Главная / Гуногун / Ҳикояи Уштур ва Харгуш

Ҳикояи Уштур ва Харгуш

Уштуру дарозгўше ҳамроҳ мерафтанд. Ба канори ҷўе бузург расиданд. Аввал уштур даромад. Чун ба миёни ҷўй расид, об то шиками вай баромад. Дарозгўшро овоз дод:

— Дарой, ки об то шикам беш нест.

gyregk

Дарозгўшт гуфт:

— Рост мегўӣ, аммо аз шикам то шикам тафовут аст. Обе, ки ба шиками ту наздик аст, аз пушти ман хоҳад гузашт.

Қ и т ъ а

Ай бародар, аз ту беҳтар ҳеҷ кас нашносадат,
З-он чӣ ҳастӣ як сари мў хешро афзун манеҳ!
Гар фузун аз қадри ту бистоядат нобихраде,
Қадри худ бишносу пой аз ҳадди худ берун манеҳ!

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …