Моддаи 44-и Карори шахрсози. Таркиби хуччатхои шахрсози
- Ба хуччатхои шахрсози дохил мешаванд:
1) Хуччатхо дар бораи банакшагирии рушди тамоми худуди Чумхурии Точикистон, аз чумла:
– тархи генералии чойгиркунони дар худуди Чумхурии Точикистон;
– тархи банакшагирии рушди кисмхои худуди Чумхурии Точикистон, ки худуди ду ва ё зиёда минтакахо ва дигар худудхоро дар бар мегирад (минбаъд – тархи муттахидгардонидаи банакшагирии шахрсози);
– тархи банакшагирии худуди Чумхурии Точикистон;
– тархи сохавии рушди худуди Чумхурии Точикистон.
2) Хуччатхо дар бораи банакшагирии худуди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхо:
– тархи банакшагирии худуди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхо;
– лоихаи банакшагирии нохия (гурухи нохияхо).
3) Хуччатхо дар бораи рушди худуди махалхои ахолинишин:
– накшахои генералии махалхои ахолинишин;
– лоихаи хатхои сархади шахри ва шахрак;
– тархи сохавии рушди худуди махалхои ахолинишин.
4) Хуччатхо дар бораи иморатсози дар худудхои махалхои ахолинишин:
– накшаи муфассали тархрезии шахрсози;
– лоихаи иморатсози;
– хуччатхои лоихави барои сохтмони иншоот.
2. Мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд дигар намудхои хуччатхои шахрсози мукаррар карда шаванд.