Главная / Теги: Канзи Шифо (страница 7)

Теги: Канзи Шифо

Зардолу дар Канзи Шифо (Китоб)

zardolu_-500x330

Зардолу — Ин меваи маълум аст, ки навъҳои гуногун дорад: мағзаш талх ва ширин низ мебошад. Беҳтарини ҳамааш пӯсташ нафис, шодоб, ширин ва берешаи мулоими он аст, ки мағзи донакаш низ ширин бошад. Мизоҷи ин дар дараҷаи дувум сард ва тар аст. Зоҳиран мизоҷи зардолуи ширин гармтар мебошад. Хислатҳои шифобахши он. …

Муфассал »

Лиму дар Канзи Шифо (Китоб)

lemon-600x330

Лиму (Лимон) — ин маълум аст, ки самари он дар таъм гуногун, турш, ширин ва майхуш (туршу ширин) мебошад. Беҳтарини он калон-калони пӯсташ тунук, ялаққосӣ, расидагӣ ва сероби он аст. Ин самар ҳангоми норасӣ сабз ва дар вақти пухта расидан зарди андак ба сурхӣ моил мешавад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард …

Муфассал »

Маргимоҳӣ дар Канзи Шифо (Китоб)

margimohi_dumigov

Маргимоҳӣ (Думигов) — Ин гиёҳро кӯфта, дар об андозанд, моҳиёнро беҳис гардонида ва онҳо чаппа гашта ба рӯйи об мебароянд, ҳатто мемиранд. Бинобар ҳамин маргимоҳӣ ном гирифтааст. Дар баъзе маҳалҳо тоҷикон инро думигов низ меноманд. Қадди ин гиёҳ ба ҳисоби миёна то як метр мехезад, баргҳояш хокистарранги пашмакдор, ба рӯйи замин …

Муфассал »

Марҷон дар Канзи Шифо (Китоб)

www.Bijuteria-online.com

Марҷон (русс. Корал)- ин ҷисмест сахт, монанди дарахт поя ва нах дорад, ки намудҳои сурх, сафед ва сиёҳ дорад — дар зери об аз замин мерӯяд ба баландии то як метр ва зиёда низ. Шохҳояш барг ва самар надоранд. Беҳтарини он қитъаҳои бузурги сурхранг, ялаққосӣ, бесӯрох ва камгиреҳи он аст. Баъд …

Муфассал »

Лубиё дар Канзи Шифо (Китоб)

lubiyo-660x330

Лубиё  — ин зироати маълум ва машҳур аст, дар шароити Осиёи Марказӣ хуб ҳосил медиҳад. Тухми он ҳамчун масолеҳи ош ва инчунин дар тиб низ истифода мешавад. Навъҳои сурх ва сафед дорад. Мизоҷи навъи сурхаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум тар аст, вале мизоҷи сафеди он дар гармӣ …

Муфассал »

Бодоми ширин дар Канзи Шифо (Китоб)

Almonds in the sack and almond oil on mat isolated on white background

Бодоми ширин — ин самари дарахти маълум аст, ки дар шароити табиии Осиёи Марказӣ ва дигар мамлакатҳо парвариш меёбад. Беҳтарини он нозукпӯст, бузургмағз ва серравғани он аст. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст ва ба қавли баъзе табибон дар гармӣ ва тарӣ мӯътадил мебошад. Хислатҳои шифобахши он: бодомро …

Муфассал »

Бодоми талх дар Канзи Шифо (Китоб)

bodomi_talx-600x330

Бодоми талх — ин ҳам монанди бодоми ширин, вале мағзаш талх аст. Бинобар ҳамин ҳам дарахт ва ҳам самарашро бодоми талх номидаанд. Беҳтаринаш донааш бузург ва серравғани он аст. Мизоҷи мағзи ин дар дараҷаи севум гарм ва дар охири дараҷаи якум хушк аст, инчунин баъзеҳо дар дараҷаи дувум гарм ва хушк …

Муфассал »

Васма дар Канзи Шифо (Китоб)

vasma

Васма — ин барги растаниест, ки дар мамлакатҳои гарм мепарваранд. Дар Тоҷикистони мо низ парвариши он ривоҷ дорад. Баргаш ба барги мӯрд монанд аст. Пояаш миёнхолӣ нест, шохҳояш анбӯҳ, самараш ба андозаи донаи мурч аст, ки баъди расидан сиёҳ мегардад ва дар миёни он самар тухми реза дорад. Навъи саҳроӣ …

Муфассал »

ХУН — дар Канзи Шифо (Китоб)

xun-660x330

Мизоҷи хуни ҳамаи ҳайвонот гарм ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хуни ҳар як ҷонварро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад ва агар бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад. Агар онро бирён намуда бихӯранд, исҳолро мебандад, заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад. Хуни боли кабӯтарро, ки нав пар бароварда бошад, ба чашм кашанд, шабкӯриро сиҳат …

Муфассал »

Мағзи сари одам ва ё ҳайвон — Канзи Шифо

magzi_sar

Ин майнаи ҳар ҳайвон аст. Мизоҷаш хунук ва тар мебошад. Хислатҳои шифобахши он: дерҳазм аст, қуввати тарёқӣ дорад. Агар инро бихӯранд, майнаро қувват мебахшад, манӣ пайдо мекунад. Агар онро бимоланд, хушкии майнаро дафъ мекунад; иллати сарсомро, ки варами майна ва пардаҳои он аст, шифо мебахшад, кафидагиҳои пусти баданро сиҳат мекунад. Вале хӯрдани майна ба …

Муфассал »