Главная / Илм / Назарияи ҳарорати паст

Назарияи ҳарорати паст

Муаллифони назария – олимони руминӣ К.Симонеску ва Ф.Денеш мебошанд. Онҳо оид ба шароитҳои бо роҳи абиогенӣ пайдо шудани моддаҳои соддаи химиявӣ ва конденсатсияи онҳо дар сохтори полимерҳо ақидаи дигар доштанд.

Онҳо ҳамчун манбаи энергия барои ҳосилшавии протобиополимерҳо ба энергияи хунуки плазма диққати бештар медиҳанд. Ин фикр беасос нест.

uchen

Плазмаи хунук дар табиат васеъ паҳн шудааст. Олимон тахмин мекунанд, ки 99% коинот дар ҳолати плазма мебошад. Ин ҳолати материя имрўз дар Замин низ дар шакли раъду барқ, шуъои қутбӣ, ҳамчунин плазмаи хеле муҳим ионосфера дучор меояд.

Новобаста аз намуди энергия дар Замин аввалин пайвастаҳои химиявӣ, махсусан моддаҳои органикӣ, ба заррачаҳои фаъол, ба монанди моно ва радикалҳои озоди вазифаашон бисёр, табдил меёбанд. Аммо эволютсияи минбаъдаи онҳо ба зичии ҷараёни энергетикӣ сахт вобаста буда, дар вақти истифодаи плазмаи сард хуб намоён аст. Олимон барои синтези абиогении протобиополимерҳо ба сифати энергия плазмаи хунукро истифода карданд. Бо роҳи гузаронидани таҷрибаҳои мураккаб ба онҳо муяссар шуд, ки мономерҳои алоҳида ва сохтори полимерҳои пептид ва липидмонандро ҳосил кунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …