Главная / Гуногун / ИНФОРМАТСИЯ: НАМУД ВА ХОСИЯТҲОИ ОН

ИНФОРМАТСИЯ: НАМУД ВА ХОСИЯТҲОИ ОН

Мафҳуми информатсия. Информатсия мафҳуми хеле васеъ аст. Калимаҳои арабии «хабар», «ахбор», «маълумот», «иттилоот» ва ғайра баъзе паҳлўҳои мафҳуми информатсияро маънидод менамоянд, вале ягонтои он ин калимаро пурра иваз карда наметавонанд.

Масалан, сигнали ягон датчик ё бўйи ягон таъомро информатсия гуфтан мумкин аст, вале иттилоот на. Мафҳуми информатсия аз калимаи лотинии informatio сарчашма гирифта, маънои маънидодкунӣ, фаҳмондадиҳӣ, баёнкунӣ, хабардоркунӣ ва ғайраро дорад. Одамон информатсияро ба ҳамдигар бо тарзҳои шифоҳӣ, хаттӣ ё дар намудҳои имову ишоратӣ ва ё аломатӣ мерасонанд. Инсон ҳар гуна информатсияро аввал худаш дарк мекунад ва баъд онро ба дигарон ирсол медиҳад.

Мо информатсияро аз китобҳои таълимию илмӣ, рўзномаю маҷаллаҳо ва намоишномаҳои телевизиониву кинофилмҳо мегирем. Онро дар дафтар ё конспектҳоямон қайд менамоем. Дар фаъолияти истеҳсолӣ, мо информатсияро дар намуди матну нақшаҳо, маълумотномаву ҳисоботҳо, ҷадвалҳо ва дигар намуди ҳуҷҷатҳо ба қайд мегирем, ё интиқол медиҳем.

Чунин намуд информатсияҳоро бо ёрии компютер низ ба қайд гирифтан, кор карда баромадан ва интиқол додан мумкин аст. Новобаста аз намуди тасвиршавиаш, информатсия ҳамеша маълумот дар бораи ягон шахс ё ягон чиз аст.

Вай ҳодисаҳои дар ҳаёти мо аллакай рўйдода ё рўйдиҳандаро инъикос менамояд. Масалан, мо дирўз кадом корҳоро анҷом додем, ё пагоҳ бо чӣ корҳо машғул мешавем, мисолҳои информатсия шуда метавонанд. Дар ин мавридҳо бояд информатсия ҳатман дар ягон шакли мушаххас – ҳикоя, расм, мақола, шеър ва ғайра тасвир гардад, ё ба қайд гирифта шавад. Асарҳои мусиқӣ ва графикӣ, китобу мусаввараҳо, спектаклу кинофилмҳо –шаклҳои гуногуни тасвири информатсияро ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ, информатсия дар ҳар гуна шакл

– инъикоси дунёи воқеӣ ё хаёлӣ мебошад. Аз ин рў, информатсияро ҳамчун инъикоси ҷаҳони моддӣ дар шакли аломатҳо ва сигналҳо тасвир кардан мумкин аст.

Вале ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки таърифи мутлақо аниқи информатсия вуҷуд надорад. Вай ҳамчун мафҳумҳои нуқта ё ҳамворӣ дар геометрия ва ё адад дар математика мафҳуми ибтидоӣ аст. Информатсияро чунин маънидод кардан мумкин аст:

Информатсия маълумот дар бораи ягон ҳодиса, предмет, шахс, рўйдод ва умуман муҳити атроф аст, ки сатҳи номуайянии дониши инсонро дар ҳамон самти омўзиш кам менамояд.

Бояд гуфт, ки информатсия объекти моддӣ нест:

Ҳангоми ирсол аз як ҷой ба ҷои дигар, информатсия дар ҷои пешинааш низ боқӣ мемонад.

Барои ирсол додан информатсия бояд дар ягон барандаи моддӣ тасвир карда шавад.

Новобаста аз намуди баранда, миқдори информатсия бетағйир мемонад.

Тасвири моддӣ, энергетикӣ ва информатсионии олам.

namudhoi-ittilootИнсоният дар тўли мавҷудияти худ як зумра инқилобҳоиь илмию техникиро паси сар намудааст, ки ҳар кадомашон дар камолот ва худшиносии он нақши амиқро боқӣ гузоштаанд. Масалан, асри сангӣ ба пайдоиши аввалин олоти меҳнат сабаб гашт, ки он заҳмати инсонро куллан дигаргун сохт. Асри биринҷӣ ба азхудкунии гудохтани металл овард, ки он дар дигаргуншавии моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ такони бузурге буд. Ва ҳамин зайл, асри чарх ба пайдоиш ва истифодаи аробаю автомобил, асри барқ ба офариниш ва истифодаи энергияи беҳамтои барқӣ, асри ядроӣ ба инкишофи омўзиши кайҳон ва энергетикаи атомӣ сабаб гаштаанд, ки онҳо меҳнати фикрию ҷисмонии инсонро миллионҳо маротиба осон гардонидаанд. Имрўзҳо мо зуд-зуд дар хусуси асри информатсионӣ сухан меронем.

Дар ҳақиқат асри ХХI асри информатика ва технологияҳои информатсионӣ мебошад. Дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи навтарини коркарди информатсия баҳравар мегардад. Саҳми информатсия дар қабули қарорҳои идоракунии истеҳсолот, ҷамъият, тафаккур ва ҳалли масъалаҳои рўзмарра ба дараҷае меафзояд, ки он ба қатори ду омили ҳаётан муҳими дигар – модда ва энергия шомил  мегардад. Омилҳои сегона, яъне модда-энергия-информатсия ба зумраи он ғизоҳое табдил меёбанд, ки инсони қарни нав мазмуну мундариҷаи ҳаёт ва фаъолияти ақлонию ҷисмонии худро дар такя ба онҳо ба низом медарорад.

Намудҳои информатсия дар ТИ (технологияҳои иттилоотӣ).

Гарчанде инсон информатсияро амалан бо тамоми узвҳои ҳиссиёти худ қабул намояд ҳам, вале ҳоло вай коркарди компютерии  на ҳама намудҳои информатсияро аз худ намудааст.

Масалан, идроки эстетикӣ ё муносибати байни одамон аз зумраи он проблемаҳоеанд, ки коркарди компютерии онҳоро вақт интизор аст. Дар замони мо компютер дар коркарди намудҳои зерини информатсия ба таври васеъ истифода бурда мешавад:

  1. информатсияи матнӣ
  2. информатсияи ададӣ
  3. информатсия дар бораи таърихи рўз ва вақт
  4. информатсияи савту садоӣ
  5. информатсияи графикӣ, аниматсия ва видеофилмҳо
  6. информатсияи махсуси дуӣ.

Дар ибтидо компютер танҳо барои коркарди информатсияи ададӣ хизмат мерасонид. Вале ба зудӣ маълум гашт, ки имкониятҳои компютер хеле васеъ будааст. Аз тарафи дигар, набояд фаромўш кард, ки имкониятҳои компютер беохир нест. Вай дар он соҳаҳое самараи хуб дода метавонад, ки истифодааш дар онҳо амалан собит гаштааст. Соҳаҳои тадбиқи имрўзаи технологияҳои компютерӣ намудҳои дар боло овардашудаи информатсия ба шумор мераванд.

Мутаассифона, тараққиёти минбаъдаи техникаи компютерӣ танҳо ба коркарди ҳаҷми зиёдтари ҳамин намуд информатсияҳо меовараду халос. 

Хосиятҳои информатсия. 

Дарёфти информатсия – ин ба даст овардани далел, маълумот ва додашудаҳо дар бораи хосиятҳо, сохтор ё алоқамандии объектҳо ва рўйдодҳои муҳити атрофи мо мебошад. Мазмуни моддии информатсия имкон медиҳад, ки хосиятҳои асосии он – саҳеҳӣ, мукаммалӣ, муҳиммӣ, актуалӣ, аниқӣ, дастрасӣ, кўтоҳӣ ва фаҳмогӣ равшан карда шаванд.

Информатсия саҳеҳ (мўътамад) ҳисоб карда мешавад, агар вай вазъи аслро мутлақо дуруст тасвир намояд. Информатсияи носаҳеҳ боиси хатофаҳмии рўйдод ва қабули қарорҳои нодуруст мегардад.

Информатсия мукаммал (пурра) шумурда мешавад, агар вай барои фаҳмиши вазъи асл ва қабули қарори дахлдор кифоя бошад. Нопуррагии информатсия монеаи қабули қарорҳо ва сабаби роҳдиҳӣ ба хатоҳо мегардад.

  1. Муҳиммии (арзандагии) информатсия дар он зоҳир мегардад, ки бо ёрии он кадом масъалаҳо ҳал карда мешаванд.
  2. Информатсия актуалӣ (замонавӣ) ҳисобида мешавад, агар вай дар шароити доимо тағйирёбанда воқеиятро дуруст инъикос намояд.
  3. Информатсия фаҳмо (возеҳ, аён) шумурда мешавад, агар вай тарзе ифода шуда бошад, ки дастраси истифодабаранда бошад.
  4. Информатсия аниқ ҳисобида мешавад, агар вай дараҷаи беҳтари наздикии вазъи аслии объект, раванд ё рўйдодро инъикос намояд.

Худро санҷед:

  1. Информатсия гуфта чиро мефаҳмед?
  2. Барои чӣ асри XXI-ро асри информатика ва ТИ меноманд?
  3. Кадом намудҳои информатсия ва хосиятҳои онро медонед?

Иҷро кунед:

  1. Дар бораи мафҳуми информатсия, намуд ва хосиятҳои он маълумот диҳед.
  2. Соҳаҳоеро номбар кунед, ки дар онҳо компютерро истифода мебаранд.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …