Главная / Илм / РАВАНДҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ

РАВАНДҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ

Тавре қайд кардем, мафҳуми информатсия бо амалиётҳои дарёфт, ғункунӣ, қабул, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, ирсол, сабт ва истифода зич алоқаманд аст. Маҷмўи ин амалиётҳоро одатан равандҳои информатсионӣ мегўянд. Азбаски равандҳои информатсионии гуногун метавонанд таҷҳизот ва технологияҳои куллан мухталифро истифода намоянд, бинобар ин, ҳангоми балоиҳагирии системаҳои информатсионӣ ин равандҳоро аз ҳамдигар ҳатман ҷудо тасвир намудан лозим аст. Масалан, барои дарёфти информатсия мо метавонем аз воситаҳои техникӣ (датчикҳо), ҳуҷҷатҳо, формаҳои экрании компютерӣ ва ғайра истифода барем.

exnologiyai-infoБарои коркарди компютерии информатсия бошад, аз протсессорҳо истифода бурдан лозим меояд, ки миқдори онҳо дар компютерҳои фардии ҳозиразамон аз 10-то ҳам зиёдтар аст: марказӣ, графикӣ, принтерӣ ва ғайра. Информатсияро ҳам дар шакли коғазӣ (ҳуҷҷатҳо) ва ҳам электронӣ – дар дискҳои магнитӣ, оптикӣ, флэш-картаҳо ва ғайра нигаҳ доштан мумкин аст. Барои интиқоли информатсия барандагони номбурда ва шабакаҳои алоқавӣ хизмат мерасонанд.

Равандҳои информатсионӣ дар олами зинда, ҷомеа ва техника ба таври васеъ тадбиқи худро ёфтаанд.

Фаъолияти информатсионии инсон. 

Таҷрибаи рўзгор ва дониши инсоният нисбат ба табиат дар омехтагӣ бо азхудкунии информатсия рушд ёфтааст. Маҳз ҳамин раванд ба ташаккули инфосфера оварда расонидааст. Гарчанде мафҳуми коркарди информатсия ба наздикӣ пайдо шуда бошад ҳам, вале методҳои коркарди информатсияро одамон ҳанўз аз замонҳои қадим медонистанд ва онҳоро дар мавридҳои зарурӣ мавриди истифода қарор медоданд.

Дар ибтидо информатсия аз насл ба насл бо таври шифоҳӣ интиқол дода мешуд. Маълумотҳо оид ба малакаҳои касбӣ, аз қабили тарзҳои шикор, коркарди ғаниматҳои аз шикор бадастомада, усулҳои заминдорӣ ва ғайра мисолҳои информатсияи шифоҳӣ шуда метавонанд. Вале баъдтар инсон тарзҳои бақайдгирии образҳои графикии объектҳои муҳити  трофро азхуд намуд. Аввалин расмҳои болоисангии ҳайвоноту наботот ва одамон тақрибан 20-30 ҳазор сол қабл пайдо шудаанд.

Ҷустуҷўй ва дарёфти методҳои навбатии бақайдгирии информатсия ба эҷоди хат оварда расонид. Дар Ҳиндустони қадим одамон дар баргҳои дарахти нахл, дар Бобулистон дар тахтаҳои сафолин, дар Осиё дар девори ғорҳо ва дар Руси куҳан дар пўстлохи дарахти тўс менавиштанд. Эҷоди хат қадами нави инсон дар соҳаи нигаҳдорӣ ва интиқоли информатсия буд.

Ҳодисаи нахустини инқилобӣ дар ин соҳа ихтирои таҷҳизоти чопӣ ба ҳисоб меравад. Таҷҳизоти чопӣ имкон дод, ки одамон дониши касбии худро тавассути барандаи моддии информатсия – китоб паҳн кунанд. Вале китоб ҳамчун барандаи информатсия воситаи мураккаб, нобоб, қимат ва хеле «суст» ба ҳисоб меравад.

Ҳама паҳлўҳои мазмунии китоб ҳангоми варақзанӣ, мутолиа намудан ва дида баромадани он кушода мешавад. Вай бевосита ба раванди истеҳсолӣ таъсир расонида наметавонад. Сараввал одам бояд китоби заруриро дастрас кунад, баъд дониши дар он маҳфузбударо омўзад ва сонӣ онро барои тараққӣ додани истеҳсолот истифода намояд. Бинобар ин, имрўз китоб ҳамчун барандаи информатсия наметавонад ба суръати бемайлон болоравандаи азхудкунии табиат ягон таъсири назаррас расонида тавонад.

Бо гузашти вақт ҳаҷми мубодилаи информатсияи байни одамон низ афзудааст. Барои ғункунӣ, коркард ва интиқоли информатсия нашриёту типография – саноати информатсионӣ тавлид гардидааст. Рўзномаву маҷаллаҳо, ки бо теъдоди зиёд нашр мегардиданд, ба одамон ба ғайр аз информатсияи муфид боз як миқдор маълумоти нолозимро низ бор менамуданд.

ЭЗОҲ: Барои ишорати маълумоти нолозим аз мафҳуми махсуси мағали (ғубор) информатсионӣ истифода мебаранд.

Ба ғайр аз маҳсулоти чопӣ, оҳиста-оҳиста дигар воситаҳои информатсионии оммавӣ – радио ва телевизион низ арзи вуҷуд намуданд. Ва имрўз агар дар хусуси интиқоли информатсияе гап равад, одатан дар назар аст, ки вай тавассути радио ё телевизион пахш гардидааст ва ё дар маҷалла, ё рўзномае нашр шудааст.

Дар баробари шаклҳои номбаршуда, шакли дигари фаъолияти информатсионии инсон мунтазам тараққӣ кардааст. Давлатҳои алоҳида ба хотири васеъгардонии территорияашон нисбат ба ҳамсоягони худ сиёсати агрессивиро пеш мебурданд. Гузаронидани амалиёти ҷангӣ бошад, дар ихтиёр доштани як миқдор информатсияро дар хусуси потенсиали ҳарбии рақиб талаб менамуд. Ин гуна информатсияро тавассути разведка дастрас намудан мумкин буд. Барои аз душман эмин нигоҳ доштани информатсияи дастрасшуда, масъалаи ёфтани тарзи ҳифзи информатсия пеш омад.

Ҳамин тариқ, методҳои кодиронӣ (рамзбандӣ) ва интиқоли зуду бехатари информатсия пайдо шуданд.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …