Моддаи 236-и Кодекси Мехнат. Давомнокии вакти кори ва рухсатии мехнатии иловагии харсолаи пардохтшавандаи кормандоне, ки ба корхои вазнин, зеризамини ва шароити мехнаташон зарарнок машгуланд
- Барои кормандоне, ки ба корхои вазнин, зеризамини ва шароити мехнаташон зарарнок машгуланд, давомнокии вакти кори на зиёда аз 35 соат дар як хафта мукаррар карда мешавад.
- Руйхати истехсолот, сеххо, касбхо ва вазифахо (мансабхо), номгуйи корхои вазнин, зеризамини ва шароити мехнаташон зарарнок, ки кор дар онхо барои давомнокии кутохи вакти кори ва рухсатии мехнатии иловагии харсолаи пардохтшаванда хукук медихад, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.