Моддаи 90-и Кодекси Меҳнат. Намудҳои рухсатӣ
- Рухсатӣ аз намудҳои зерин иборат аст:
– рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда;
– рухсатиҳои иҷтимоӣ;
– рухсатии бемузди меҳнат;
– рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок;
-дигар намуди рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда аз инҳо иборат мебошанд:
– рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин;
– рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда;
– рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсола.
- Рухсатиҳои иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст:
– рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд;
– рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак;
– рухсатӣ барои таҳсил;
– рухсатии эҷодӣ.
- Рухсатиҳо бо санади корфармо ба расмият дароварда мешаванд.