Главная / Илм / НАҚША ВА ХАРИТА

НАҚША ВА ХАРИТА

Аҳамиятн омӯзиши нақша ва харита. Географияро бидуни нақша ва харита омӯхтан душвор аст. Барои он ки география на фақат ҳодисаҳо ва ҷисмҳои маҳали ба мо маълумро меомӯзад ва тадқик менамояд, вай инчунин ҳодиса ва ҷисмҳои табиати тамоми сатҳи Заминро меомӯзад ва тадқиқ менамояд, ки аз назари мо ниҳоят дуранд. Аз ҳамин сабаб ҳангоми омӯхтани онҳо мо ба харита бисёр муроҷиат менамоем.

Харитаи чахон

Мо аз харита дар кадом қисми сатҳи Зами» ба вуҷуд омадани ҳодисаҳо (оташфишонии вулқонхо, заминҷунбӣ, тӯфон, мадду ҷазр, гуногунии дараҷаи ҳарорат, миқдори боришот ва ғайра), ҷойгиршавӣ ва хусусияти объектхо (кӯҳҳо, ҳамвориҳо, дарёҳо, баҳрҳо, гуногунии хок, наботот, ҳайвонот ва ғайра)-ро меомӯзем. Дар ин маврид харитаро на фақат чун воситаи аёнӣ, балки ҳамчун манбаи дониш низ истифода мебарем. Аз ин бисёр маълумотҳоеро азхуд менамоем, ки дар матни китоби дарсӣ мавҷуд нестанд. Бинобар ин, пеш аз он ки мо харита ва нақшаро дар ҷараёни дарс, нҷрои вазнфаи хонагӣ истифода барем, бояд донем, ки онҳо чигунаанд ва сатҳи Замин дар онҳо чӣ тавр акс ёфтааст. Донистани ин масоил барои хубтар фаҳмиданн нақшаю харита ва бештар азхуд намудани дониши географӣ мадад мерасонад.

Тасвири маҳал дар нақша ва намудҳои он. Ба нақша гирифтани маҳал аз давраҳои қадим ба одамон маълум буд. Он аз манзараи маҳале, ки мо бевосита ва дар сурату аксҳо мебинем, ба куллӣ фарқ мекунад. Чизҳои наздик калон ва он чизҳое, ки дар масофаи дур воқеъ гардидаанд, хурд акс меёбанд. Чизҳои калон хурдро панаҳ менамоянд. Ба чашм ва расму сурат андоза ва шакли маҳалро муайян кардан душвор аст. Ғайр аз ин, манзараи маҳал дар расм ва сурат аз боло не, балки аз паҳлу тасвир карда мешавад. Дар нақша ва суратхое, ки аз чархболу радифҳои маснӯии Замин аксбардорӣ шудаанд, ин тавр нест. Дар онҳо, чи тавре ки мсгӯянд, маҳал ”аз баландии парвозн паранда”. яъне аз боло аксбардорӣ карда шудааст. Ин ба мо имконият медиҳад, ки на фақат гуногунии табиати маҳалро пурра тасвир намоем, балки хусусият. андоза ва ҷойгиршавии объектхои табиатро хуб ва аниқ муайян кунем.

Ба ии аломатҳои монандӣ нигоҳ накарда, суратҳои аз чархбол ва аз кайҳон гирифта аз нақшаи маҳал фарқ мекунанд. Дар ин суратҳо объектхое, ки дар маҳал мавҷуданд (замини кишт, боғҳо, деҳаҳо, дарё ва кӯлҳо…), чи тавре ки дида мешаванд, ҳамон тавр акс меёбанд. Бар хилофи суратҳо ҳамаи объектхои маҳал дар нақша ба воситаи аломатхои шартӣ тасвир карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар сурати аз чархбол ва аз кайҳон гирифташуда на ҳама объектҳои маҳал пурра ва равшан акс меёбанд. Дар нақша бошад, ҳамаи объектхои маҳал бе ягон ноқисӣ аксбардорӣ карда мешаванд. Инро ҳангоми муқоисаи нақшаи маҳал ва сурати он ба осонӣ фаҳмидан мумкин аст (ба намунаи 1 нигаред).

Тамоми ҷиҳатҳои хоси нақшаро ба ҳисоб гирифта, онро чунин таъриф медиҳанд: қисми сатҳи Заминро, ки аз боло бо миқёси муайян дар рӯи коғаз ба шакли хурд тасвир карда шудааст, нақшаи наҳал меноманд. Накша аҳамияти амалй лорад. Пеш аз он ки дар ин ё он мавзеъ роҳ, наҳри сунъӣ, обанбор, иншооти барқӣ, корхона ва ғайра сохта шавад, мавҷуд будани нақшаи махал зарур аст. Бидуни чунин накша сохтани ҳама гуна иншоот натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, чунки бе донистани хусусияти ҷинсҳои кӯҳӣ, Таркиб ва хобиши кабатҳо, соддагй ва мураккабии релеф ва ғайра сохтани иншоотҳои калон ба ҳар гуна оқибатҳои нохуш оварда мерасонад.

Аломатхои шартӣ. Тавре ки аз таърифи нақша маълум аст, он шакли хурд тасвиршудаи ин ё он қисми сатҳи Замин мебошад. Бинобар ин ҳамаи он объектҳосро, ки дар маҳал мавҷуданд, дар нақша бо аломатҳои шартӣ ҷойгир кардан ииҳоят душвор аст. Аз ҳамин сабаб барои дар накша ҷойгир кардани онхо илми накшабардорй (топография) ба хар як объекти дар маҳал воқеъбуда аломати шартии мувофиқ муайян кардааст. Аксари онҳо бо ранг, шакл, намуди зоҳирӣ, мавкеъ ва тарзи ҷойгиршавӣ ба объектҳое, ки дар нақшаи маҳал ҷойгир карда шудаанд, шабоҳат доранд. Аз ҷумла кӯлу дарёро бо ранги кабуд, регзорро бо ранги ҷигарй, ҷангалзорро бо ранги сабз, марғзорро бо хатчаҳои ҷуфти решамонанд, дарахтони меваро бо доирачаҳои хурди рост сафкашида. замини киштро бо ранги сафсд ишора менамоянд.

Объектхое, ки дар маҳал масоҳати калонро ишғол мекунанд (ҷангалзор, марғзор, регзор. ботлоқ, замини кишт), худуди онҳо дар заминаи рангҳои ишорашуда бо нуқтагузорӣ ва дигар аломатҳо ҷудо карда мешаванд. Он объектҳое, ки дар маҳал ба масофаи зиёд тӯл кашидаанд (хиёбонхо, роҳҳо) ва ё ҷорӣ мешаванд (дарёчаҳо, ҷӯйҳо, наҳрҳои сунъӣ), дар нақша бо хатча ишора карда мешаванд. Аз сабаби он ки дарёчаҳо, роҳҳо, кӯчаҳоро мувофиқи миқёс ба нақшаи маҳал чойгир менамоянд, дарозии онҳоро аз рӯи миқёс ҳисоб намуда, муайян кардан мумкин аст. Дар нақшаҳои калонмиқёси маҳал махалҳои ахолинишин муфассалтар инъикос карда мешаванд. Аз рӯи чунин нақшахо дидан мумкин аст, ки дар кадом қисмати маҳал боғу гулгаштҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, беморхонаҳо, фабрикаву заводҳо ва ғайра ҷойгир шудаанд. Ҳамин тавр дар нақшаи маҳал мувофиқи илми нақшабардорй бо аломатҳои шартӣ ҷойгир намудани объектхо ба мо имконият медихад, ки нақшаро ба осонӣ хонда, онро истифода барем.

САВОЛ:

  1. Нақшаи маҳал чист? Он барои чй лозим аст?
  2. Нақшаи маҳал аз расм ва сурати маҳал чӣ фарқ дорад?
  3. Аз рӯи накшаи саҳифаи 5-и атлас таҳлил намоед, ки объектҳои дар маҳал ҷойгирифта дар нақша бо кадом аломатҳо, чӣ гуна ишора карда шудаанд?
  4. Барои он ки нақшаи маҳал ба осонӣ хонда шавад, аломатҳои шартиро чй тавр интихоб ва ифода мекунанд?
  5. Дар нақша ба воситаи чи дарозии куча, роҳ, дарёча ва наҳри сунъиро муайян кардан мумкин аст?
  6. Омӯзиши нақша ва харита дар таълими география чй аҳамият дорад?
  7. Мафҳуми нақша, намудҳои тасвири махдро Дар нақша баён намоед.
  8. Аломатҳои шартй ва моҳияти онҳоро шарҳ диҳед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …