Главная / Гуногун / Мубориза барои мустахкам кардани аморат

Мубориза барои мустахкам кардани аморат

Пас аз вафоти Дониёл атолик валиахди у Шохмурод соли 1785 ба тахти Бухоро нишаст. Дар ин сол косаи сабри ахолии Бухоро лабрез шуда шуриш бардоштанд. Дар рафти шуриш беш аз хазор нафар кушта шуд. Муборизаи халк нихоят вусъат дошт. Шохмурод мачбур шуд савганд хурад, ки ахолии Бухороро аз чабру зулм ва хирочу андозхои аз хад зиёд озод хохад кард. Фармони уро ба руи санг сабт намуда, дар пештоки масчиди чомеаи Бухоро гузоштанд.

Ахди салтанати Шохмурод (1785-1800) дар таърихи сулолаи Мангития давраи нисбатан устувор гардидани аморат ба шумор меравад. У аз унвони хони даст кашида, худро амир эълон намуд. Ин чунин маъно дошт, ки вай хокими танхо як пораи давлати мусулмони, яъне танхо хонигарии Бухоро мебошад. Аз ин давра cap карда, хонигарии Бухоро ба худ номи «Аморати Бухоро»-ро гирифт.

Шохмурод ба максади бартараф намудани норозигии умуми баъзе ислохот чори намуд. Вай факат чунин андозхои шаръи – монанди хироч ва закотро боки гузошта, дигар хамаи молиёт, боч ва чаримахоро бархам дод. Лекин ба ивази ин чизя – андози аз кавмхои гайримусулмон ситонидашавандаро хеле зиёд кард. Ба аскарон мохона мукаррар намуд. Бисёр заминхои вакфро, ки хонхои собик мусодира карда буданд, дубора баркарор кард. У ислохоти пул гузаронд, ки ба ривочу равнаки тичорат мусоидат намуд.

800px-vorota_arka

Шохмурод бо максади афзудани иктидори хокимияти маркази хокими вилоятхоро аз кор сабукдуш карда, хокимони нав таъин намуд. Мукобилияти феодалони чудогона дархам шикаста шуд. Хатто саркаштарини онхо низ сари итоат хам карданд. Яке аз онхо хокими Шахрисабз Ниёзали буд.

Амири Бухоро ба хар шахру деха кози таъин карданро чори намуд. Умури махкамаро низ як дарача ба тартиб овард. Шохмурод рисолае рочеъ ба хукук таълиф намуд, ки барои козихо хамчун дастур хизмат мекард. Дар он замон конуне чори гардид, ки мувофики он агар касе нисбат ба моликият чинояте содир кунад, сарфи назар аз мартабахои чамъиятии у, ба сахттарин чазо гирифтор мешуд. Чунин тадбир як андоза пеши рохи горату торочхои аз хад зиёдро гирифта, ба манфиати табакахои осоишталаби ахоли буд. Хама медонистанд, ки барои рохзанй, дузди дасти ростро мебуриданд ва гайpa. Шохмурод барои мухофизати расму ойин мансаби раисиро чори сохт, ки у мебоист ичрои тамоми фармудахои шариатро назорат кунад.

Мустахкам шудани хокимияти маркази боиси таъмини амнияти роххо гардид ва ин дар баробари ислохоти пул, барои равнаки тичорат заминаи мусоид фарохам овард. Кишоварзи дубора ру ба инкишоф овард. Нахрхои нави обёри канда шуданд. Дар натичаи пешрафти корхои обёри ба зиндагонии мукими гузаштани тоифахои бодиянишин дар заминхои навобод кувват гирифт. Дар бобати афзудани нуфузи нохияхои камодам чорахо дида шуданд. Яке аз ин чорахо аз як нохия ба нохияи дигар кучонидани ахоли буд. Аксар вакт ин тадбир бар хилофи хохиши одамон сурат мегирифт.

Баъд аз каме бехтар гаштани вазъияти дохилии аморат Шохмурод чангхои горатгаронаро cap кард. У чанд мартаба ба Хуросон лашкар кашид ва бисёр махалхои онро тороч намуд. Дар ин лашкаркашихо хар як каси кобили мехнатро аз ахолии Хуросон асир карда, ба Бухоро оварданд. Ба ин восита бозори гуломфурушии Бухоро хеле авч гирифт.

Дар охирхои асри XVIII Шохмурод дубора Марвро ишгол кард. Пас аз чанде вай ба мукобили бародари худ Умарби, ки дар Мавр хукм ронда, барои чудо шудан аз Бухоро кушиш мекард, мубориза бурда, сарбанди дарёи Мургобро ба кулли вайрон намуд ва сокинони ин водиро бе об мононд. Шохмурод кисмати зиёди ахолии ин вохаро ба Самарканду Бухоро кучонда дар таъмири харобахое, ки аз чангхои собик ба амал омада буданд, истифода бурд. Вохаи Марв тамоман ба харобазор табдил ёфт. У мекушид, ки мулкхои саркаши Хисор ва Уротеппаро ба худ тобеъ кунонад, вале ба максад нарасид. Дар мавридхои лашкаркаши ахолии кобили мехнати атрофи Хучанд, Уротеппа, Зомин ва Ёмро зуран ба Самарканд бурда, дар сохтмони бинохо ва иншооти обёри истифода бурд. Махз бо кувваи ин одамон дар Самарканд 24 масчид ва дигар иморатхои гуногун сохта шуданд.

Чанги Шохмурод бо подшохи Афгонистон, ки иттифокчии хокими Уротеппа Худоёрби девонбеги буд, бо нокоми анчомид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …