Таҷҳизот: дег, сатилча, чавлӣ, кафгир, корди ошхона.
Миқдори масолеҳ: 1 кг – картошка, 300 г – равған намак ба табъи худ.
Рафти иҷрои кор
Картошкабирён. Картошкаро шуста, тоза карда ҳалқашакл реза карда ё наргисӣ карда, дар чавла гузошта бо оби равони хунук мешӯем.
Картошка дар вақти бирён кардан барои он ки крахмалаш онҳоро бо ҳам начаспонад оби онро равонда, тафдонро гарм карда, равғанро доғ карда, картошкаро то пурра пухтан бирён мекунанд. Картошкабирёро дар вақти пухтан намак кунед хуштаъм мешавад. Ба табақчаҳо андохта барои тамъ ва ороиши он бодиринг, помидор, боз ҳар гуна кабудиро бо оби хунуки равон шуста, бо оби гарм обгардон карда мегузоранд. Ба сифати кори иҷрошуда ва таом баҳо диҳед.
Инро дар хотир доред
Дар вақти шустани зарфҳо ҳеҷ гоҳ хокаҳои ҷомашӯиро истифода набаред. Барои ин кор хокаҳои махсус, маҳлулҳо, содда барои шустани зарфҳо мавҷуданд. Дар вақти шустан обро эҳтиёт кунед.
Барои он ки аз картошка витаминҳо ва моддаҳои шифобахш шуста нашавад, обро зиёд ба дег андохтан лозим нест. Ба оби хунук наандозед ва сахт ҷӯш надиҳед.
Картошкаро дар деги сарпӯшдори пурра пӯшташаванда пазед. Ба пухтани он назорат карда истед то ин ки пухта нагузарад.