Главная / Ҷамъият / Таркиби ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ

Таркиби ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ

Моддаи 44-и  Қарори шаҳрсозӣ. Таркиби ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ

  1. Ба ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ дохил мешаванд:
    1) Ҳуҷҷатҳо дар бораи банақшагирии рушди тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла:
    – тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    – тарҳи банақшагирии рушди қисмҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳудуди ду ва ё зиёда минтақаҳо ва дигар ҳудудҳоро дар бар мегирад (минбаъд – тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирии шаҳрсозӣ);
    – тарҳи банақшагирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    – тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    2) Ҳуҷҷатҳо дар бораи банақшагирии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо:
    – тарҳи банақшагирии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо;
    – лоиҳаи банақшагирии ноҳия (гурӯҳи ноҳияҳо).
    3) Ҳуҷҷатҳо дар бораи рушди ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин:
    – нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин;
    – лоиҳаи хатҳои сарҳади шаҳрӣ ва шаҳрак;
    – тарҳи соҳавии рушди ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин.
    4) Ҳуҷҷатҳо дар бораи иморатсозӣ дар ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин:
    – нақшаи муфассали тарҳрезии шаҳрсозӣ;
    – лоиҳаи иморатсозӣ;
    – ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони иншоот.
    2. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дигар намудҳои ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ муқаррар карда шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …