Меше аз ҷўе биҷаст, дунбаи вай боло афтод. Буз бихандид, ки: — А… и туро дидам. Меш рўй бозпас кард, ки: — Ай беинсоф, ман солҳо а… и туро бараҳна дидам ва ҳаргиз нахандидам ва таъни ту написандидам. Ту пас аз умре, ки як бор маро чунин дидайӣ, чӣ …
Муфассал »Ҳикояи Мурча ва Малах
Мўреро диданд ба зўрмандӣ камар баста ва малахеро даҳ баробари худ бардошта. Ба тааҷҷуб гуфтанд: — Ин мўрро бубинед, ки бо ин нотавонӣ бореро ба ин гаронӣ чун мекашад. Мўр чун ин сухан бишунид, бихандид ва гуфт: — Мардон борро ба нерўйи ҳиммат ва бозуи ҳамийят кашанд, на ба қуввати …
Муфассал »Ҳикояи Уштур ва Муш
Уштуре маҳоркашон дар саҳро мечарид. Муше бар вай расид ва вайро бехудованд35 дид, ҳирсаш бар он дошт, ки маҳораш гирифт ва ба хонаи худ равон шуд. Уштур низ аз он ҷо, ки фитрати ў мафтур36бар инқиёд37 аст ва ҷибиллати38 ў маҷбул бар адами39 мухолафату инод, бо ў мувофақат кард. Чун …
Муфассал »Ҳикояти Сурхзанбўр
Сурхзанбўре бар магаси асал зўр овард, то вайро тўъмаи худ созад. Ба зорӣ даромад, ки: — Бо вуҷуди ин ҳама шаҳду асал маро чӣ қадру маҳал, ки онро бигузорӣ ва ба ман рағбат орӣ? Занбўр гуфт: — Агар он шаҳд аст, ту шаҳдро конӣ ва агар он асал аст, ту …
Муфассал »Ҳикояи Кабутар (Афсона)
Кабўтарро гуфтанд: — Чун аст, ки ту ду бача беш барнаёрӣ, чун мурғи хонагӣ бар бештар аз он қудрат надорӣ? Гуфт: — Бачаи кабўтар ғизо аз ҳавсалаи модару падар мехўрад ва чўжаи23 мурғи хонагӣ аз мазбала24 бар ҳар роҳгузар. Аз як ҳавсала ғизои ду бача беш натавон дод ва аз …
Муфассал »Ҳикояи Рўбоҳбача бо Модараш
Рўбоҳбачае бо модари худ гуфт: — Маро ҳилае биёмўз, ки чун бар кашокаши саг дармонам, худро бираҳонам. Гуфт: — Он ҳила фаровон аст, аммо беҳтарини ҳама он аст, ки дар хонаи худ бинишинӣ: на ў туро бинад ва на ту ўро бинӣ. Қ и т ъ а Чу бо ту …
Муфассал »Ҳикояи Саг (Афсона)
Саге аз ҳар тўъма бебаҳра бар дари дарвозаи шаҳр истода буд. Дид, ки қурси ноне гардон-гардон аз шаҳр берун омад ва рўй ба саҳро ниҳод. Саг дар дунболи вай давон шуд ва овоз дод, ки: — Ай қуввати тан ва Ай қути равон 22 ва орзуи дилу ороми ҷон, азимати …
Муфассал »Ҳикояи Шаколе ва хурўс
Шаколе56 хурўсеро дар хоби саҳар бигирифт. Хурўс фарёд бардошт, ки: — Ман мўниси бедоронам ва муаззини шабзиндадорон, аз куштани ман бипарҳез ва хуни маро ба теғи тааддӣ марез! Б а й т Чаро бе мўҷибе бо ман ситезӣ, Ки хоҳӣ бе гунаҳ хунам бирезӣ? Шакол гуфт: — Ман ба куштани …
Муфассал »Ҳикояи Гунҷишк (Афсона)
Гунҷишке хонаи маврусии25 худро бозпардохту дар фурҷаи26 ошёнаи лаклаке хона сохт. Бо вай гуфтанд: — Туро чӣ муносабат, ки бо ҷуссае бад-ин ҳақирӣ бо ҷонваре бад-он бузургӣ ҳамсоя бошӣ ва худро бо вай дар маҳалли иқомат ва манзили истиқомату манзили истиқомат ҳампоя дорӣ? Гуфт: — Ман низ ин қадар донам, …
Муфассал »Ҳикояи Панҷпояк (Афсона)
Панҷпоякро гуфтанд: — Чаро ба шакли каҷпайкарон афтодӣ ва пой дар роҳи каҷравӣ бинҳодӣ? Гуфт: — Аз мор таҷриба доштам, ки ба он ростӣ ва ростравӣ ҳамеша аз санги ҷафо саркўфта аст ё аз захми ситам думбурида. Қ и т ъ а Ҳар ҷо парӣ ба сурати худ гардад ошкор, …
Муфассал »