Главная / Илм / НАКША ВА ХАРИТА

НАКША ВА ХАРИТА

Ахамиятн омузиши накша ва харита. Географияро бидуни накша ва харита омухтан душвор аст. Барои он ки география на факат ходисахо ва чисмхои махали ба мо маълумро меомузад ва тадкик менамояд, вай инчунин ходиса ва чисмхои табиати тамоми сатхи Заминро меомузад ва тадкик менамояд, ки аз назари мо нихоят дуранд. Аз хамин сабаб хангоми омухтани онхо мо ба харита бисёр мурочиат менамоем.

Харитаи чахон

Мо аз харита дар кадом кисми сатхи Зами» ба вучуд омадани ходисахо (оташфишонии вулконхо, заминчунби, туфон, мадду чазр, гуногунии дарачаи харорат, микдори боришот ва гайра), чойгиршави ва хусусияти объектхо (куххо, хамворихо, дарёхо, бахрхо, гуногунии хок, наботот, хайвонот ва гайра)-ро меомузем. Дар ин маврид харитаро на факат чун воситаи аёни, балки хамчун манбаи дониш низ истифода мебарем. Аз ин бисёр маълумотхоеро азхуд менамоем, ки дар матни китоби дарси мавчуд нестанд. Бинобар ин, пеш аз он ки мо харита ва накшаро дар чараёни дарс, нчрои вазнфаи хонаги истифода барем, бояд донем, ки онхо чигунаанд ва сатхи Замин дар онхо чи тавр акс ёфтааст. Донистани ин масоил барои хубтар фахмиданн накшаю харита ва бештар азхуд намудани дониши географи мадад мерасонад.

Тасвири махал дар накша ва намудхои он. Ба накша гирифтани махал аз даврахои кадим ба одамон маълум буд. Он аз манзараи махале, ки мо бевосита ва дар сурату аксхо мебинем, ба кулли фарк мекунад. Чизхои наздик калон ва он чизхое, ки дар масофаи дур вокеъ гардидаанд, хурд акс меёбанд. Чизхои калон хурдро панах менамоянд. Ба чашм ва расму сурат андоза ва шакли махалро муайян кардан душвор аст. Гайр аз ин, манзараи махал дар расм ва сурат аз боло не, балки аз пахлу тасвир карда мешавад. Дар накша ва суратхое, ки аз чархболу радифхои маснуии Замин аксбардори шудаанд, ин тавр нест. Дар онхо, чи тавре ки мсгуянд, махал ”аз баландии парвозн паранда”. яъне аз боло аксбардори карда шудааст. Ин ба мо имконият медихад, ки на факат гуногунии табиати махалро пурра тасвир намоем, балки хусусият. андоза ва чойгиршавии объектхои табиатро хуб ва аник муайян кунем.

Ба ии аломатхои монанди нигох накарда, суратхои аз чархбол ва аз кайхон гирифта аз накшаи махал фарк мекунанд. Дар ин суратхо объектхое, ки дар махал мавчуданд (замини кишт, богхо, дехахо, дарё ва кулхо…), чи тавре ки дида мешаванд, хамон тавр акс меёбанд. Бар хилофи суратхо хамаи объектхои махал дар накша ба воситаи аломатхои шарти тасвир карда мешаванд. Гайр аз ин, дар сурати аз чархбол ва аз кайхон гирифташуда на хама объектхои махал пурра ва равшан акс меёбанд. Дар накша бошад, хамаи объектхои махал бе ягон нокиси аксбардори карда мешаванд. Инро хангоми мукоисаи накшаи махал ва сурати он ба осони фахмидан мумкин аст (ба намунаи 1 нигаред).

Тамоми чихатхои хоси накшаро ба хисоб гирифта, онро чунин таъриф медиханд: кисми сатхи Заминро, ки аз боло бо микёси муайян дар руи когаз ба шакли хурд тасвир карда шудааст, накшаи нахал меноманд. Накша ахамияти амалй лорад. Пеш аз он ки дар ин ё он мавзеъ рох, нахри сунъи, обанбор, иншооти барки, корхона ва гайра сохта шавад, мавчуд будани накшаи махал зарур аст. Бидуни чунин накша сохтани хама гуна иншоот натичаи дилхох намедихад, чунки бе донистани хусусияти чинсхои кухи, Таркиб ва хобиши кабатхо, соддагй ва мураккабии релеф ва гайра сохтани иншоотхои калон ба хар гуна окибатхои нохуш оварда мерасонад.

Аломатхои шарти. Тавре ки аз таърифи накша маълум аст, он шакли хурд тасвиршудаи ин ё он кисми сатхи Замин мебошад. Бинобар ин хамаи он объектхосро, ки дар махал мавчуданд, дар накша бо аломатхои шарти чойгир кардан иихоят душвор аст. Аз хамин сабаб барои дар накша чойгир кардани онхо илми накшабардорй (топография) ба хар як объекти дар махал вокеъбуда аломати шартии мувофик муайян кардааст. Аксари онхо бо ранг, шакл, намуди зохири, мавкеъ ва тарзи чойгиршави ба объектхое, ки дар накшаи махал чойгир карда шудаанд, шабохат доранд. Аз чумла кулу дарёро бо ранги кабуд, регзорро бо ранги чигарй, чангалзорро бо ранги сабз, маргзорро бо хатчахои чуфти решамонанд, дарахтони меваро бо доирачахои хурди рост сафкашида. замини киштро бо ранги сафсд ишора менамоянд.

Объектхое, ки дар махал масохати калонро ишгол мекунанд (чангалзор, маргзор, регзор. ботлок, замини кишт), худуди онхо дар заминаи рангхои ишорашуда бо нуктагузори ва дигар аломатхо чудо карда мешаванд. Он объектхое, ки дар махал ба масофаи зиёд тул кашидаанд (хиёбонхо, роххо) ва ё чори мешаванд (дарёчахо, чуйхо, нахрхои сунъи), дар накша бо хатча ишора карда мешаванд. Аз сабаби он ки дарёчахо, роххо, кучахоро мувофики микёс ба накшаи махал чойгир менамоянд, дарозии онхоро аз руи микёс хисоб намуда, муайян кардан мумкин аст. Дар накшахои калонмикёси махал махалхои ахолинишин муфассалтар инъикос карда мешаванд. Аз руи чунин накшахо дидан мумкин аст, ки дар кадом кисмати махал богу гулгаштхо, муассисахои фарханги, беморхонахо, фабрикаву заводхо ва гайра чойгир шудаанд. Хамин тавр дар накшаи махал мувофики илми накшабардорй бо аломатхои шарти чойгир намудани объектхо ба мо имконият медихад, ки накшаро ба осони хонда, онро истифода барем.

САВОЛ:

  1. Накшаи махал чист? Он барои чй лозим аст?
  2. Накшаи махал аз расм ва сурати махал чи фарк дорад?
  3. Аз руи накшаи сахифаи 5-и атлас тахлил намоед, ки объектхои дар махал чойгирифта дар накша бо кадом аломатхо, чи гуна ишора карда шудаанд?
  4. Барои он ки накшаи махал ба осони хонда шавад, аломатхои шартиро чй тавр интихоб ва ифода мекунанд?
  5. Дар накша ба воситаи чи дарозии куча, рох, дарёча ва нахри сунъиро муайян кардан мумкин аст?
  6. Омузиши накша ва харита дар таълими география чй ахамият дорад?
  7. Мафхуми накша, намудхои тасвири махдро Дар накша баён намоед.
  8. Аломатхои шартй ва мохияти онхоро шарх дихед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …