Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст, ки дар асоси саргузашту хотираҳо ва мушоҳидаву дидгоҳи муаллиф навишта шуда, хонандаро бо урфу одати мардуми тоҷик ва ҳодисаҳои аз сар гузарондаи ин миллати куҳанбунёду осебдида, шинос мекунад.
Китоб ба оммаи васеъи хонандагон пешниҳод мешавад.
Муаллиф: Абдухалил Холиқзода, 2018.
Моҷарои рафтаро хоҳам, ки аз ман бишнавӣ,
Гарчи донам ҳаст пешат ҳар ниҳоне ошкор.
ПЕШГУФТОР
Насли маро «насли сардаргум» номидан мумкин аст. Замони ба камол расидани насли ман ба фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ рост омад. Ин «катаклисм» тамоми нақшаву орзуҳои моро, ки давраи донишҷӯиро аз сар мегузарондем, «нақше бар об» кард. Маблағгузорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қатъ шуд, корхонаву муассисаҳо аз кор монданд, оян- даи мо дигар рӯшан набуд, мо – ҷавонони омодаи корзори зиндагӣ дар айни ҷӯшу хурӯш ба бунбаст расидем.
Илова бар ин дар кишвари тозаистиқлоли ман – Тоҷикистон, бадбахтии азим – ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, ки ҳаёти амну осо- ишта ва имкони зиндагии шоистаро комилан аз байн бурд. Маҳз дар ҳамин ҳангом ман аз таҷрибаомӯзӣ аз Ҳинд баргашта, дар соли охири донишгоҳ дар факултаи шарқшиносӣ мехондам ва чун баъд аз хатми донишгоҳ дар шаҳри Душанбе ба кор машғул шудам, шоҳиди бевоситаи бисёр воқеаҳо гаштам.
Гарчанде таҳсилотам дар соҳаи улуми инсонӣ бошад ҳам, ман маҷбур шудам барои таъмини маишати хонадон паи тиҷо- рат биравам, чун як соли дар Ҳинд буданам чашми маро дар риштаи тиҷорат каме боз карда буд. Вале, мутаассифона, баъ- дан муваффақиятҳои ночизи ман дар тиҷорат сабаби ҳамлаҳо ба аъзои хонадонам шуд. Дар асари ин хатару таҳдидҳо ман маҷбур шудам, ки фарзандону бародаронамро ба хориҷи киш- вар бикӯчонам. Аз ҳамин рӯ, насли баъдии хонадони мо дур аз Ватан бузург шуд ва табиист, ки донишаш дар бораи аслу насаб ва урфу расми мардуми Ватану диёраш комил нест. Мусаллам аст, ки теъдоди чунин ҷавонон, ки мисли насли нави оилаи мо, бо сабаби ҳарҷу марҷи рухдода аз Ватан берун шуданд, хеле зиёд аст. Яке аз рисолатҳои ин китоб, каме ҳам бошад, шинос намудани ҳамин насл ва ояндагони онҳо бо гузашта, фарҳанг ва аслу насаби худашон аст.
Ман дар фаъолияти соҳибкорӣ бо хориҷиён зиёд ҳамкорӣ кардаам. Шояд аз сабаби баста будани фазои Шӯравӣ, хориҷиён дар бораи Иттиҳоди шӯравӣ ва Тоҷикистони биҳиштосои ман қариб ҳеч чиз намедонистанд ё огоҳии дуруст надоштанд. Са- волҳояшон дар бораи низоми Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аҷибу ғариб метофт. Аввалин саволе, ки дар бораи Иттиҳоди шӯравӣ медоданд, тақрибан, якто буд: «Шӯравӣ хуб буд, ё бад?». Ин савол ба он монанд аст, ки дунёро фақат ба ду ранг бибинӣ – сафед ва сиёҳ. Магар мешавад кишвареро бо он азамат ва низомеро бо он ҳама дастовард бо як вожаи хуб ё бад баҳо дод?
Ё, масалан дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ саволи асосиашон ин буд, ки мо бо кӣ ҷангидем? Гумон мекарданд, ки гурӯҳҳои исломие аз хориҷ ба кишвар ворид шуда бошанд ва ғайра.
Табиист, хотираҳои нафаре, ки дар Иттиҳоди шӯравӣ ба камол расида, дар тӯли зиёда аз сӣ соли охир пайваста дар Душанбе зиста, шоҳиди таҳаввулоту кашмакашҳои замони пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлол ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон будааст, метавонад ба қисме аз ин саволҳо ҷавоб бигӯяд ва инчунин, шоҳидии муаллиф дар рӯйдоди воқеаҳо барои қишри васеътари ҷомеа ҷолиб бошад.
Ин навишта бештар хосияти тарҷимаиҳолӣ дошта, аз мушо- ҳида ва хотираҳои муаллиф иборат аст ва қазоват дар бораи ҳодисаву воқеаҳо бештар ба ӯҳдаи хонанда гузошта шудааст. Агар ҷое ҳам муаллиф ҷасорат ба қазоват карда бошад, кӯшиш кардааст инсофро риоят намояд. Саъй кардааст, ки дар баёни воқеаву ҳодисаҳо дақиқ бошад, хосса ҳамаи онҳое, ки дар бо- раашон ҳикоят кардааст, шахсони воқеӣ ва ба қавли Байҳақӣ, аксаран барҳаётанд, ки шоҳиди риояи инсофу ҳақ аз сӯи муал- лифанд ва агар боз ҳам, аз фаромӯшхотирӣ, ҷое саҳве гузашта бошад, умедворам хонандагон ба инҷониб гӯшзад бикунанд, то дар нашрҳои оянда ислоҳ бишавад.
Ростӣ, агар муаллиф дӯсти азизеро ба номи Ҳасани Қарибӣ вонамехӯрд, шояд ҳанӯз ҳам дар таълифи ин китоб коҳилӣ мекард. Шоири борикбин ва адиби соҳибтаҷриба, шаҳрванди Эрон, устод Ҳасани Қарибӣ, агар дар аввал ҳамчун шаҳрванди кишвари хориҷӣ ба саволҳои худ ҷавоб меҷуста бошад, дар охир ба кори муаллиф рағбати беандоза пайдо кард ва бо саволҳояш дар пур кардани «шаш гӯшаи зеҳни хонанда» саҳми босазо гу- зошт. Роҳнамоиҳои ӯ дар банду басти китоб низ бениҳоят муфид будаанд. Инчунин, дар марҳалаҳои хастагиву рӯҳафтодагӣ, ки гоҳе бар асари шуғли рӯзмарраӣ, гоҳе бар асари ба ёд овар- дани ҳодисаҳои мудҳиш бар ин ҷониб чира мешуд, дастгиру ташвиқкунандаи банда ба идомаи кор будааст. Муаллиф барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ аз дӯсти азиз Ҳасани Қарибӣ бениҳоят сипосгузор аст.
Инчунин ҳангоми навиштани китоб аз нақду роҳнамоии устодон Абдунабӣ Сатторзода ва Абдулқодири Рустам фаровон истифода шудааст, ки муаллиф ба ин устодони гиромиқадр миннатдории худро дар ҳамин ҷо арз мекунад.
Китоб дар сомонаи: ravshanfikr.tj/kitob-oi-badei.raw?task=download&fid=260
МУНДАРИҶА
Пешгуфтор …………………………………………………………. 3
Панҷрӯд………………………………………………………………… 6
Бобоҷон ……………………………………………………………… 11
Мардикорӣ …………………………………………………………. 15
Шаробхорӣ ………………………………………………………… 17
Бобои Султоналӣ………………………………………………… 18
Оила …………………………………………………………………… 22
Падарам ……………………………………………………………… 27
Шароб ва падарам ……………………………………………… 29
Мактаб ……………………………………………………………….. 30
Сағирапарвар……………………………………………………… 36
Кӯли Калон ………………………………………………………… 38
Ҷамшедбой ………………………………………………………… 41
Бобоашӯр …………………………………………………………… 44
Колхоз…………………………………………………………………. 47
Ҳикояте аз ҷавонӣ ………………………………………………. 52
Абдулаҳад ………………………………………………………….. 55
Фолбин………………………………………………………………… 58
Қиссаи қабул шуданам ба донишгоҳ………………….. 60
Душанбе …………………………………………………………….. 67
Одоби шаҳрнишинӣ…………………………………………… 70
Моҷарои писархола……………………………………………. 73
Маҳалгароӣ ………………………………………………………… 76
Тоҷикистон …………………………………………………………. 80
Хизмати сарбозӣ…………………………………………………. 84
Дар Самарқанд…………………………………………………… 94
Собирниёзова …………………………………………………….. 97
Баҳмани 90………………………………………………………… 100
Сафар ба Ҳинд …………………………………………………… 103
Ҳинд …………………………………………………………………… 105
Мудир, толкучка ва дузд ……………………………………. 107
Чӣ гуна ба тиҷорат рӯй овардам ……………………….. 111
Бозгашт аз Ҳинд………………………………………………… 115
Шӯравӣ ………………………………………………………………. 122
Воқеаҳои соли 91 ……………………………………………….. 129
Пирӯзии Раҳмон Набиев…………………………………… 132
Ду майдон…………………………………………………………. 133
Ҷанги шаҳрвандӣ ……………………………………………… 139
Афкори умумӣ ………………………………………………….. 141
Дахолати Русия ва Ислом Каримов………………….. 147
Иҷлосияи XVI ……………………………………………………. 152
Оромии нисбӣ…………………………………………………… 154
Ҳикмат ………………………………………………………………. 158
Шуха………………………………………………………………….. 159
Бонкдории шӯравӣ …………………………………………… 164
Кулоҳбардорӣ…………………………………………………… 166
Муомилаи аввал ……………………………………………….. 169
Падарам ба Душанбе омаданд …………………………. 174
ОБХСС ………………………………………………………………. 180
«Кори давлат»…………………………………………………… 182
Оча ……………………………………………………………………. 184
Тиҷорати миёнравӣ ва барқ ……………………………… 186
Тиҷорати «тиллои сафед»…………………………………. 192
Исён…………………………………………………………………… 198
Тарзи кори ширкатҳои пахта……………………………. 203
Пора ………………………………………………………………….. 208
Вейкфилд ………………………………………………………….. 213
Латифа………………………………………………………………. 215
Ҷон……………………………………………………………………. 216
Асадулло …………………………………………………………… 220
Ӯзбакистон………………………………………………………… 221
Маҳиннах ………………………………………………………….. 224
Хусусигардонӣ ………………………………………………….. 225
Гаравгонгирӣ…………………………………………………….. 232
Озод шудани Абдулҳаким аз гаравгон……………… 242
Абдуҳалим 252