Главная / Теги: Кодекси Мехнат (страница 28)

Теги: Кодекси Мехнат

Рухсатии иловагии ҳарсола барои хусусияти махсуси кор

moddai-97-kodeksi-mehnat

Моддаи 97-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии иловагии ҳарсола барои хусусияти махсуси кор Рухсатии иловагии ҳарсола барои хусусияти махсуси кор бо давомнокии на камтар аз 3 рўзи тақвимӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи кормандон, ки меҳнати онҳо ба шиддати зиёди асаб ва эҳсосот вобаста мебошад ё дорои хусусияти махсуси иҷрои кор аст, дода мешавад. …

Муфассал »

Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат

moddai-96-kodeksi-mehnat

Моддаи 96-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат бо давомнокии на камтар аз 7 рўзи тақвимӣ ба кормандоне дода мешавад, ки дар корҳои кўҳии зеризаминӣ, дар конҳои кушоди кўҳӣ, буриш ва карерҳо, …

Муфассал »

Рухсатиҳои иловагии ҳарсола

moddai-95-kodeksi-mehnat

Моддаи 95-и Кодекси Меҳнат. Рухсатиҳои иловагии ҳарсола Корфармо уҳдадор аст ба шахсони зерин рухсатиҳои иловагии ҳарсола диҳад: – ба кормандоне, ки дар корҳои шароити зарарнок ва вазнин кор мекунанд; – ба кормандоне, ки корашон хусусияти махсус дорад; – ба кормандоне, ки дар шароити номусоиди табиию иқлимӣ кор мекунанд; – ба …

Муфассал »

Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда

moddai-94-kodeksi-mehnat

Моддаи 94-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда Ба гурўҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти шароит ва хусусияти уҳдадориҳои меҳнатӣ, синну сол, собиқаи корӣ, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо мумкин аст рухсатии асосии дарозкардашуда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад. Рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда муқаррар карда мешавад: …

Муфассал »

Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин

moddai-93-kodeksi-mehnat

Моддаи 93-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин 24 рўзи тақвимиро ташкил медиҳад. Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин барои ҳамаи кормандон ба таври ҳатмӣ дода мешавад. Корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҳлати давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтаринро бо тартиб …

Муфассал »

Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ва рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда

moddai-92-kodeksi-mehnat

Моддаи 92-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ва рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда Кормандон ҳуқуқ доранд, новобаста аз корфармо ва намуди шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда, шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот ва музди меҳнат ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд.

Муфассал »

Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ

moddai-91-kodeksi-mehnat

Моддаи 91-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ Кормандон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд. Иваз кардани рухсатии меҳнатӣ ба ҷуброни пулӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшаванда …

Муфассал »

Намудҳои рухсатӣ

moddai-90-kodeksi-mehnat

Моддаи 90-и Кодекси Меҳнат. Намудҳои рухсатӣ Рухсатӣ аз намудҳои зерин иборат аст: – рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда; – рухсатиҳои иҷтимоӣ; – рухсатии бемузди меҳнат; – рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок; -дигар намуди рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда аз инҳо иборат мебошанд: – рухсатии меҳнатии асосии …

Муфассал »

Истироҳат дар рўзҳои иди ғайрикорӣ

moddai-89-kodeksi-mehnat

Моддаи 89-и Кодекси Меҳнат. Истироҳат дар рўзҳои иди ғайрикорӣ Истироҳат дар рўзҳои иди ғайрикорӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» муайян карда мешавад. Дар рўзҳои иди ғайрикорӣ корҳое иҷозат дода мешаванд, ки боздоштани онҳо бинобар шароити истеҳсолию техникӣ (ташкилотҳои муттасил коркунанда) ғайриимкон аст, корҳое, ки барои хизматрасонии аҳолӣ …

Муфассал »

Ҷуброни кори рўзҳои истироҳат ва вақти дамгирӣ

moddai-88-kodeksi-mehnat

Моддаи 88-и Кодекси Меҳнат. Ҷуброни кори рўзҳои истироҳат ва вақти дамгирӣ Кор дар рўзҳои истироҳат ва дар вақти дамгирӣ мувофиқи хоҳиши корманд бо додани рўзи дигари истироҳат ва ё дар шакли пулӣ ба андозаи муқаррарнамудаи моддаи 154 Кодекси мазкур ҷуброн карда мешавад.

Муфассал »