Главная / Илм / МАНҚАГӣ

МАНҚАГӣ

mankagiМАНҚАГӣ (Rhinolalia), фунгӣ, якбора суст шудани садонокӣ ва тағйири лаҳни овоз, ки бо ихтилоли овозҳои нутқ ҷӯр мегардад; бинобар дар раванди ҳосил гаштани овоз ва артикулятсия ширкат наварзидани ҷавфи бинӣ ба амал меояд.
М. дар аснои иллати бинӣ ва пешгоҳи ком пайдо шуда, бо халал ёфтани нафаскашии бинӣ ҳангоми ангурак, каҷии миёндевори бинӣ, калон шудани садафаи бинӣ ва ғ. рӯй медиҳад. Дар ин ҳол овоз гирифта, ҳамсадоҳои «м» ва «н» чун «б» ва «д» талаффуз мешаванд (М.-и пӯшида). Ихтилоли фаъолияти коми нарм дар натиҷаи фалаҷ, модарзод руст нашудан ва захмин гаштани коми сахту нарм, инчунин аз гулӯзиндонак осеб ёфтани пешгоҳи ком мумкин аст сабаби М. гарданд. Дар ин сурат пешпардаи ком ҳангоми талаффузи як қатор садоҳо ба девораи ақиби ҳалқ васл намешавад ва ҳалқро аз пешгоҳи ком ҷудо намекунад. Аз ин рӯ, ҳаво ҳам аз бинӣ ва ҳам аз даҳон мегузарад (М.-и кушода). Чунин М. возеҳ буда, нутқ норавшан аст.
Ҳангоми сари вақт ба духтур муроҷиат кардан, М.-ро бартараф намудан мумкин аст. Дар сурати ба М. гирифтор шудани кӯдак гузаронидани машқҳои логопедӣ кофист. Дар аснои як қатор бемориҳо, мас., ангураки бинӣ, каҷ гаштани миёндевори бинӣ, аденоидҳо ҷароҳӣ ногузир аст. Роғкомиро ба тавассути ҷарроҳии тармимӣ ислоҳ мекунанд.
анд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …