Давомнокии вақти корӣ ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсолаи пардохтшавандаи кормандоне, ки ба корҳои вазнин машғуланд
Meg S
03.04.2018
Ҷамъият
58 Показы
Моддаи 236-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии вақти корӣ ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсолаи пардохтшавандаи кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд

- Барои кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд, давомнокии вақти корӣ на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта муқаррар карда мешавад.
- Рўйхати истеҳсолот, сехҳо, касбҳо ва вазифаҳо (мансабҳо), номгўйи корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок, ки кор дар онҳо барои давомнокии кўтоҳи вақти корӣ ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсолаи пардохтшаванда ҳуқуқ медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Кодекси Мехнат 2018-04-03