷ барги сабз мегиранд.

Як оҳи сард кашида, гуфт:

– Ҳа, ҳофиз то ҳофиз дорад…

– Рост, – дарҳол сухани ўро бурид Сангин, – беинсофаш ҳам бисёр. Лекин ман аз рўи инсоф мегирам. Чени ризқу рўзӣ. Ризқу рўзиро пеши по задан хуб нест.

Боз як оҳи сард кашид ва оромона гуфт:

– “Ризқ ончунон хуш аст, ки кам-кам фитад ба даст, заҳр аст рўзие, ки ба як бор мерасад” – гуфтааст соҳибдиле.

Якбора чун хас оташ гирифта, бе ҳеҷ истиҳола гуфт:

– Рав ба назди ҳамон соҳибдил, тўята обод кунад!

Оташи қаҳру ғазаби Ориф дубора аланга гирифт.

– “Бисёр маталаб, ки ба кам зор шавӣ” – гуфтаанд, – ниҳоят дилашро холӣ кард Ориф.

Нигоҳи тези Сангин гўиё ба мағзи устухонаш расид.

– Э, чӣ ин қадар гуфтаанд, гуфтаанд, мегўӣ?! Ҳеҷ гоҳ пеши ту зор намешавам.

Ориф оҳи сўзону сангин кашид. Дарёфт, ки сухан ба ў асар надорад. Калиди қулфи дилаш барги сабз. Вай бо ҳасрату афсўс оҳе кашид. Ва чашмаш ба нуқтае дўхта шуд. Чаро мардум ин қадар ба пул дил бастаанд? Пулпарастӣ пеша кардаанд? Пула бинанд, чашмашон барқ мезанад, дилашон гум. Пул гуфта, ба чор сў метозанд. Пул гуфта, на шаб хоб доранду на рўз. Пул гуфта, имону инсофашонро мефурўшанд. Гўё барои пулҷамъкунӣ ба дунё омада бошанд. Пул чист? Хору хас! Баъзеҳо онро чирки даст, баъзеҳо барги хазон мегўянд, ки ҳақ асту рост. Чирки даст ҳамин ки шустӣ, тоза мешавад, хазон, хору хас фағғӣ дармегираду дуд мешавад, одамгарӣ мемонад. Дунёро мегирифт, падарат мегирифт. Чӣ қадар доро буд ў. Омирона, бо як салаботи хоси худ қадам мезад. Ҳар киро назараш намегирифт. Оқибат чӣ шуд? На зар шафоаташ карду на мол. Дар маҳбас ҷон дод. Афсўс, сад афсўс, ки қисмати падар ба писар дарси ибрат нагаштааст.

– Фаҳмо-о, турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро! – бо дили шикаста оҳи сўзону сангин кашид Ориф.

Сангин рў ба дигар сў тофт.

Ориф дигар на талх гуфту на ширин. Ва вазнину оҳиста бархост.

Сангин ҳам чизе нагуфт.

Ориф “атояшро ба лиқояш бахшид”.

Бо димоғи сўхта ба истгоҳ омад. Одам бисёр, ягон намуди нақлиёт намоён нест. Гадое беист мелаққид. Дилаш дардолуд таҳ кашид. Як-як одамонро аз назар гузаронд. Ягон шиносро надид, ки сўҳбат кунаду ғами дил гўяд. Бар замми ин ҳаво вайрон мешуд. Интизор нашуд, пиёда роҳ пеш гирифт. Дилаш моломоли ҳасрату афсўс. Ҳалқаш қоқ, базўр қадам мегузошт.

“Худоё, чаро ў ношукрӣ кард?! Чаро аз ҳафтод сомонӣ рўй гардонд?! Ё ў масти пул асту ҳафтод сомониро назараш нагирифт?!

Шояд?!

Ё ин ки ҳофизи номӣ шудааст?!

Шояд?!

Пас чаро ў бехабар?!

Пас чаро дар ин ошхона ҳофизӣ мекунад?!

Ё кори нек мекунад?!

Пас чаро барои ду соат як барги сабз тамаъ дорад?!”

Ногоҳ ба чизе пешпо хўрд.

– Э, – гўён аз хоб бедор шудагӣ барин ба атроф нигарист. Чанд кас ўро песонд, яке заҳрханда, дигаре бинӣ инҷ кард. Ў боз роҳашро давом дод.

“Ё тавба?! Ин бозори иқтисодӣ инсофу имонро кўшт! Номардонро болои об баровард. Кӣ худаш вай? Як ҳофиз! Ҳофизи дайду! Бо ду даҳан хонданаш, як барги сабз металабад-е! Гўё ки дар замини Тоҷикистон барги сабз мерўида бошад! Умуман ин чӣ гап аст? Пули миллӣ – ҳиси миллӣ! Аммо дар ҳама ҷо бо барги сабз гап мезананд. Боз “условний единица”. Гўё ки кару кўранд. О, ман қариб бист сол хондам-а? Даҳ сол барои мактаби миёна, чор сол дар Кофарниҳон барои маълумоти миёнаи махсус, панҷ сол дар Душанбе барои таҳсил дар мактаби олӣ… Маошам бисту ҳафт сомонӣ! Вай бошад, як барги сабз мегўяд! Як барги сабз кам не, ғам не, дусаду ҳафтод сомонӣ! Яксола маоши ман! Э, ҳоло ба дирам зор мешавӣ, гўшначашм! Намурам, мебинем!..”

Ҳамин вақт овозе риштаи хаёлу мунозираи ўро барканд. Вай сўи овоз гашта, шиноси кўчагиаш Бозорро дид.

– Ҳа, ба ту чӣ шуд? – кунҷкобӣ кард Бозор. – Зиқ менамоӣ? Чӣ ташвиш дорӣ?

Ориф бо қавоқи овезон ба ў назар андохт.

– Ташвиши…

Вай давоми суханашро хоид: аз “шогирд” чӣ дид, ки аз як шиноси кўчагиаш бинад.

– Ташвиши чӣ? – исроркорона пурсид Бозор.

– Не, ҳамту, гуфтам-дия, – сар печид ў.

– Не, дарундорӣ ҳоҷат не, – боисрор талаб кард Бозор. – Гўй, ки чӣ гап?

Ориф чӣ гуфтанашро надониста, як оҳи дардноке кашид.

– Гўй, ки чӣ гап?

Ориф ночор гуфт. Бозор қоҳ -қоҳ хандид.

– Э – валлоҳ! – қоиле! Воҳима кардӣ-да. Ҳоло аз саг ҳофиз биёру ту ҳофиз мекобӣ.

– Гапат рост. Ба чанд нафараш ранг зард кардам. Аз осмони ҳафтум қапиданд. Ба яктааш ҳафтод сомонӣ гўям, не як барги сабз мегўяд, – гуфт ў бо дили озурда.

– Чӣ-ӣ? Аз ҳафтод сомонӣ рўй гардонд? Ҳо, ношукрбандае! Хайр, кирои зиқӣ не. Ту осуда бош. Ман ба ту ҳофизе меёбам, ки бо ҳафтод сомонӣ хизмати олӣ мекунад.

Шубҳаомез ба ў дида дўхта:

– Ҳа-а-а… Рост мегўӣ? – гуфта пурсид.

Бозор бо ҳайрати беандоза сўи вай нигарист:

– Ту чӣ, бовар намекунӣ?

– Не, не, ту чиҳо мегўӣ… Ў кист?

– Медонӣ, ҷўраҷон, ангура хўру боғаша напурс, духтара бўсу номаша напурс. Фаҳмидӣ?

– Фаҳмидам. Ба даҳонат асал, Бозорҷон, – гуфт Ориф хурсанд шуда.

Вале он зуд ғайб зад. Ба дилаш шубҳа паҷа заду бо дудилагӣ ба Бозор нигарист. Бозор инро пай бурд.

– Ман суханро ба ҳаво намедиҳам, – қатъи гуфт ў. – Бираву осуда бихоб.

Парешонӣ, бесаранҷомӣ, туғёни ботину зоҳираш рафъ шуданду табассуми маҳине дар лабонаш нақш баст. Бо вуҷуди ин панҷ рўз дар назари Ориф гўё панҷ сол барин тўл кашид.

Тўй дар рўзи таиншуда барпо гашт. Бозор ба аҳдаш вафо кард. Ҳофизҳои ёфтааш хеле хуб хонданд. Ориф боз хеле такудав карда, хизмат намуд. Оши наҳор хуб гузашт.

– Ҳазор раҳмат! – гўён, ба сарвари ҳофизон ҳафтод сомонӣ дод. Аммо ў бист сомониашро баргардонд. Ориф таҳайюромез ба ў нигарист.

– Худо кама диҳаду ғама не! – гуфт ў.

Тағояш аз ў беҳад миннатдор шуд. Дар назди дўсту душман хитоб кард:

– Офарин! Ҷиянита исбот кардӣ!

Табъи ҳаво хира, табъи Ориф чоқ. Чеҳрааш хандон, иштиҳояш қозгир. Вай лаҳзае пеш ба ошхона омада, гўшаи дури онро ихтиёр кард. Сихкабоб фармуд. Соати расо дувоздаҳ Сангин ба ҳофизӣ шурўъ намуд. Савтҳо аз чӣ бошад, ки дилшикастаю нолишкунанда, ҳазину дилхарош садо медоданд. Ногаҳ вуҷудашро як эҳсоси ҳасрату афсўс фаро гирифт. Ба вай чунин менамуд, ки одамон ба Сангин ноаён писханд мезаданд. Гурўҳе бо нафрату адоват ба ў менигаристанд. Қавоқҳои Сангин овезон. Лабонаш ноаён меҷунбиданд. Худ ба худ чизе мегуфт. Вай каме дам гирифту боз ба навохтан оғозид. Марде назди ў рафт.

– Нон гулўямро гирифт, – гуфт ў.

Сангин бо тарс ба ў нигарист.

– Маҳ, – мард ба ў як дона панҷоҳ дирама дод. – Ягон шўхаша навоз, ки хўрок аз гулў гузарад.

Дигаре ба назди ў як бистдирамаро ҳаво дода, гуфт:

– Ҳа, шўхаша навоз!

Пас аз ин Сангин навои фораму дилнавозеро навохт. Ориф ба наво гўш андохта, аз дил мегузаронд, ки чӣ хел одами палид чунин наворо менавозад? Ҳофизӣ ба итмом расид. Ориф ҳам бо пешхизмат ҳисобӣ кард. Роҳаш аз назди Сангин мегузашт. Вақте ки ў ба Сангин наздик мешуд, мудири ошхона бо ў ҳисобӣ менамуд. Ориф беихтиёр истод. Мудири ошхона ба Сангин се сомонӣ дод.

– Як ду-се сомонии дигар диҳед, – илтиҷо кард Сангин. – Дар хона ҳеҷ чизи хурданӣ надорам.

– Боз хирагӣ-а? – норозиёна гуфт мудир. – Боз хирагӣ! О, шумо ҷўгӣ не-ку?!

– Охир, зиндагӣ мушкил афтода… Осмон баланду замин сахт, – бо гардани каҷ гуфт Сангин.

– Ба мо ҳам осон нест. Вале қарордод аз ҳама чиз авло! Онро вайрон карда наметавонам! – гуфт мудир ва гашта роҳӣ шуд.

– Мумсик!

Аз ин садо на танҳо мудир, Ориф ҳам як қад парид. Мудир оҳиста сўи Сангин гашт.

– Чӣ-чӣ? – абрў гиронд мудир. – Чӣ гуфтед?

– Кар шудӣ?! Мумсик!

– Ҳай афсўс…

– Чӣ?!

– Тоза кўрнамак будаед-да.

– Худат кўрнамак! – шўрид Сангин.

Мудир эътироз намуд:

– Ту-ту нагўед.

Дағалона дод зад:

– Ту мегўям!

Оби даҳонашро фурў бурда, боз гуфт:

– Худат кӣ шудӣ, ки шумо гўям. Як таргаш!

– Чӣ?! – хашмӣ шуд мудир. – Ман кӣ?!

– Таргаш!

– Во аҷабо! – гиребон дошт мудир. – Наход мукофоти подоши некӣ бадӣ бошад.

– Э, ҳой, чӣ некӣ кардӣ? – бо дағдағаю дасиса рў овард ба мудир. – Чӣ бисёр, ошхона. Ба кадомаш наравам, ҷон-ҷон гуфта, мегиранд.

Ин дафъа мудир ба ў бо кароҳат нигоҳе афканд ва бо қатъияту тундмиҷозона амр кард:

– Ба ту касофат ҷавоб! Дигар набиё! Озод!

– А?! – нидои ҷонгудоз баровард Сангин.

Сипас пас-пас рафта, бемадор барин оҳиста ба курсӣ нишаст.

Ориф дар як ҳолати ноҳинҷор монд. Мутаассир гашт, дилаш сўхт, надонист чӣ кор кунад. Ҳайрон, гунг. Дилаш дар такопў. Ин дам теғи нигоҳи Сангин ба рўи вай давид. Нигоҳаш гўё ўро хўрд. Пиндошт, ки ягон гапи дағал мезанад. Не, хато кард. Сангин нигоҳашро тез гурезонд. Ва сараш, гўё ки аз паси гарданаш як шамшер зада бошанд, ба пеш хам хўрд.

Табъи ҳаво чун табъи Ориф хиратар гашт.

12 январи соли 2002

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …