Главная / Теги: Биология (страница 4)

Теги: Биология

Полимерҳои биологӣ–сафедаҳо

Полимерҳо

Дар байни моддаҳои органикии ҳуҷайра сафедаҳо миқдоран ва аз рўи аҳамият ҷои аввалро ишғол менамоянд. Дар ҳайвонот тақрибан 50%-и массаи хушки ҳуҷайраҳо ба сафедаҳо рост меояд. Дар организми одам 5 млн. типи молекулаҳои сафедагӣ вомехўранд, ки на фақат байни ҳамдигар, инчунин аз сафедаҳои дигар организмҳо низ фарқ мекунанд. Бо вуҷуди …

Муфассал »

МОДДАҲОИ ОРГАНИКИИ ТАРКИБИ ҲУҶАЙРА

МОДДАҲОИ ОРГАНИКИИ ТАРКИБИ ҲУҶАЙРА

Пайвастагиҳои органикӣ ба ҳисоби миёна 20-30%-и массаи ҳуҷайраҳои организми зиндаро ташкил медиҳанд. Ба онҳо полимерҳои биологӣ–сафедаҳо, кислотаҳои нуклеинат ва ангиштобҳо, инчунин чарбҳо ва баъзе молекулаҳои хурдгормонҳо, пигментҳо, АТФ ва ғайра мансуб мебошанд. Дар намудҳои гуногуни ҳуҷайраҳо миқдори пайвастагиҳои органикӣ як хел нест. Дар ҳуҷайраҳои растанӣ ангиштобҳои мураккаб-полисахаридҳо бартарӣ доранд; дар …

Муфассал »

МОДДАҲОИ ҒАЙРИОРГАНИКИИ ТАРКИБИ ҲУҶАЙРА

hujaira-03

Об. Пайвастагии ғайриорганикии паҳншуда дар организми зинда–об мебошад. Мавҷудияти он дар организм ба ҳадди васеъ мерасад. Дар ҳуҷайраҳои сири дандон тақрибан 10%, вале дар ҳуҷайраҳои инкишофёбандаи ҷанин-бештар аз 90% об мавҷуд аст. Ба ҳисоби миёна дар организми серҳуҷайра об тақрибан 80%-и массаи баданро ташкил медиҳад. Аҳамияти об дар ҳуҷайра ниҳоят …

Муфассал »

ҲУҶАЙРА – ТАШАККУЛИ ХИМИЯВИИ ОН

hujaira

Ба таркиби ҳуҷайра тақрибан 70 элементи химиявии Системаи даврии элементҳои Д.И.Менделеев дохил мешаванд, ки онҳо дар табиати ғайризинда низ дучор меоянд. Ин яке аз далелҳои ягонагии табиати зинда ва ғайризинда аст. Лекин таносуби элементҳои химиявӣ ва аҳамияти онҳо дар офаридани моддаҳои ташкилкунандаи организми зинда, ҳамчунин, дар ҳар кадом объекти табиати …

Муфассал »

МАРҲИЛАҲОИ АВВАЛИНИ ЭВОЛЮТСИЯИ БИОЛОГӢ

metabolism

Пас аз пайдоиши фотосинтез ва мубодилаи аэробии моддаҳои нахустин ҳодисаи муҳими эволютсияи биологӣ – пайдоиши эукариот ва организмҳои серҳуҷайра ба шумор мераванд. Дар натиҷаи ҳамзистии муфид – симбиози ҳуҷайраҳои прокариотии гуногун, организмҳои ҳастадор ё эукариотӣ пайдо шуданд (расми 2.9). Заминаи асосӣ барои симбиоз, эҳтимол, ҳуҷайраҳои амёбашакли гетеротрофӣ буданд. Ғизои онҳо …

Муфассал »

ЭВОЛЮТСИЯИ МУБОДИЛАИ МОДДАҲО (Метаболизм Чист)

Метаболизм чист

Баробари пайдо шудани дастгоҳи оддии генетикӣ ҳуҷай раҳои соддае, ки чунин дастгоҳро доштанд, қобилияти синтез кардани полипептидҳои махсусро пайдо намудаанд. Мавҷудоти аз онҳо пайдогашта оилаҳои ҳуҷайраҳои соддаро ба вуҷуд оварданд, ки бо ҳам қаробат ва хосияти ирсӣ доштаанд ва зери таъсири интихоби табиӣ мемонданд. Он ҳуҷайраҳои соддае, ки маводи ирсӣ …

Муфассал »

ЭВОЛЮТСИЯИ ПРОТОБИОНТҲО

protobintho

Агар фарзияҳои тасвиршударо таҳлил кунем, ба хулоса омадан мумкин аст, ки инкишофи ин гуна системаҳои бо ҳам таъсиррасони «автоматҳои» органикӣ табиати тобиологӣ дошта, бо роҳи гуногун рафтааст ва муддати хеле зиёд давом кардааст. Вале самтҳои муҳими эволютсияе, ки ба пайдоиши системаи биологӣ оварда расонид, якчандтоянд: эволютсияи протобионтҳо, пайдоиши катализаторҳои фаъоли …

Муфассал »

НАЗАРИЯИ КОАТСЕРВАТӢ (ҚАТРАГӢ)

koacevart

Муаллифи ин назария биохимики машҳури рус, академик А.И.Опарин мебошад. Баъдтар, новобаста аз А.И.Опарин олими англис Ҷ.Ҳолдейн низ ба чунин хулоса омад. Опарин ақида дошт, ки гузариш аз эволютсияи химиявӣ ба биологӣ ҳатман пайдоиши системаҳои моддаҳои ҷудогонаи индивидуалиро тақозо мекунад. Онҳо, эҳтимол, қобилияти онро доштанд, ки бо муҳити беруна якҷоя амал …

Муфассал »

НАЗАРИЯИ ПАЙДОИШИ ПРОТОБИОПОЛИМЕРҲО

protobio

Ақидаҳои мухталиф оиди хусусиятҳои муҳити аввалаи Замин ба он оварда расониданд, ки бо вуҷуди ягона будани мақсад таҷрибаҳои тақлидӣ гуногун буданд ва натиҷаҳо низ гуногун ҳосил мешуданд. Баъзе аз назарияҳои муҳими пайдоиши сохтори полимерҳои сайёраамонро, ки дар ибтидои ҳосилшавии биополимерҳо (асоси ҳаёт) қарор доранд, дида мебароем. Назарияи ҳарорати паст Назарияи …

Муфассал »

Назарияи ҳарорати паст

uchen

Муаллифони назария – олимони руминӣ К.Симонеску ва Ф.Денеш мебошанд. Онҳо оид ба шароитҳои бо роҳи абиогенӣ пайдо шудани моддаҳои соддаи химиявӣ ва конденсатсияи онҳо дар сохтори полимерҳо ақидаи дигар доштанд. Онҳо ҳамчун манбаи энергия барои ҳосилшавии протобиополимерҳо ба энергияи хунуки плазма диққати бештар медиҳанд. Ин фикр беасос нест. Плазмаи хунук …

Муфассал »