Главная / Маданият ва санъат / Дар баёни рузаи мохи шарифи рамазон

Дар баёни рузаи мохи шарифи рамазон

Дар баёни рузаи мохи шарифи рамазон

Дигар аз фароизи Худованди мутаъол рӯзаи моҳи шарифи рамазон аст. Рӯза боз истодан аст аз хурдан ва нӯшидан ва алоқаи ҷинсӣ кардани зану мард аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб. Расул алайҳи-с-салом фармуданд, чун моҳи рамазон шавад, дарҳои биҳишт кушода шаванд ва дарҳои дӯзах баста шаванд. Ва шайтонҳо ба занҷирхо маҳкам баста шаванд ва дарҳои раҳмати илоҳӣ кушодааст.

Ҳар касе дар ин моҳ рӯзаи рӯзадореро бикшояд, гуноҳони вай омӯрзида шаванд. Ҳақ таъоло ӯро озод гардонад аз оташи дӯзах ва бошад, мар ӯро мисли савоби он рӯзадор. Гарчанде  кӣ ба як нӯшидани об бошад. Ин моҳе аст, ки аввали он раҳмат аст ва мобайни он мағфират аст ва охири он озодӣ аст аз оташи дӯзах. Ва ҳар касе обе диҳад рӯзадореро Ҳақ таъоло сероб гардонад он бандаро аз ҳавзи Кавсар, ки ташна нагардад то он замоне, ки ба биҳишт дарояд. Чун шаби аввали рамазон шавад, дарҳои осмонҳо кушода шаванд, то шаби охири рамазон ва ҳар бандаи мӯъмин, ки дар шабҳои рамазон таровиҳ гузорад, бинависад Худои таъоло ба ҳар саҷда мар он бандаро ҳазору пансад некӯӣ ва бино кунад аз барон вай хонае дар биҳишт аз ёқути сурх. Чун бандаи мӯъмин аввали рӯз аз моҳи рамазон рӯза дорад, гуноҳи ҳамаи умри вай омӯрзида шавад. Чун шаби аввали рамазон шавад, Ҳақ таъоло назари раҳмат кунад ба сӯи бандагони худ ва чун Худованд назари раҳмат кунад ба банда ҳаргиз ӯро азоб накунад ва дар ҳар рӯзе аз рӯзҳои моҳи рамазон. Ҳақ таъоло ҳазор-ҳазор осиро аз оташи дӯзах озод гардонад. Чун шаби бисту нуҳуми рамазон шавад, он миқдор, ки дар ҳама моҳи рамазон омӯрзидааст ва озод кардааст, дар он шаб озод гардонад. Дар рӯзи ид фармон шавад: малоикаҳо гувоҳ бошед, ман, ки худовандам, онҳоро биёмӯрзидам.

Худои таоло дар шабҳои рамазон нидо мекунад, ки ҳеҷ саволкунандае ҳаст, ки ҳоҷати ӯро барорам ва ҳеҷ омурзишхоҳандае ҳаст, то ӯро биёмурзам.

Чанде ки рӯза дар рӯзҳои дарозу гармӣ биёяд, ҳамон қадар савобаш бисёртар мебошад. Бӯи даҳони рӯзадор дар назди Худои таоло ба монанди мушк аст ва малоикаҳо шабу рӯз дар моҳи рамазон аз барои рӯзадорон омурзиш мехоханд. Ҳар кӣ бо омадани моҳи мубораки рамазон хурсанд шавад, ҳаром мегардонад Аллоҳ таоло ҷасади ӯро ба оташи дӯзах.

Ҳазрати пайғамбар гуфтанд: агар уммати ман шарафи моҳи рамазонро медонистанд, орзу мекарданд, ки тамоми сол рамазон бошад, то тоат ва дуои онҳо қабул ва гуноҳҳои онҳо омурзида шаванд. Ошиқи рӯзадорон биҳишт аст.

Ҳурон муноҷот кунанд, ки илоҳи моёнро аз занҳои рӯзадорони уммати Муҳаммад алайҳи-с-салом гардон. Гӯянд, ки ҳар кадоми он хуронро ҳафтод либос бошад, ки ранги ҳар кадоме аз онҳо ба дигаре монанд набошад. Ҳар каломи он ҳуронро тахте бошад, пояи он ёкути сурх ва бофтаанд ӯро аз дурр ва ҳар кадом тахтро ҳафгод палос ва ҳафтод дастархони пур аз таомҳои рангоранг бошад, ҳамаи он насиби рӯзадорони уммати Муҳаммад алайхи-с-салом хоҳанд шуд, иншоаллоҳи таъоло.

Ҳуру-л-ъин туфта духтарони сафедпӯсти чашмкалони анор пистонеро гӯянд, ки Худои таъоло барои ҳар марди биҳиштӣ ҳафтоду ду адад ваъда кардааст, ки сифати онҳо ба таъриф рост намеояд.

Овардаанд, ки Аллоҳ таъоло ақлро офарид ва ба ӯ гуфт. пеш ой.

Ақл пеш омад. Боз гуфт: ақибтар нишин.

Ақл ақиб рафт.

Аллоҳ таоло гуфт: ту кистӣ ва ман кистам?

Ақл гуфт: ту парвардигори ман ҳастӣ ва ман бандаи заифи туам.

Аллоҳ таъоло гуфт: ё ақл, туро дар назди махлуқот азиз гардонидам.

Баъд аз он нафсро офарид ва ба ӯ гуфт: пештар ой.

Нафс ба ҷои худ истод, қабул накард.

Аллоҳ таъоло гуфт: ту кистӣ ва ман кистам?

Нафс гуфт: ту туӣ ва ман манам.

Аллоҳ таъоло сад сол нафсро дар оташи дӯзах азоб кард. Баъд аз он аз дӯзах бароварда пурсид, ки ту кистӣ ва ман кистам?

Нафс гуфт: ту туӣ ва ман манам.

Баъд аз он Аллох таъоло нафсро ба азоби гуруснагй мубтало карда, аз ӯ пурсид, ки ту кистӣ ва ман кистам?

 

Нафс гуфт: ман бандаи туам, ту парвардигори ман ҳастӣ. Ба ҳамин сабаб Аллоҳ таъоло си рӯз рӯзаи моҳи шарифи рамазонро фарз гардонид.

Эй бандаи мӯъмин, ҳурмати ин моҳи мубораки рамазонро некӯ нигоҳ дор, забони худро аз дурӯғу ғайбат ва суханчинӣ нигоҳ дор ва аз ҳасаду адовати бародари мусалмон эҳтироз кун. Доимо дар тарсу тавозӯьу хушӯъ бош, то ки рӯзаи ту қабули даргоҳи илоҳӣ шавад.

Ҳазрати пайғамбар алайҳи-с-салом гуфтаанд, ки шахсе аз уммати ман дар шаби аввали рамазон ба ҷамоат таровеҳ гузорад, мисли рӯзи таваллуд аз гуноҳ пок шавад. Дар шаби дуюм мағфират кунад, Аллоҳ таоло падару модари ӯро, агар мӯъмин бошанд. Дар шаби сеюм фариштае аз таҳти арш мунодӣ кунад, ки Аллоҳ таъоло гуноҳони гузаштаи туро мағфират кард. Дар шаби чаҳорум савоби қироати Тавроту Инҷил ва Забуру Фурқонро дар номаи аъмоли ӯ нависанд. Дар шаби панҷум ато мекунад Аллоҳ таъоло савоби  намозгузорони масҷиду-л-Ҳаром ва масҷиди Мадинаи Мунавара ва масҷиду-л-Ақсоро. Дар шаби шашум савоби . зиёрати байту-л-маъмурро дарёбад ва омурзиши ӯро ҳамаи сангу дарахт мехоҳанд. Дар шаби ҳафтум атои бо Иброҳим алайҳи-с-салом шудагиро ёбад. Дар шаби нуҳум аз савоби ибодати пайғамбарон салаллоҳу алайҳи ва саллам баҳра ёбад. Дар шаби даҳум дунё ва охират дарёбад. Дар шаби ёздаҳум аз дунё бегуноҳ ба хонаи охират равад. Дар шаби дувоздаҳум рӯзи қиёмат рӯи он мисли моҳтоб тобон бошад. Дар шаби сенздаҳум эмин бошад аз сахтии қиёмат. Дар шаби чаҳордаҳум дар вақти ҳисоби қиёмат фариштае омада ба таровиҳ хондани ӯ шоҳид гардад. Дар шаби понздаҳум фариштагони аршу курсӣ бар вай салавот фиристонанд. Дар шаби шонздаҳум бо амри Аллоҳ таъоло халосӣ ва наҷоти ӯро аз дӯзах китобат кунанд. Дар шаби ҳабдаҳум ато кунад Аллоҳ таъоло савоби пайғамбаронро, дар шаби ҳаждаҳум фариштае нидо кунад, ки эй банда, Аллоҳ таъоло аз ту розӣ гардид. Дар шаби нуздаҳум Аллоҳ таъоло дараҷоти ӯро дар биҳишт баланд гардонад, дар шаби бистум савоби шуҳадо дар номаи аъмоли ӯ сабт кунанд. Дар шаби бисту якум Аллох таъоло аз барои он банда қасре дар ҷаннат бино кунад ва дар шаби бисту дуюм эмин гардонад Аллоҳ таъоло ӯро аз ҳар ғаму ваҳм. Дар шаби бисту сеюм бино гардонад Аллоҳ таъоло шаҳреро ба номи ӯ дар биҳишт. Дар шаби бисту чаҳорум бисту чаҳор ҳоҷати ӯро Аллоҳ таъоло раво гардонад. Дар шаби бисту панҷум Аллоҳ таъоло азоби қабр аз он банда бардорад, дар шаби бисту шашум Аллоҳ таъоло ато кунад бо он банда савоби чиҳилсола ибодатро, дар шаби бисту ҳафтум аз сирот чун барқ гузарад. Дар шаби бисту ҳаштум Аллоҳ таъоло дар биҳишт ҳазор дараҷа ӯро ато кунад, дар шаби бисту нуҳум савоби ҳазор ҳаҷ дар номаи аъмоли ӯ нависанд. Дар шаби сиюм Аллоҳ таъоло гӯяд: эй банда, ту ъабди ман ва ман парвардигори ту ҳастам.

Пас, мӯъминонро лозим аст, ки хаққи моҳи рамазонро нигоҳ доранд, зеро ки рӯза дар чашм аст, дар забон аст, дар даст ва пой аст, хулоса ҳамаи аъзоҳои инсон бояд рӯза гиранд. Рӯзаи даҳон он аст, яъне чизҳои харом нахӯрад. Рӯзаи забон он аст, ки ногуфтаниҳоро нагӯяд, хулоса хар як аъзои инсон дар моҳи мутабаррики рамазон дар итоъати Аллоҳ таъоло бошад ва кӯшиш кунад, ки гуноҳе аз он аъзоҳо ба вуҷуд наояд. Дар моҳи рамазон 1 бор хатм кардани Куръони карим суннат аст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …