Главная / Гуногун / Мубориза барои мустаҳкам кардани аморат

Мубориза барои мустаҳкам кардани аморат

Пас аз вафоти Дониёл атолиқ валиаҳди ӯ Шоҳмурод соли 1785 ба тахти Бухоро нишаст. Дар ин сол косаи сабри аҳолии Бухоро лабрез шуда шӯриш бардоштанд. Дар рафти шӯриш беш аз ҳазор нафар кушта шуд. Муборизаи халқ ниҳоят вусъат дошт. Шоҳмурод маҷбур шуд савганд хурад, ки аҳолии Бухороро аз ҷабру зулм ва хироҷу андозҳои аз ҳад зиёд озод хоҳад кард. Фармони ӯро ба руи санг сабт намуда, дар пештоқи масҷиди ҷомеаи Бухоро гузоштанд.

Аҳди салтанати Шоҳмурод (1785-1800) дар таърихи сулолаи Манғития давраи нисбатан устувор гардидани аморат ба шумор меравад. Ӯ аз унвони хонӣ даст кашида, худро амир эълон намуд. Ин чунин маъно дошт, ки вай ҳокими танхо як пораи давлати мусулмонӣ, яъне танҳо хонигарии Бухоро мебошад. Аз ин давра cap карда, хонигарии Бухоро ба худ номи «Аморати Бухоро»-ро гирифт.

Шоҳмурод ба мақсади бартараф намудани норозигии умумӣ баъзе ислоҳот ҷорӣ намуд. Вай фақат чунин андозҳои шаръӣ – монанди хироҷ ва закотро боқӣ гузошта, дигар ҳамаи молиёт, боҷ ва ҷаримаҳоро барҳам дод. Лекин ба ивази ин ҷизя – андози аз қавмҳои ғайримусулмон ситонидашавандаро хеле зиёд кард. Ба аскарон моҳона муқаррар намуд. Бисёр заминҳои вақфро, ки хонҳои собиқ мусодира карда буданд, дубора барқарор кард. Ӯ ислоҳоти пул гузаронд, ки ба ривоҷу равнақи тиҷорат мусоидат намуд.

800px-vorota_arka

Шоҳмурод бо мақсади афзудани иқтидори ҳокимияти марказӣ ҳокими вилоятҳоро аз кор сабукдуш карда, ҳокимони нав таъин намуд. Муқобилияти феодалони ҷудогона дарҳам шикаста шуд. Ҳатто саркаштарини онҳо низ сари итоат хам карданд. Яке аз онҳо ҳокими Шаҳрисабз Ниёзалӣ буд.

Амири Бухоро ба ҳар шаҳру деҳа қозӣ таъин карданро ҷорӣ намуд. Умури маҳкамаро низ як дараҷа ба тартиб овард. Шоҳмурод рисолае роҷеъ ба ҳуқуқ таълиф намуд, ки барои қозиҳо ҳамчун дастур хизмат мекард. Дар он замон қонуне ҷорӣ гардид, ки мувофиқи он агар касе нисбат ба моликият ҷинояте содир кунад, сарфи назар аз мартабаҳои ҷамъиятии ӯ, ба сахттарин ҷазо гирифтор мешуд. Чунин тадбир як андоза пеши роҳи ғорату тороҷҳои аз ҳад зиёдро гирифта, ба манфиати табақаҳои осоишталаби аҳолӣ буд. Ҳама медонистанд, ки барои роҳзанй, дуздӣ дасти ростро мебуриданд ва ғайpa. Шоҳмурод барои муҳофизати расму ойин мансаби раисиро ҷорӣ сохт, ки ӯ мебоист иҷрои тамоми фармудаҳои шариатро назорат кунад.

Мустаҳкам шудани ҳокимияти марказӣ боиси таъмини амнияти роҳҳо гардид ва ин дар баробари ислоҳоти пул, барои равнақи тиҷорат заминаи мусоид фароҳам овард. Кишоварзӣ дубора ру ба инкишоф овард. Наҳрҳои нави обёрӣ канда шуданд. Дар натиҷаи пешрафти корҳои обёрӣ ба зиндагонии муқимӣ гузаштани тоифаҳои бодиянишин дар заминҳои навобод қувват гирифт. Дар бобати афзудани нуфузи ноҳияҳои камодам чораҳо дида шуданд. Яке аз ин чораҳо аз як ноҳия ба ноҳияи дигар кучонидани аҳолӣ буд. Аксар вақт ин тадбир бар хилофи хохиши одамон сурат мегирифт.

Баъд аз каме беҳтар гаштани вазъияти дохилии аморат Шоҳмурод ҷангҳои ғоратгаронаро cap кард. Ӯ чанд мартаба ба Хуросон лашкар кашид ва бисёр маҳалҳои онро тороҷ намуд. Дар ин лашкаркашиҳо ҳар як каси қобили меҳнатро аз аҳолии Хуросон асир карда, ба Бухоро оварданд. Ба ин восита бозори ғуломфурушии Бухоро хеле авҷ гирифт.

Дар охирҳои асри XVIII Шоҳмурод дубора Марвро ишғол кард. Пас аз чанде вай ба муқобили бародари худ Умарбӣ, ки дар Мавр ҳукм ронда, барои ҷудо шудан аз Бухоро кушиш мекард, мубориза бурда, сарбанди дарёи Мурғобро ба куллӣ вайрон намуд ва сокинони ин водиро бе об мононд. Шоҳмурод қисмати зиёди аҳолии ин воҳаро ба Самарқанду Бухоро кучонда дар таъмири харобаҳое, ки аз ҷангҳои собиқ ба амал омада буданд, истифода бурд. Воҳаи Марв тамоман ба харобазор табдил ёфт. Ӯ мекушид, ки мулкҳои саркаши Ҳисор ва Ӯротеппаро ба худ тобеъ кунонад, вале ба мақсад нарасид. Дар мавридҳои лашкаркашӣ аҳолии қобили меҳнати атрофи Хуҷанд, Ӯротеппа, Зомин ва Ёмро зуран ба Самарқанд бурда, дар сохтмони биноҳо ва иншооти обёрӣ истифода бурд. Маҳз бо қувваи ин одамон дар Самарқанд 24 масҷид ва дигар иморатҳои гуногун сохта шуданд.

Ҷанги Шоҳмурод бо подшоҳи Афғонистон, ки иттифоқчии ҳокими Ӯротеппа Худоёрбӣ девонбегӣ буд, бо нокомӣ анҷомид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …