Главная / Илм / ГуЛИНГ

ГуЛИНГ

susheniy-persikГуЛИНГ, гулунг, зардолукок, зардолуи хушконида. Одатан навъхои сергушту хуштаъми зардолуро мехушконанд (асосан дар офтоб). Баъзан пеш аз хушконидан зардолуро бо гази сулфит буг медиханд ва чунин Г.-ро «туршак» хам мегуянд. Вобаста ба хусусияти навъхои зардолу Г. калондона (навъхои Мирсанчари, Исфарак, Хурмои, Зарафшони, Навои ва г.), миёна (Бобои, Кандак, Хусравони ва г.) ва резадона (Хасак, Харчи) мешавад. Навъхои гуногунро ба хам омехтан мумкин нест. Г.- и офтоби ва бо гази сулфит газдодаро ба навъхои якум ва дуюм чудо мекунанд. Г.- и резадона факат як навъ аст. Диаметри Г.-и калондонаи навъи якум зиёда аз 22 мм, навъи дуюм 18 мм мешавад. Г.-е, ки аз коркарди заводи гузаштааст, навъи аъло (диаметраш то 26 мм) низ дорад. Г. бояд солим ва бечирм, таъм ва буи табии дошта бошад. Г.-и офтоби 16% ва заводи 18% нами дорад. Дар Г.- е, ки онро бо гази сулфит буг додаанд, то 0,01% SO2 хаст. Аз 5 т зардолуи тар 1 т Г. мегиранд.
Г.-ро фаровон истеъмол мекунанд. Дар канноди низ ахамияти калон дорад.
Г. манбаи бехамтои калий, каротин, фосфор, калсий, охан, хамчунин витамини В5 мебошад. Мунтазам истеъмол намудани Г. хавфи пайдоиши бемории саратонро кам мекунад. Г.-и дар об таркарда (100 – 150 г) рудахоро нагз тоза менамояд. Дар таркиби Г. то 53% карбогидратхои зудхазм мавчуданд. Духтурон онро чун пархезона (магний дорад) ба беморони гирифтори галаёни хун тавсия медиханд. Ниг. низ Гулингоб.
Таркиби химиявии гулинг
Навъхо Об Чавхари себ Глюкоза Фруктоза Сахароза Микдори
умумии канд
Мирсанчари 6,8 2,04 9,68 0,78 82,20 92,66
Мирсанчарии сурх 6,80 1,48 7,08 3,48 66,14 75,71
Мирсанчарии сафед 6,69 2,26 7,23 0,80 64,14 72,17
Учма 7,08 – 5,67 3,35 65,10 72,14
Кандаки сурх 7,49 2,23 7,13 4,14 62,73 74
Хурмои 15,76 3,05 29,38 9,08 27,17 65,63
Точибои 11 3,48 20,97 7,11 45,05 73,13

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …