Главная / Гуногун / БОБОҶОН

БОБОҶОН

Бобои Абдухолиқи ман соли 1888 таваллуд шуда, 88 сол умр дида, соли 1976 вафот кардаанд. Он кас писари Зарифи Панҷрӯдӣ, набераи Бобо Ҳусейн будаанд. Номи падари Бобо Ҳусейн низ Абӯҳусейн будааст ва ба ӯ номи падарашро гузошта будаанд. Номи пушти дигарии мо Абулҳасан будааст. Ҳамин тавр, ман писари Абдулҳамид, набераи Абдухолиқ, абе- раи Бобои Зариф, чабераи Бобо Ҳусейн, кабераи Абӯҳусейн, надидаи Абулҳасани панҷрӯдиям.

boboАз қавли бобоям дар «Донишномаи Рӯдакӣ» ривояте сабт шудааст, ки чил нафарро аз хонадони мо аз авлоди Рӯдакӣ зикр карда, номи чанд нафарро, ки бо номи Устод оғози ҳамгун до- ранд, мисол овардаанд.

Бобои Абдухолиқ шаш писар ва се духтар доштанд. Номи писаронашон Абдулҳомид, Абдулҳамид, Абдунабӣ, Абдулма- лик, Абдулазиз ва Абдулмаиз, номи духтаронашон Матлаб, Рафоат ва Исмоат буд, ки аз ин байн ҳоло танҳо амаки аз ҳама хурдиам Абдулмаиз барҳаётанд. Худо бар умрашон бияфзояд ва рафтагонро раҳмат кунад.

Бибии падарии ман Холбибӣ Муҳаммадюсуф ном доштанд. Соли 1972 дар 65-солагияшон вафот кардаанд. Дар кӯдакияшон падарашон фавтидааст ва модарашон, ки Қумрӣ ном доштааст, шавҳар кардааст. Амакашон мулло Абдурасули Закун, ки дар Бухоро амалдор будааст, бибиямро гирифта, калон кардааст. Номи Мулло Абдурасул дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро»-и Садриддин Айнӣ зикр шудааст. Қиссаи ба номи ӯ часпондани лақаби «Закун» ин аст, ки яке аз наздикони ӯро дар Самарқанд ҳукумати Русияи подшоҳӣ зиндон карда будааст. Мулло Абдурасул вакил гирифта, қонунан бегуноҳии назди- кашро исбот ва ӯро аз ҳабс озод кардааст. «Закун» талаффузи вайроншудаи вожаи «закон»-и русӣ аст, ки маънояш қонун мебошад. Мардуми Бухоро ӯ бо «закун» наздикашро озод кард гуфта, ба ӯ ҳамин лақабро часпонда будаанд.

Соли 1976 вақте ки бобоям даргузаштанд, ман 9-сола будам. Мо ӯро «Бобоҷон» мегуфтем. Бобоҷон қомати баланд ва мавзун, риши кӯтоҳ ва чеҳраи зебои нуронӣ доштанд. Сарулибосашон ба расми мардони дараи Киштӯд, аз куртаву шалвори сафед ва рӯйпӯши яктаҳ дар тобистон ва ҷомаи гарм дар зимистон иборат буд. Ҳамеша калӯшу маҳсии хиром пӯшида, асо бадаст гирифта мегаштанд. Хотираҳои ман аз бобоям бештар лаҳзавист. Лаҳзаҳои ширини субҳонахӯрӣ бо он кас, шӯхиҳоя- шон бо бибиам, аспсавориашон дар хотирам мондааст. Вале аз забони калонсолон дар бораи бобоям баъзе чизҳоро шунидаам, ки онҳоро ҳикоят мекунам.

Дар замони баччагии ман дар Панҷрӯд асп нишонаи доран- дагӣ буд. Бо омадани мошин асп аҳаммияти худро ҳамчун во- ситаи саворӣ аз даст дода бошад ҳам, баъзеҳо асп доштанд. Бо- боҷон ҳамеша асп доштанд ва ин суннат то имрӯз дар хонадони мо нигоҳдорӣ мешавад. Дар дараи Киштӯд аспҳои хонадони мо ҳамеша яке аз беҳтаринҳо буданд. Ман ду аспи Бобоҷонро ёд дорам, ки ҳарду тозӣ ва машҳур буданд. Яке аспи кабуд бо холҳои тангамонанди сафед ва дувумӣ саманди тиллоранг. Инҳо ҳарду аспҳои тозии саркашу чамуш буданд ва дар тави- ла нигаҳдорӣ мешуданд ва ба мо иҷозат намедоданд, ки ҳар вақт хоҳем, онҳоро саворӣ кунем. Аспи кабуд ҳанӯз дар замони зиндагии Бобоҷон мурд, вале аспи саманд баъд аз даргузашти Бобоҷон ҳам, солҳои дароз ҳамчун ёдгорӣ аз ӯ дар хонадони мо монд.

Ман аз баччагӣ ба аспсаворӣ шавқ доштам. Бешак, дар муҳаббати ман ба асп ғайр аз аспдории хонадонамон, достонҳои қаҳрамонии устураҳои миллии мо низ нақш доштааст, чун- ки дар аксари онҳо асп яке аз ёрони бовафои қаҳрамонон ба қалам дода шудааст. Масалан, Рахши Рустам як намоди дӯстии содиқонаи байни аспу соҳибаш буда, хонандаро мафтуни ин ҷонвар мегардонад.

Тобистонҳо аспдорони Киштӯд, аспҳои худро ба чарогоҳ сар медоданд. Ман бо амакбаччаву аммабаччаҳоям, ки низ шавқи аспсаворӣ доштанд, асперо дошта, як ресмончаро ба даҳонаш чун лаҷом андохта, пушти луч савор шуда, табъи дил аспдавонӣ мекардем.

Дар давраҳои гуногун, ҳукумати Шӯравӣ борҳо молу мулки одамонро мусодира кардааст. Дар замони ҷанги солҳои 1941­1945 як аспи Бобоҷони маро низ мусодира кардаанд ва қиссаи ин асп хотирмон буд. Мегуфтанд, ки ин як аспи бадхӯй будааст, ки ба ғайр аз бобоям касеро ба наздаш роҳ намедодааст. Бобоям он аспро хеле дӯст медоштаанд ва хоҳиши писаронашонро, ки онро иваз кунанд, намепазируфтаанд.

Ривоят мекарданд, вақте ки марди русе барои мусодира ва бурдани асп омад, ба андоми асп ларза афтод, аз бадхӯиву аъмоли тарсафкани он чизе намонд. Марди рус аспи саркашро ба мисли як хари ром аз оғил бароварда, лаҷом заду савор шуда рафт. Мавлонои Румӣ фармуда:

Чу дил дилӣ нанамояд, ҷигар чӣ суд кунад…

Бузкашӣ дар замони баччагии ман хеле маъруф буд. Аспдо- рон бо аспҳои худ ҳамеша дар ин маъракаҳо иштирок мекарданд ва аспҳоро ба бузкашҳо, ки онҳоро «човандоз» меноманд, дода, худашон ҳаводорӣ мекарданд. Бузкашӣ як бозии бераҳмона буда, дар он човандозҳо лошаи бузро аз замин бардошта ё аз дасти ҳамдигар дар рафти дави асп кашида гирифта, ба мар- ра расонда, дар ҷои муайяне мепартоянд ва ҷоиза мегиранд. Човандозҳо либоси ғафси махсус мепӯшанд, зеро ин як бозии хатарнок ва осебрасон аст.

Амакам нақл карданд, ки боре бобоям дар як бузкашӣ ба писарашон гуфтаанд, ки аспро бурда ба човандоз диҳад. Пи- сарашон баргашта гуфтааст, ки човандоз дар фалон асп савор буду нахост аспи моро саворӣ кунад. Ин ба иззати нафси бобоям расида, он кас ба синни болояшон нигоҳ накарда, бе либоси махсус ба асп нишаста, ду бор паиҳам барандаи он мусобиқа шудаанд.

Дар солҳои сиюм вазъи хонаводаҳои Панҷрӯд хеле бад бу- дааст. Мардум аз ноилоҷӣ барои ёфтани қути лоямут ба мар- дикорӣ мерафтаанд. Бобоям як рӯз дар роҳи баргаштан ба деҳ амакбаччаашонро вомехӯранд, ки ҳамроҳи чанд нафари дигар аз деҳ баромада мерафтаанд. Вақте аз мақсади онҳо огоҳ меша- ванд, ки ба мардикорӣ равонанд, аз рӯи асп бо як ҳаракати даст писарамакашонро ба пушташон рӯи асп савор карда, «ҳоло ман намурдаам, ки хешбаччаи ман ба мардикорӣ ба дари мардум равад», гуфта ба хона меоранд ва ба ӯ чандто бузу гӯсфанд дода, ба рама чӯпон мекунанд ва мегӯянд:

– Ин чанд сар мол ҳаққи ту, агар хонаат танг аст, ними хо- наамро медиҳам, рӯзгоратро ҳамин ҷо обод кун, дари хонаи мардум мардикорӣ нарав!

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …