Главная / Ҷамъият / ҚАРОР ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ ВА ХУШЗОТКУНИИ ЧОРВО

ҚАРОР ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ ВА ХУШЗОТКУНИИ ЧОРВО

ҚАРОР ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ ВА ХУШЗОТКУНИИ ЧОРВО  ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии ТДобавить новуюоҷикистон “Дар бораи зотпарварӣ” ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи зотпарварию хушзоткунӣ, афзун гардонидани саршумор ва маҳсулнокии чорвои зотӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ҷалби маблағҳои хоҷагиҳои фермерӣ, грантҳои ташкилотҳои ватанию хориҷӣ ва қарзҳои бонкӣ амалӣ карда шавад.
  3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2016-2020 бо мақсади иҷрои Барномаи зикргардида ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо татбиқи самараноки Барномаи мазкурро таъмин намуда, ҳар сол то 1 феврал аз ҷараёни иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2015, № 792

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …