Главная / Илм / Лиму дар Канзи Шифо (Китоб)

Лиму дар Канзи Шифо (Китоб)

lemon-600x330Лиму (Лимон) — ин маълум аст, ки самари он дар таъм гуногун, турш, ширин ва майхуш (туршу ширин) мебошад. Беҳтарини он калон-калони пӯсташ тунук, ялаққосӣ, расидагӣ ва сероби он аст. Ин самар ҳангоми норасӣ сабз ва дар вақти пухта расидан зарди андак ба сурхӣ моил мешавад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст, баъзеҳо тар ҳам гуфтаанд.

Хислатҳои шифобахши он: ошомидани ин дарди сари аз гармӣ ва чарх задани сар, ки сабабаш ба сар баромадани бухороти ахлоти ғализ бошад, шифо мебахшад, хуморро таскин ва варами гарми ҳалқро таҳлил медиҳад; тапидани дилро, ки сабабаш бисёрии савдо бошад, шифо мебахшад, фишори баланди хун ва ҷӯшиши сафроро паст мегардонад; тафси меъдаро пас мешинонад; қайи сафровӣ, беҳузур (беҷо) шудани дил, ҳазм наёфта ба қафо баргаштани таомро ба ислоҳ меоварад; моддаҳои гармро аз ҷигар ба меъда кашида берун мекунад; меъда ва ҷигари гарммизоҷро қувват мебахшад, инчунин барои табҳои сафровӣ ва аз ҷӯшиши хун содир шуда бошанд, бадбӯйии хун, таби рӯздармиёни бемодда ва моддӣ даво мебошад.

Истеъмоли лиму ба дарун барои асаб ва гирифторони сурфаи хунукмизоҷ зарар дорад. Агар ҳангоми холӣ будани меъда бихӯранд, рӯдаҳоро заиф мегардонад ва дар ин узвҳо дард пайдо мекунад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш шакар ва асал хӯрдан аст. Огоҳ намоем, ки агар худи лимуро ба танҳоӣ бо мудовамат бихӯранд, хобро мегурезонад. Бинобар ҳамин бояд, ки инро бо шакар ё бо қанди сафед бихӯранд.

Чун лимуро бо корд бурида, тарафи буридаи онро дар оташ гарм намуда, ба пешонӣ ва чаккаҳои сар батакрор бимоланд, дарди сареро, ки сабабаш гармӣ бошад, таскин медиҳад. Ва агар буридаи онро бимоланд, доначаҳои дар пӯст ҷӯшида, шаро (аллергия) ва хушк шудани пӯсти баданро шифо мебахшад ва агар ба рухсора бимоланд, онро пок ва чиркҳояшро нест мекунад.

Хӯрдани лиму заҳрҳои ҷонварон ва заҳри давоҳои қаттолро аз бадан дафъ мекунад. Лимуро дар аксар ҳолат ба ҷойи сирко истеъмол менамоянд ва барои дафъ намудани бемориҳои сафровӣ беҳтар аз лиму ва шароби он даво нест. Мизоҷи шаробаш дар дараҷаи якум сард ва дар тариву хушкӣ мӯътадил аст, вале шароби асалии он моил 6а хушкист. Ҳаким Антокӣ шароби шакарии онро дар дараҷаи дувум сард ва дар якум тар донистааст.

Беҳтарин шароби соддаи лиму он аст, ки аз оби лимуи нави расида молида, соф гардонида бошанд, бо шакар ё бо қанди сафед ва ё бо асали соф тартиб дода, яъне ҷӯшонида бошанд, ки туршии хуштаъм дошта бошад ва аз сохтани он зиёда аз як сол нагузашта бошад, дар давогӣ истеъмол кардан равост.

Шакари сафеди софро дар зарфе карда, аз болояш лимуро фишурда обашро бирезанд он миқдор, ки шакарро тар гардонад. Ҳамии тавр як шабонарӯз бигузоранд, пас соф намуда, аз он миқдоре оби лимуро ба он бирезанд, то таъми онро неку турш гардонад ва баъд дар оташ ба қивом оваранд, беҳтар аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин шароби лиму дар навбати аввал барои бемориҳои дар боло зикрёфта нафъ дорад; барои ҷӯшиши даҳан, бастагии забон, соф кардани овоз, пок намудани узвҳои даруни сина аз моддаҳои бегона, дафъ намудани сурфаи гарм, дилтапак (дилбозӣ), ки аз моддаҳои гарм бошанд, шикастанн шиддати сафро, дафъи фишор ва ҷӯшиши хун, табҳои сафровӣ ва мураккабу даврӣ, кандан ва дафъ кардани ахлоти сӯхта ва савдовии ғафси часпак, манъ кардану боло баромадани бухорҳои савдовӣ, аз ҷояш кандани ҳар як модда ва хилти ғафс ва часпак даво мебошад.

Чун ин шаробро пеш аз давоҳои исҳоловар бинӯшанд, баданро барои қабул кардани давои исҳоловар тайёр мегардонад ва баъди он ғусл медиҳад баданро ва инчунин ҳар он чиро, ки дар бадан мавҷуд бошад, аз бақияи давои исҳоловар пок менамояд. Касе, ки ҳамеша инро биёшомад, саломатиашро нигоҳ медорад ва барои тамоми бемориҳои кӯдакона фоида дорад. Дар бобати дафъ кардани зарари заҳрҳо, табҳои даврӣ ва мураккаб мақомаш баробари тарёки форуқ аст. Чун ҷавоҳиротро бо оби лиму бисоянд ва чил рӯз дар оби лиму бигузоранд, инчунин вақт-вақт оби лимуро нав гардонанд, онҳоро ҳал мекунад.

Мизоҷи тухми лиму дар дараҷаи дувум гарм ва дар охири дараҷаи якум хушк аст. Инро бихӯранд, фараҳ меоварад, бар зидди заҳрҳо тарёк мебошад, яъне заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад, ба шарте ки аз пӯсташ ҷудо карда бихӯранд. Аз 3,5 то 7 грамми онро бо оби гарм ё бо шароб бихоянд, кундии дандонҳоро, ки аз расидани туршӣ ба ҳам расида бошад, ислоҳ мекунад.

Чун лимуро батамом хушк намоянд ва ба вазни он дар шакар соида бихӯранд, барои манъи ба сар баромадани бухорот, кушодани гиреҳҳои узвҳои бадан давои ба ин монандро ёфтан амри муҳол аст. Лимуи намакхӯрдаро биёшоманд, меъдаро қувват мебахшад, бӯйи даҳан ва оруғро хушбӯй мегардонад.Барги лимуро бо андак қаранфули гардан ва ё дорчинӣ соида бимоланд, дарди сарро дафъ мекунад, бидуни дорчинӣ ҳам бимоланд, ҳамин гуна манфиатро дорад. Манфиати лимуи ширин назар ба турши он заифтар, вале ба асаб зарар намерасонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …